5 феврали соли 2022 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода директори генералии ҶДММ "Пахтакор Голд Текстил"-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон Меҳриддин Юсуповро ба ҳузур пазируфт.
Зимни суҳбат ҷонибҳо оид ба роҳандозии ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаи саноати сабук ва коркарди пахта мубодилаи афкор намуданд.
Раиси вилоят дар оғози сӯҳбат қайд кард, ки бо сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ҳамкориҳои дуҷонибаи давлатҳои дӯсту бародар тавсеа ёфта, робитаҳо дар бахшҳои мухталиф тақвият ёфта истодааст. Аз ҷумла, дар соҳаи саноат низ ҳамкориҳо ба роҳ монда шуда, соҳибкорони тоҷику ӯзбек то имрӯз аллакай чанд корхонаи муштаракро фаъол намуданд.
Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон вобаста ба имкониятҳои вилоят дар самти истеҳсолу коркарди пахта маълумот дода, изҳор дошт, ки ҷонибҳо метавонанд дар ин ҷода корҳои назаррасро амалӣ созанд.
Соҳибкорони ӯзбек дар навбати худ доир ба фаъолияти корхонаи "Пахтакор Голд Текстил", ки яке аз корхонаҳои муваффақ аст, маълумот дода, омодагии худро барои амалисозии тарҳҳои муштарак баён доштанд.
Ёдовар мешавем, ки дар мулоқот ҳамчунин вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир низ ҳузур дошт.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд