Миёни вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон харитаи роҳ имзо шуд.
Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳокими вилояти Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкатҷон Абдуразоқовро, ки бо мақсади иштирок дар Ярмаркаи байналмилалии савдо "Суғд-2023" ба вилоят омад, ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқоти ҷонибҳо таъкид гардид, ки бо сиёсати пешгирифтаи роҳбарони давлатҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ҳамкории миёни минтақаҳои ду мамлакат рушд ёфта истодааст.
Раисони вилоятҳо бо изҳори омодагӣ ҷиҳати тақвияти ҳамкории судманди дуҷониба баргузории Намоишгоҳи байналмилалии савдо "Суғд-2023"-ро барои тавсеаи равобит муфид арзёбӣ карданд.
Бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар бахшҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, савдо ва тиҷорат, сайёҳӣ, фарҳанг миёни вилоятҳо харитаи роҳ ба имзо расонида шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд