Мулоқоти Раиси вилоят бо Муъминҷон Юлдошев

Азназаргузаронӣ: 850

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода соҳибкор аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон Муъминҷон Юлдошевро ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат ҷонибҳо аз таҳкими муносибатҳои иқтисодӣ миёни доираҳои соҳибкории ҳарду тараф изҳори қаноатмандӣ карда, тақвияти равобитро самараи сиёсати пешгирифтаи роҳбарони давлатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев арзёбӣ намуданд.

Раиси вилоят вобаста ба имкониятҳои вилояти Суғд ва фазои мусоиди сармоягузорӣ маълумот дода, изҳор дошт, ки то имрўз соҳибкорони тоҷику ӯзбек як қатор тарҳҳои муштаракро амалӣ намудаанд. Сармоягузорони кишвари ҳамсоя метавонанд барои азхудкунии заминҳои бекорхобида, ташкили корхонаҳои коркарди пахта, меваву сабзавот ва ба роҳ мондани истеҳсоли либос бо соҳибкорони тоҷик ҳамкории самаранокро ба роҳ монанд.

Муъминҷон Юлдошев аз истиқболи гарму самимӣ изҳори хушнудӣ карда, омодагии худро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳо дар самти ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида ва афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баён дошт.

Мулоқоти ҷонибҳо бо баррасии дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судманд ба анҷом расид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

1-1.jpg 2.jpg 3.jpg