Мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо соҳибкорону фаъолони ҷамъияти тоҷикистониëни муқими Ҳавзаи федералии Урали ФР

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади таҳкими ҳамкорӣ ба Федератсияи Россия сафар намуд.

10 июл дар доираи сафар дар шаҳри Екатеринбург мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир бо соҳибкорони тоҷиктабори муқими минтақаи Урал ва фаъолони диаспораҳои тоҷикон баргузор гардид. 

Дар мулоқот миëни роҳбарияти вилоят, вазорату идораҳои мамлакат, соҳибкорони бурунмарзӣ ва диаспораҳо мубодилаи афкор сурат гирифта, доир ба густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ гуфтушунид анҷом дода шуд.

Консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбурги ФР Зафар Сайидзода мулоқотро оғоз бахшид ва сипас Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ёдоварӣ аз саҳми соҳибкорони тоҷик дар пешрафти ҷомеа барои тақвияти ҳамкорӣ бо соҳибкорони бурунмарзӣ изҳори омодагӣ кард. 

Таъкид карда шуд, ки бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат фазои мусоиди сармоягузорӣ мавҷуд буда, ҳамасола садҳо корхонаҳои саноатӣ мавриди истифода қарор дода мешавад. Фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ, аз ҷумла Минтақаи озоди иқтисодии "Суғд" ва имтиёзҳои фароҳамгардида имкон медиҳад, ки соҳибкорон бо истифода аз сабукиҳо тиҷорати худро ба роҳ монанд. Дар вилояти Суғд барои истеҳсолу коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, ташкили корхонаҳои муштарак барои истеҳсоли нӯшокиҳо, либосу пойафзол, доруворӣ, техникаи маишии рӯзгор ва ғайраҳо имкониятҳо зиёд аст. 

Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорони тоҷиктабори Россия дар хусуси имтиёзу имкониятҳои фаровон барои таъсиси корхонаҳои саноатӣ дар доираи ҳадафи чоруми стратегии мамлакат - саноатикунонии босуръат ибрози андеша намуд.

Дар мулоқот аз ҷониби соҳибкорони бурунмарзӣ дар хусуси таъсиси фермаҳои чорвою паранда, ба роҳ мондани истеҳсоли масолеҳи сохтмон, корхонаҳои коркард пешниҳодҳои ҷолибу судманд манзур гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд