Мулоқоти Раиси вилояти Суғд бо соҳибкорони Ҷумҳурии Корея

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода узви комиссияи Тоҷикистону Корея оид ба ҳамкории иқтисодӣ Гон Чон Хун ва ҳамроҳонашро ба ҳузур пазируфт. 

Дар мулоқоти ҷонибҳо масоили ҳамкорӣ, ҷалби сармоя ба иқтисодиёти Тоҷикистон барои таъсиси корхонаҳои муштарак ва азхудкунии заминҳо, инчунин ҷалби қувваи корӣ ба Ҷумҳурии Корея баррасӣ карда шуд. 

Раиси вилоят аснои мулоқот иброз дошт, ки бо сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вилояти Суғд рушд ёфта, бо истифода аз имкониятҳо ҳамкориро бо шарикони хориҷӣ боз ҳам мустаҳкам менамояд. 

Дар вилоят дар доираи ҳадафи чоруми миллӣ-санотикунонии босуръати мамлакат ҳамасола садҳо корхонаи нав бунёд гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот зиёд гардида истодааст. Аз ҷумла, дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ба маблағи беш аз 12 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд.

Тазаккур дода шуд, ки ҷониби Корея ва соҳибкорони ин кишвар метавонанд дар бахшҳои кишоварзӣ ва саноат ҳамкориро густариш бахшанд ва дар амалишавии лоиҳаҳои муфид саҳм гузоранд. Дар ин раванд ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар азхудкунии заминҳо, кишту парвариши маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла, ҷуворимакка, таъсиси корхонаҳои саноатӣ ба манфиати кор арзёбӣ гардид.

Гон Чон Хун дар навбати худ изҳор дошт, ки ҳадаф аз ташриф ин тақвияти ҳамкорӣ, ба роҳ мондани алоқаи мустаҳкам байни доираҳои тиҷоратии ду кишвар ба ҳисоб мераванд. Ӯ ҳамчунин афзуд, ки ҷониби Ҷумҳурии Корея омода аст, саҳми худро дар татбиқи лоиҳаҳои хурду бузург гузорад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд