Мулоқоти Раиси вилоят бо сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Денисенко

2 декабри соли 2021 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Денисенкоро ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат ҷонибҳо доир ба вазъ ва дурнамои рушди муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Беларус, аз ҷумла ҳамкориҳои минтақавӣ мубодилаи афкор намуданд.

Раҷаббой Аҳмадзода иброз дошт, ки бо сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко ҳамкориҳои миёни вилоятҳои ду давлат дар ҳоли рушд буда, вилояти Суғд бо як қатор вилоятҳои Беларус, аз ҷумла Минску Могилёв робитаҳои иқтисодӣ дорад.

Виктор Денисенко низ аз сатҳи муносибатҳои бисёрҷанбаи минтақаҳо изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид кард, ки имрӯз соҳибкорон аз вилояти Могилёв ба вилояти Суғд ташриф оварданд. Дар назар аст, ки ҳамкориҳои дуҷониба боз ҳам тақвият дода шавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд