Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо Абдикарим Алимбаев

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қирғизистон дар шаҳри Чӯлпон-ота​ бо намояндаи ваколатдори​ Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Ботканд Абдикарим Алимбаев мулоқот кард.​

Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаи таҳкими робитаҳои дӯстона миёни ду вилояти ҳамсарҳадро баррасӣ ва аз натиҷаи кори гуруҳи кории муштарак изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Ҷонибҳо бори дигар омодагии худро барои тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ изҳор дошта, таъкид карданд, ки масъалаи аломатгузории марзи ду кишвар бо роҳи дипломатӣ ва якдигарфаҳмии комили тарафҳо ҳал хоҳад шуд ва барои ин дар сатҳи ҳукуматҳои ду мамлакат комиссияи босалоҳият​ фаъолият дорад.

Гуфта шуд, ки бо сиёсати пешгирифтаи роҳбарони давлатҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров рушди муносибатҳои дӯстона дар мадди назар қарор дорад.

Раҷаббой Аҳмадзода таъкид кард, ки дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ тарафҳо тамоми масъалаҳои пешомадаро бо роҳи гуфтушунид дар сатҳи маҳал баррасӣ ва ҳал намуданд ва дар оянда низ ҷонибҳо​ бо риояи анъанаҳои шарқиёнаи ҳамсоядорӣ фаъолият хоҳанд бурд.​

Тарафҳо омодагии худро барои беҳтар намудани сатҳи кунунии муносибатҳо изҳор дошта, таъкид карданд, ки зиндагӣ​ дар фазои сулҳу дӯстӣ барои сокинони назидмарзии ду кишвар омили асосии рушди минтақа маҳсуб меёбад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд