Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбарияти ҶДММ “Баракат - Исфара”

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода муассиси ҶДММ “Баракат - Исфара” Борис Игнатенко ва директори генералии ширкат Дилшод Ҷаббориро ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат ҷонибҳо доир ба фаъолияти имрӯзаи корхона ва тавсеаи фаъолияти он мубодилаи афкор намуданд.

Раиси вилоят аснои суҳбат таъкид кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ солҳои 2022-2026-ро солҳои рушди саноат эълон намуданд. Мақсад аз эълон шудани панҷсолаи рушди саноат расидан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла  саноатикунонии босуръати кишвар аст. Дар ин росто бояд захираву имкониятҳо самаранок истифода гардида, корхонаҳои мавҷуда низ фаъолияти худро боз ҳам беҳтар намоянд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҶДММ “Баракат-Исфара” яке аз корхонаҳои муваффақ маҳсуб ёфта, дар он 140 нафар кор мекунанд. Корхона ба банду баст ва коркарди мева машғул буда, маҳсулоти он ба шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург ва дигар минтақаҳои ФР содирот мегардад. Маҳсулоти “Баракат-Исфара” дар ҷумҳуриҳои Чех, Туркия, Канада низ серхаридор буда, бо соҳибкорони Малайзия низ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид ва минбаъд содироти маҳсулот ба ин мамлакат низ ба роҳ монда хоҳад шуд.

Муассис ва роҳбарияти корхона ҳамзамон маълумот доданд, ки барои бунёди боғҳои нави интенсивӣ ва фаъолсозии хатҳои нави истеҳсолӣ аз ҷониби мутахассисон корҳо ҷараён дошта, ояндаи наздик коркарди меваҷоти хушсифат зиёд карда мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд