Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбарияти Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой

Азназаргузаронӣ: 589

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода роҳбарияти Ширкати куҳӣ- саноатии Тоҷикистону Хитойро ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқоти ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба фаъолияти ширкат баррасӣ карда шуда, ба нақши корхонаи азими саноатӣ дар рушди соҳа баҳои баланд дода шуд. Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой аз калонтарин корхонаҳои вилоят маҳсуб ёфта, дар он садҳо нафар кор мекунанд.

Раиси вилоят аснои суҳбат таъкид кард, ки бояд барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, беҳтар гардидани нишондиҳандаҳо, фаъолсозии коргоҳҳои нав ва таъмини аҳолӣ бо ҷойи корӣ имкониятҳо пурсамар истифода бурда шавад.

Ҳамзамон масъалаи фаъолияти корхонаи металлургии ширкат, иҷрои ӯҳдадориҳо корхона мавриди таваҷҷӯҳи ҷонибҳо қарор гирифт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд