Мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо Владимир Волошок

Азназаргузаронӣ: 986

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода директори генералии Фабрикаи пойафзолбарории Магнитагорски Федератсияи Россия Владимир Волошок ва ҳамроҳонашро ба ҳузур пазируфт.

Аснои мулоқот ҷонибҳо оид ба тақвияти ҳамкориҳо ва таъсиси корхонаи нав мубодилаи афкор намуданд.

Раиси вилоят иброз дошт, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2022-2026 панҷсолаи рушди соҳаи саноат эълон гардида, барои саноатикунонии мамлакат аз тамоми имкониятҳо истифода гардида истодааст. Дар ин росто ба фаъолияти корхони пойафзолбарории "Саманд", ки дар Исфара бо саҳми соҳибкорони тоҷику рус бунёд гардидааст, баҳои баланд дода шуд. Корхона метавонад то 10 ҳазор ҷуфт пойафзол истеҳсол намуда, дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти воридотивазкунанда саҳми шоиста гузорад.

Владимир Волошок аз роҳандозии ҳамкориҳои муштарак изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид намуд, ки ният доранд бо истифода аз имконот ва пас аз баррасиву омӯзиш дар Хуҷанд низ як корхонаи истеҳсолиро таъсис намоянд.

Мулоқоти ҷонибҳо бо баррасии нақшаву барномаҳои муштараки соҳибкорони тоҷику рус анҷом ёфт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

1-m-27-02.jpg 2.jpg 3.jpg