Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо Жанат Сеидалиева

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳайати котиботи номинатсияи фаромиллии Роҳи абрешим: Долони Фарғона — Сирдарё бо роҳбарии Жанат Сеидалиева ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили муаррифии ёдгориҳои таърихии вилояти Суғд ва шомилсозии онҳо ба Феҳристи ҷаҳонии ЮНЕСКО мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Раиси вилоят меҳмононро ба Суғди бостонӣ хайрамақдам гуфта, аз дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ёдовар шуд. Қайд карда шуд, ки солҳои соҳибистиқлолии мамлакат бо талошҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор иншооти таърихиву фарҳангӣ эёҳ гардида, ба Феҳристи ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд, ки боиси ифтихори мардуми тоҷик аст.

Айни замон дар вилояти Суғд зиёда аз 1190 ёдгории таърихӣ, фарҳангӣ ва меъморӣ ба қайд гирифта шудааст. Давоми солхои 2019-2021 ҷиҳати шомилсозии шаш ёдгории таърихӣ, фарҳангӣ ва меъмории ҳудуди вилояти Суғд ба Феҳристи ҷаҳонии ЮНЕСКО корҳои назаррас анҷом дода шуда, ҳадафи ташрифи меҳмонон омӯзиши пурра ва дақиқи ин иншоот мебошад.

Тазаккур дода шуд, ки мутахассисон аз Маҷмааи меъмории Шайх Муслиҳиддин, Қалъаи Ширини ноҳияи Спитамен, сангнигораҳои ноҳияи Ашт, Мақбараи Ҳазрати Шоҳи шаҳри Исфара, Қалъаи Қаҳ-қаҳаи ноҳияи Шаҳристон, мадрасаи Абдулатиф Султон (Нуҳ гумбаз)-и шаҳри Истаравшан боздид карда, дар иншооти фарҳангӣ корҳои омӯзишӣ мегузаронанд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки мутахассисон бо таърихи бойи рангину халқи тоҷик аз наздик шинос шуда, барои воридшавии иншооти нодиру ёдгориҳои қадима ба Феҳристи ҷаҳонии ЮНЕСКО мусоидат мекунанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд