Мулоқоти Раиси вилоят бо соҳибкорон аз Ҷумҳурии Ҷопон

Азназаргузаронӣ: 909

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо намояндаи Палатаи савдои Ҷопон дар Осиёи Марказӣ Накамура Дайсеки ва соҳибкори ҷопонӣ Чида Хикару мулоқот намуд.

Аснои суҳбат ҷонибҳо аз густариши робитаҳои иқтисодӣ миёни Тоҷикистон ва Ҷопон изҳори қаноатмандӣ карда, дурнамои ҳамкориҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Раиси вилоят таъкид кард, ки дар Тоҷикистон саноатикунонии мамлакат ҳадафи стратегӣ эълон гардида, ҷиҳати расидан ба ин ҳадаф бо доираҳои тиҷоративу соҳибкории кишварҳои гуногун ҳамкориҳо ҳамкориҳо густариш ёфта истодааст. Вилояти Суғд дорои имкониятҳои фаровон буда, доираҳои соҳибкории вилоят  ҳввасманданд, ки якҷо бо шарикони рушд тарҳҳои муштаракро амалӣ намоянд.

Накамура Дайсеки вобаста ба фаъолияти Палатаи савдои Ҷопон дар Осиёи Марказӣ маълумот дода,  изҳори боварӣ намуд, ки соҳибкорони ду ҷониб дар оянда барои тақвияти робитаҳо аз имкониятҳо истифода мекунанд.

Тарафҳо ҳамзамон ба масъалаи ташкили корхонаи коркарди партов дар Хуҷанд таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

1.jpg 2.jpg