Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбарияти ҶДММ "ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ”

Азназаргузаронӣ: 1009

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо роҳбарияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ” мулоқот кард.

Бояд гуфт, ки аз ҷониби ширкат дар мавзеи Кумарғи болои ноҳияи Айнӣ корхонаи холисгардонии тилло бунёд гардида, айни замон фаъолият дорад.

Корхонаи холисгардонии тилло ва нуқраи “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ” дар масоҳати 45,2 гектар бунёд шуда, арзиши лоиҳавии он 4 миллион доллари америкоиро ташкил медиҳад. Дар корхона консентрати маъдан бо маҳлулҳои кимёӣ дар ду марҳила коркард шуда, тилло ва нуқраи холис истеҳсол карда мешавад. Иқтидори истеҳсолии коргоҳ дар як сол ба 4 тонна тилло ва 1 тонна нуқра баробар аст.

Аснои суҳбат ҷонибҳо доир ба вазъи кунунии корхонаи истеҳсолӣ, нақшаву барномаҳои роҳбарияти корхона, ташкили ҷойҳои нави корӣ, иҷрои ӯҳдадориҳои корхона, марҳила ба марҳила зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот мубодилаи афкор намуданд.

Раиси вилоят бо назардошти ҳадафи стратегӣ эълон шудани саноатикунонии босуръати мамлакат ба роҳбарияти корхона ҷиҳати истифодаи пурраи иқтидорҳои истеҳсолӣ ва бештар намудани ҷойҳои корӣ супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

1.jpg 2.jpg 3.jpg