30 июл Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо вазири хоҷагии қишлоқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Иброҳим Абдураҳмонов, ки бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф овард, мулоқот намуд.
Ҳадаф аз сафари меҳмонон, ки бо роҳбарии вазири хоҷагии қишлоқи кишвари ҳамсоя сурат гирифт, тақвияти ҳамкориҳо ва амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев арзёбӣ карда шуд.
Раиси вилоят зимни мулоқот иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо сиёсати оқилонаи сарони давлатҳо робитаҳои хуби иқтисодӣ ва илмиву фарҳангӣ доранд.
Таъкид гардид, ки дар ҳудуди ҳарду мамлакат бо ҷалби сармояи муштарак даҳҳо адад корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, равобити иқтисодӣ густариш ёфта истодааст. Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон доир ба вазъи соҳаи кишоварзӣ дар вилоят ва зарфияту имкониятҳои мавҷуда маълумот дода, барои тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои боғпарварӣ, кирмакпарварӣ, зотпарварӣ, тухмипарварӣ, ташкили гармхонаҳои инноватсионӣ изҳори омодагӣ намуд.
Қайд карда шуд, ки аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соли гузашта тухмии гандум ва бархе дигар зироатҳо ворид гардида, кишоварзони вилоят аз он ҳосили хуб ба даст оварданд.
Ҷонибҳо инчунин ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаи илмро мувофиқи мақсад дониста, ташкили семинару курсҳои бозомузиро ба манфиати тарафайн арзёбӣ карданд.
Ёдовар мешавем, ки дар мулоқот Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Амонулло Салимзода ва вазири кишоварзии мамлакат Қурбон Ҳакимзода низ ҳузур доштанд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд