Мулоқоти Раиси вилоят бо намояндаи минтақавии ЮНЕСКО Криста Пиккат

11 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо намояндаи минтақавии ЮНЕСКО дар Осиёи Марказӣ​ хонум Криста Пиккат мулоқот кард.

Раиси вилоят аснои мулоқот ба нақши ЮНЕСКО дар​ ҳифзу нигоҳдошти ёдгориҳои таърихӣ, рушди илму маориф, тиббу фарҳанг баҳои баланд дода, аз ҳамкориҳои судманд бо ин ниҳоди байналмилалӣ изҳори қаноатмандӣ намуд.

Таъкид карда шуд, ки новобаста аз мавҷудияти пандемия дар соли 2020 бо дастгирии ЮНЕСКО 5500-солагии Саразми бостонӣ, ки 31 июли соли 2010 ба Феҳристи мероси  фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО дохил шуда буд, дар сатҳи баланд таҷлил гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 1190 ёдгории таърихию фарҳангӣ мавҷуд буда, аз онҳо 13 ададаш дорои аҳамияти умумибашарӣ,  91 адад аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва 1086 адад аҳамияти маҳаллӣ мебошанд. Ин ёдгориҳо муаррификунандаи фарҳанги оламшумули миллати тоҷик буда, барои ҷалби сайёҳон аз хориҷи дуру наздик мусоидат менамоянд.

Имрӯзҳо бо дастгирии ЮНЕСКО омӯзиши ҳуҷҷатҳои Қалъаи Хуҷанд, Маҷмааи меъмории Шайх Муслиҳиддин, Қалъаи Ширини ноҳияи Спитамен, мақбараи Ҳазрати Шоҳи шаҳри Исфара, қалъаи Қаҳ-қаҳа ноҳияи Шаҳристон, мадрасаи Абдулатиф Султон (Нуҳ гумбаз)-и шаҳри Истаравшан идома дошта, дар назар аст, ки иншооти таърихиву фарҳангӣ ба силсилаҷоизаи Шоҳроҳи Бузурги Абрешим аз гузаргоҳи минтақавии «Фарғона-Сирдарё» ворид карда шавад.

Криста Пиккат бо изҳори қаноатмандӣ аз ҳамкориҳои судманди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо ташкилоти байналмилалии ЮНЕСКО барои амалисозиии тарҳҳои гуногун ибрози андеша намуд.

Ҷонибҳо ҳамзамон барои тақвияти ҳамкориҳо ва муаррифии мероси фарҳангии миллати тоҷик ба ҷаҳониён мубодилаи афкор намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд