Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода роҳбарияти ширкати илмӣ истеҳсолии «Спирит»-и Федератсияи Россия Олег Люпак ва ҳайати ҳамроҳонашро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории тарафайн ва густариши он мавриди муҳокима қарор гирифт.
Раиси вилоят ҳайати меҳмононро ба вилояти Суғд хайрамақдам гуфта, аз талошу кӯшишҳои сарони ду давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин дар самти густариши ҳамкории мутақобила ва зиёд намудани мубодилаи молу маҳсулот байни ду кишвар ёдовар гашт.
Таъкид гардид, ки вилояти Суғд води имкониятҳо ба ҳисоб рафта, ҷиҳати рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят як қатор барнома ва лоиҳаҳои хурду бузург амалӣ карда мешавад. Дар вилоят ба пешрафти соҳаи саноат, ба кор андохтани хатҳои нави истеҳсолӣ, то ба коркарди ниҳоӣ расонидани ашёи хоми ватанӣ ва истеҳсоли маҳсулоти босифату ивазкунандаи воридот таваҷҷӯҳи хоса зоҳир гардида, ҳамасола корхонаҳои нави саноатӣ фаъол гардонида мешавад.
Дар вилояти Суғд асосан саноати кӯҳӣ-металургӣ, нассоҷӣ, коркард ва ғайра рушд карда, воридсозии технологияи нав имкон медиҳад, ки ин бахшҳои соҳа боз ҳам ривоҷу равнақ ёбад.
Ширкати илмӣ - истеҳсолии «Спирит» аз зумраи муассисаҳои бонуфузи ФР ба ҳисоб рафта, доираи фаъолияташ ҳамасола фарох мегардад. Ин ширкат асосан дар соҳаи саноати кӯҳӣ корҳои илмӣ -таҳқиқотӣ гузаронида, бо истифода аз технологияи муосир бо коркарди партовҳои боқимондаи корхонаҳои маъдан металҳои қимматбаҳоро ҷудо менамояд.
Олег Люпак дар навбати худ аз пазироии гарму самимӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун кишвари дӯсту бародар ва шарики боэътимод медонад.
Ширкат азм дорад, ки ояндаи наздик бо шарикони худ аз Тоҷикистон ҳамкориро ба роҳ монад.
Ҳамчунин ширкати мазкур дар омӯзонидани кадрҳо бо истифодаи технологияҳои нав саҳмгузорӣ намуда, корҳои иктишофӣ - ҷустуҷӯиро метавонад анҷом диҳад.
Мулоқоти ҷонибҳо бо баррасии дурнамои ҳамкорӣ ба анҷом расид.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд