2 декабри соли 2021 дар Қароргоҳи Сарвари давлат дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо муовини Раиси кумитаи иҷроияи вилояти Могилёв Руслан Страхар ва соҳибкорони Ҷумҳурии Беларус доир гардид.
Раиси вилоят аснои мулоқот бо ёдоварӣ аз сиёсати пешгирифтаи сарони давлатҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко иброз дошт, ки имрӯз сатҳи ҳамкориҳои вилоятҳои Суғду Могилёв беҳтар гардида, ҷонибҳо дар асоси созишномаҳои дуҷониба ва муносибатҳои деринаи дӯстона барои рушду тавсеаи робитаҳо талош доранд.
Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон вобаста ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии вилоят ва имкониятҳо барои тақвияти ҳамкориҳо дар бахшҳои саноату кишоварзӣ маълумот дода, хостори амалисозии иқдомҳои мушаххас шуд.
Роҳбари ҳайат Руслан Страхар бошад таъкид дошт, ки сафари намояндагони вилояти Могилёв ба вилояти Суғд саҳифаи наверо дар муносибатҳои миёни вилоятҳо боз намуд. Ӯ таъкид кард, ки доираҳои тиҷоратии ду вилоят бо ҳам мулоқот ва барои амалисозии тарҳҳои муштарак иқдом хоҳанд намуд.
Ёдовар мешавем, ки ҳайати вилояти Могилёв давоми чанд рӯз бо фаъолияти корхонаҳои саноатии шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, Истаравшан, ноҳияҳои Ҷаббор Расулову Бобоҷон Ғафуров ва Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ошно шуда, ҷиҳати густариши робитаҳо бо соҳибкорони вилояти Суғд вохӯриҳо доир менамоянд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд