Мулоқоти раисони вилоятҳои Суғд ва Ботканд

Нимаи дуюми рӯзи 14 июн дар шаҳри Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон мулоқоти навбатии Раиси вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода ва намояндаи ваколатдори Президенти Қирғизистон дар вилояти Ботканд Абдикарим Алимбаев баргузор гардид.

Дар мулоқоти ҷонибҳо ҳамзамон раисони шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадӣ ва роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи ду тараф иштирок намуданд. 

Зимни мулоқот ҷонибҳо аз таҳкими муносибатҳои дӯстона изҳори қаноатмандӣ намуда, барои идомаи кори гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон ва таъмини амнияти сокинони вилоятҳои Суғду Ботканд мубодилаи афкор намуданд. 

Аз ҷумла, масъалаи истифодаи муштарак аз захираҳои обӣ дар мавсими кишту кор, ҳамкории сохторҳои дахлдор барои муқовимат бо ҷинояткорӣ, бурдани корҳои тафтишотӣ ва ҷустуҷӯӣ барои дастгирии ҷинояткорон, бунёд накардани сохтмонҳо дар наздикии хати сарҳад мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. 

Ҷонибҳо таъкид карданд, ки тамоми масъалаҳои марбут ба сарҳади давлатӣ дар доираи фаъолияти комиссияи муштарак ҳал карда мешавад ва комиссия фаъолияти худро пеш бурда истодааст.

Тарафҳо идомаи корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни сокинони манотиқи марзӣ, риояи анъанаҳои ҳамсоядорӣ ва таҳкими робитаҳои дӯстонаро муҳим арзёбӣ карданд. 

Мулоқоти ҷонибҳо бо баррасии нақшаҳои ҳамкорӣ ба анҷом расид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд