Мулоқоти Раиси вилоят бо соҳибкорони Федератсияи Россия

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода роҳбарияти ширкати «Формулаи нур»-и Федератсияи Россия Сергей Исоков, роҳбари шӯрои директорони Фонди байналмиллаии сармоягузории Orient Investment JSC Ли Куанг Дао ва ҳайати ҳамроҳонашро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории тарафайн ва густариши он мавриди муҳокима қарор гирифт. Роҳбари вилоят ҳайати меҳмононро ба вилояти Суғд хайрамақдам гуфта, аз талошу кӯшишҳои сарони ду давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин дар самти густариши хамкории мутақобила ва зиёд намудани мубодилаи молу маҳсулот байни ду кишвар ёдовар гашт.

Таъкид гардид, ки вилояти Суғд ҳамчун “Водии имкониятҳо” шинохта шуда, ҷиҳати рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят як қатор барнома ва лоиҳаҳои хурду бузург амалӣ карда мешавад. Ба пешрафти соҳаи саноат, ба кор андохтани хатҳои нави истеҳсолӣ, то ба коркарди ниҳоӣ расонидани ашёи хоми ватанӣ ва истеҳсоли маҳсулоти босифату ивазкунандаи воридот таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мегардад. Дар вилояти Суғд асосан саноати кӯҳӣ-металургӣ, нассоҷӣ, сохтмон ва ғайра рушд карда, воридсозии технологияи нав имкон медиҳад, ки ин бахшҳои соҳа боз ҳам ривоҷу равнақ ёбад.

Ширкати «Формулаи нур» аз зумраи муассисаҳои бонуфузи ФР ба ҳисоб рафта, доираи фаъолияташ ҳамасола фарох мегардад. Ин ширкат асосан дар соҳаи саноати кӯҳӣ, истеҳсоли дастгоҳу таҷҳизоти барқӣ фаъолияти босамари худро ба роҳ монда, доираи фарогириаш хело фарох мебошад. Сергей Исаков аз пазироии гарму самимӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун кишвари дӯсту бародар, шарики боэътимод ва майдони бузурги имкониятҳо медонад. Ширкат азм дорад ҳамкории мутақобиларо ба роҳ монда барои ба кор андохтани корхонаи «Адрасмон»-и шаҳри Гулистон лоиҳаи ҷиддиро амалӣ созад. Бо ин мақсад воридсозии дастгоҳу таҷҳизоти муосир ба нақша гирифта шудааст. Барои ин аз тарафи мутахассисони ширкат корҳои иктишофӣ анҷом дода шуда, иқтидори истеҳсолии корхона пурра барқарор карда мешавад.

Дар рафти мулоқот роҳбари вилоят тавачҷҷуҳи меҳмононро барои сармоягузорӣ дар соҳаи саноати вилоят, аз ҷумла барои ба роҳ мондани истеҳсоли дастгоҳу таҷҳизоти барқӣ, саноати нассоҷӣ ҷалб намуд.

Мулоқот бо баррасии дурномаи ҳамкорӣ ба итмом расид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд