Мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо Патрик Хоффман

10 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода соҳибкор аз Ҷумҳурии Фаронса Патрик Хоффманро ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат ҷонибҳо оид ба роҳандозии ҳамкориҳои мутақобилан судманд мубодилаи афкор намуданд.

Раиси вилоят ба соҳибкор доир ба вазъи соҳаҳои саноату кишоварзӣ маълумот дод.

Қайд гардид, ки вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷи дуру наздик ҳамкориҳои густарда дошта, маҳсулоти гуногун, аз ҷумла маҳсулоти кишоварзиро содирот менамояд. Аз ҷумла, давоми се моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 257 миллион доллари ИМА маҳсулот содирот карда шуд, ки як қисми маҳсулоти содиротшуда хушкмева мебошад.

Ба меваҷоти дар Тоҷикистон истеҳсолшаванда талабот дар хориҷ зиёд буда, соҳибкорони ду ҷониб метавонанд робитаҳои иқтисодиро таҳким бахшида, дар ин самт доду гирифт намоянд.

Патрик Хоффман аз ташрифи худ ба вилоят изҳори хушнудӣ карда, таъкид кард, ки барои содироти хушкмева ва асал метавонанд ҳамкориҳоро ба роҳ монанд.

Ҷонибҳо ҳамчунин перомуни тарҳҳои наву муштарак ва густариши робитаҳо мубодилаи афкор намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд