Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар Қароргоҳи Сарвари давлат дар шаҳри Хуҷанд бо ҳайати Федератсияи Россия мулоқот намуд.
Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар Қароргоҳи Сарвари давлат дар шаҳри Хуҷанд бо ҳайати Федератсияи Россия мулоқот намуд.
Дар ин мулоқот, ки бо ҳузури роҳбарону масъулони Палатаи савдо ва саноати вилоятҳои Липетск, Новосибирск, Краснодар, Москва ҷараён гирифт, ҷонибҳо масъалаи таҳкими муносибатҳои иқтисодӣ ва зиёд намудани ҳаҷми гардиши савдоро баррасӣ карданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, дар Намоишгоҳи байналмилалии савдо "Суғд-2023" аз 15 минтақаи Федератсияи Россия намояндагони мақомоти давлатӣ ва соҳибкорону тоҷирон иштирок намуданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода вобаста ба зарфиятҳои мавҷуда маълумот дода, ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро барои тавсеаи ҳамкорӣ изҳор дошт. Таъкид карда шуд, ки тарафҳо метавонанд дар соҳаҳои саноату кишоварзӣ, сайёҳӣ, коркарди маъдан, коркарди меваву сабзавот, пахта лоиҳаҳои муштаракро амалӣ намоянд.
Меҳмонон иброз доштанд, ки Намоишгоҳи байналмилалии савдо "Суғд-2023" дар сатҳи баланди ташкилӣ доир шуда, доираҳои тиҷоратии Федератсияи Россия бо ҳамтоёни тоҷики худ мулоқоту гуфтушунидҳо доштанд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки соҳибкорони ду кишвар минбаъд низ барои иҷрои тарҳҳои мухталиф якҷо фаъолият бурда, дар зиёд шудани табодули молу маҳсулот саҳми худро мегузоранд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд