Мулоқоти Раиси вилоят бо директори генералии ҶСП "ТАЛКО Голд" Ли Фен

Азназаргузаронӣ: 1060

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо директори генералии ҶСП "ТАЛКО Голд" Ли Фен мулоқот намуд.

Зимни суҳбат қайд карда шуд, ки бо сиёсати пешгирифтаи роҳбарони давлатҳои Тоҷикистон ва Чин ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни ду давлат дар сатҳи зарурӣ қарор дошта, бо ташаббуси ҷонибҳо як қатор корхонаҳои муштарак бунёд гардидааст. Аз ҷумла ҳамкориҳо дар самти саноати куҳӣ рушд ёфта, давоми солҳои охир бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ дар мамлакат рушди соҳаи саноати металлургӣ таъмин гардид. Корхонаҳои нав ба кор дароварда шуда, ки истихроҷ ва коркарди маъдан то ба ҳадди ниҳоӣ расид ва ин иқдом дар рушди иқтисоди миллӣ ва таъсиси ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ натиҷаи дилхоҳ ба бор овард. Яке аз чунин корхонаҳои азими саноатӣ ҶСП "ТАЛКО Голд" аст, ки дар он ғанисозии маъдан бо усули флотатсиякунонӣ дар як шабонарӯз 5 ҳазор тонна ва солона 1,5 миллион тоннаро ташкил дода, 1500 нафар бо кор таъмин шудаанд.

Раиси вилоят бо ёдоварӣ аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди соҳаи саноат ва суръатбахшии саноатикунонии мамлакат ба роҳбарияти корхона барои истифодаи самараноки боигариҳои табиӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, ташкили ҷойҳои нави корӣ тавсияҳо дод.

Ёдовар бояд шуд, ки дар корхона ҳаҷми истеҳсоли солонаи фулузоти тилло 2,2 тонна ва сурма 21 ҳазор тоннаро дар бар мегирад.

Барои ба кор даровардани корхона аз ҷониби  Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Ширкати Алюминийи Тоҷик” ва Ҷамъияти саҳомии “Тибет Хуаюй” 136 миллион доллари амрикоӣ харҷ гардида, истихроҷу ғанисозии маъдан бо истифода аз техника ва технологияи муосири ширкатҳои бонуфузи ҷаҳон сурат мегирад. Аз ҷумла, барои ба хока табдил додани маъдан, бори аввал дар минтақа дар хати технологӣ дастгоҳу таҷҳизоти ширкати “Метсо”-и Финляндия васл карда шудааст, ки дар соҳаи кӯҳкории Аврупо ва ҷаҳон ба таври васеъ истифода мешавад. Техника ва механизми маъданборкунии ширкати “Волво”-и Шветсия бошад, дар қисмати тарзи кушоди кон мавриди истифода қарор дорад. Технологияи 14 коргоҳи ғанигардонии маъдан аз ширкатҳои бонуфузи Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас карда шудааст ва дар ин ҷо ашёи хом ба таври автоматӣ коркард мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

1.jpg 2.jpg 3.jpg

4.jpg