Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода намояндагони ширкати чинии «Стейт инвестмент групп компани» - ро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқоти ҷонибҳо масъалаи ба роҳ мондани ҳамкорӣ ва воридсозии таҷҳизоти муосир барои истеҳсоли неруи барқ аз офтоб мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Раиси вилоят дар суҳбат иброз дошт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи саноат таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, талаботи корхонаҳо ба нерӯи барқ низ сол аз сол зиёд гардида истодааст. Бо назардошти ин, вилояти Суғд омода аст барои истеҳсоли нерӯи барқи бештар аз фанновариҳои замон истифода намояд.
Иттилоъ дода шуд, ки ширкати мазкур дар самти истеҳсоли нерӯ аз ҳисоби нури офтоб маъруф аст ва чунин лоиҳаҳоро дар давлатҳои гуногун амалӣ кардааст.
Раиси вилоят ба масъулин супориш дод, ки бо баррасии ҳамаҷонибаи масъала тибқи шартнома ба ширкат дар ҷудо намудани замини зери сохтмон барои истеҳсоли энергияи сабз, бунёди бинои маъмурӣ ва омода намудани санаду ҳуҷҷатҳои лозима мусоидат карда шавад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд