Мулоқоти Раиси вилоят бо намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ Тери Ҳакала мулоқот намуд.

Раиси вилоят зимни суҳбат таъкид кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо Иттиҳоди Аврупо ҳамкории густардаро ба роҳ монда, миёни сохторҳои Тоҷикистон ва ин ташкилоти байналмилалӣ  робитаҳои гуногунҷанба мавҷуд аст.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон вобаста ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии вилоят маълумот дода, қайд намуд, ки дар мамлакат ба соҳаи саноат таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2022-2026 солҳои рушди соҳаи саноат эълон гардидааст. Дар ин самт вилояти Суғд ҳавасманд аст, ки ҳамкориҳоро бо ташкилоти байналмилалӣ ва сармоягузорони хориҷӣ тақвият бахшида, бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда корхонаҳои нави саноатиро бунёд, аҳолиро бо ҷойи кор таъмин ва сатҳи зиндагии мардумро боз ҳам беҳтар намояд.

Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ хонум Тери Ҳакала Тоҷикистонро аз шарикони боэътимод дар Осиёи Марказӣ арзёбӣ карда, илова намуд, ки наздик 30 сол мешавад, ки миёни Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ дар самтҳои гуногун ба роҳ монда шудааст.

Ҷонибҳо аз тақвияти равобит ва татбиқи лоиҳаҳо дар самти бунёди иншооти соҳаҳои маорифу тандурустӣ, соҳибкасб намудани калонсолон, таъмини дастрасии аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, дастрасӣ ба оби полезӣ, воридсозии технологияҳои нав изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати амалисозии лоиҳаҳои нав иброз доштанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд