Мулоқот бо намояндаи ширкати «Стейт инвестмент групп компани»-и Ҷумҳурии мардумии Чин

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо намояндаи ширкати «Стейт инвестмент групп компани» Иля-Ванг Тинг Дан мулқот кард.

Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаи ба роҳ мондани ҳамкорӣ ва воридсозии таҷҳизоти муосир, истеҳсоли "энергияи сабз" бо истифода аз панелҳои офтобӣ барои корхонаҳои саноатиро баррасӣ қарданд.

Раиси вилоят иброз дошт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи саноат таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии мамлакат ҳадафи стратегӣ эълон шудааст. Бо назардошти ин, ҷиҳати бунёди корхонаҳои нави саноатӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, ҳамасола садҳо корхонаҳои нав сохта мешавад. Айни замон дар вилоят беш аз 1100 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, талаботи корхонаҳо ба нерӯи барқ низ сол аз сол зиёд гардида истодааст.

Воридсозии таҷҳизоти замонавӣ ва муосир имкон медиҳад, ки "энергияи сабз" истеҳсол карда шуда, истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ таъмин гардад. 

Намояндаи ширкати «Стейт инвестмент групп компани» Иля-Ванг Тинг Дан дар навбати худ доир ба хизматрасониҳои ширкат маълумот дода, омодагии худро барои роҳандозии ҳамкорӣ дар самти истифодаи панелҳои офтобӣ иброз намуд.

Мулоқоти тарафҳо бо баррасии дурнамои ҳамкории судманд ба анҷом расид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд