Мулоқоти Раиси вилоят бо муовини Раиси кумитаи иҷроияи вилояти Могилёви Ҷумҳурии Беларус Руслан Страхар

2 декабри соли 2021 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода муовини Раиси кумитаи иҷроияи вилояти Могилёви Ҷумҳурии Беларус Руслан Страхарро, ки бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф овард, ба ҳузур пазируфт.

Раҷаббой Аҳмадзода меҳмононро ба Суғди бостонӣ хайрамақдам гуфта, изҳори боварӣ намуд, ки сафари соҳибкорони вилояти Могилёв ба вилояти Суғд ба рушди муносибатҳои дуҷониба мусоидат хоҳад кард.

Роҳбари вилоят аз сафари ҳайати вилояти Суғд ба вилояти Могилёв ёдовар шуда, таъкид кард, ки тарафҳо метавонанд бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати бунёди корхонаҳои муштарак ва доду гирифти молу маҳсулот ба натиҷаҳои назаррас ноил гарданд.

Руслан Страхар барои истиқболи самимӣ изҳори миннатдорӣ намуда, қайд намуд, ки имрӯз гуруҳи калони соҳибкорон аз вилояти Могилёв ба вилояти Суғд ташриф оварданд. Соҳибкорон давоми чанд рӯз бо вазъи саноату иқтисод ва шароиту имконот шинос гардида, бо ҳамтоёни тоҷики худ мулоқоту гуфтушунидҳо хоҳанд кард. Умед аст, ки тарҳҳои мушаххаси барои ҳарду ҷониб муфид пешниҳод ва амалӣ карда  шавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд