Мулоқоти Раиси вилоят бо Меничӣ Роберто, соҳибкор аз Италия

Азназаргузаронӣ: 1049

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода соҳибкор аз Ҷумҳурии Италия Меничӣ Роберторо ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқоти ҷонибҳо масъалаи ворид намудани ниҳолҳои ороишӣ ва дарахтони нодиру декоративӣ ба вилояти Суғд мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Раиси вилоят таъкид кард, ки имрӯзҳо дар вилояти Суғд корҳои ободонию созандагӣ вусъат ёфта, ба истиқболи ҷашнҳои милливу давлатӣ 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди иншооти гуногун идома дорад. Аз ҷумла,  таъмиру барқарорсозии Қалъаи Хуҷанд, сохтмони боғҳои нави фарҳангӣ ва фароғатӣ, сарсабзу хуррамгардонии кӯчаву хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳо ҷараён дошта, дар ин росто ба воридсозии ниҳолҳои ороишию ҳамешасабз таваҷҷуҳ зоҳир мегардад.

Соҳибкори итолёвӣ доир ба самти фаъолият ва анвои гуногуни дарахтони ороишиву декоративӣ маълумот дод ва сипас ҷонибҳо барои ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар самти ворид намудани ниҳолҳо мубодилаи афкор намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд