Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода директори тиҷоратии ширкати «Новапорт»-и Федератсияи Россия Сергей Дмитриевро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории тарафайн ва густариши он мавриди муҳокима қарор гирифт.
Раиси вилоят зимни суҳбат аз талошу кӯшишҳои сарони ду давлат Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин дар самти густариши хамкории мутақобила ва зиёд намудани мубодилаи молу маҳсулот байни ду кишвар ёдовар гашт.
Таъкид гардид, ки рушди ҳамкорӣ дар бахши хизматрасонӣ мусофирон тавассути ширкатҳои ҳавоӣ боиси зиёд гаштани рафту омади шахрвандон ва ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон ба вилояти Суғд мегардад.
Дар вилоят мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ва сайёҳӣ хело зиёд буда, бо зиёд намудани шумораи хатсайрҳо метавон ҷалби ҳарчи бештари ҷаҳонгардонро таъмин сохт.
Директори тиҷоратии ширкати «Новапорт» Сергей Дмитриев аз пазироии гарму самимӣ изҳори хушнудӣ намуда, ҳавасмандии худро барои густариши ҳамкориҳо дар оянда баён дошт.
Маълумот дода шуд, ки ширкати мазкур дар Федератсияи Россия яке аз ширкатҳои бузург ба шумор рафта, дар худ 30 фурудгоҳро муттаҳид сохтааст.
Дар сатҳи баланд ба роҳ мондани хизматрасонии фурудгоҳ ва фаъолсозии хатсайрҳои нави ҳавоӣ имкон медиҳад, ки рафту омади шаҳрвандон ва сайёҳон бамаротиб зиёд гардад. Бо назардошти ин, ташкили хатсайрҳои нав ба манфиати кор хоҳад буд.
Мулоқот бо баррасии дурнамои ҳамкорӣ ба итмом расид.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд