Иштирок дар мулоқоти сеҷонибаи раисони вилоятҳои Суғд, Фарғона ва Ботканд

Имрӯз ҳайати вилояти Суғд бо роҳбарии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати иштирок дар мулоқоти минтақавии раисони вилоятҳои Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон ба Ҷумҳурии Қирғизистон сафар намуд. 

Мулоқоти сеҷонибаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Ботканд Абдикарим Алимбаев ва ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров дар шаҳри Чӯлпон-ота сурат гирифт.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ин дидор таъкид кард, ки солҳои охир бо сиёсати оқилонаи роҳбарони давлатҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитарӣ миёни минтақаҳо мустаҳкам гардида истодааст. Таҳкими муносибатҳои минтақавӣ аз ҳамсоядории хуби мардумони тоҷику ӯзбек ва қирғиз сарчашма гирифта, равобити кишварҳо таърихи дерина дорад.

Тазаккур дода шуд, ки мулоқоти сеҷонибаи раисони вилоятҳои Суғду Фарғона ва Ботканд, ки дар руҳияи созанда ҷараён дорад, натиҷаи талошҳои пайвастаи сарони давлатҳо дар роҳи расидан ба зиндагии беҳтари минтақа аст.

Дар мулоқот ҳамзамон намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Ботканд Абдикарим Алимбаев ва ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров сухан гуфта, таҳкими робитаҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ миёни вилоятҳои се кишвари Осиёи Марказиро заруру муфид арзёбӣ карданд.

Ёдовар бояд шуд, ки дар ин сафар роҳбари вилоятро роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва раисони шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадӣ ҳамроҳӣ доранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд