Мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо Ма Тян

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо директори генералии ширкати «Хуавей» дар Тоҷикистон Ма Тян мулоқот анҷом дод.

Дар мулоқот рафти корҳои омодагӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаи «Шаҳри бехатар» дар шаҳри Хуҷанд мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Таъкид гардид, ки тибқи нақша дар маркази вилояти Суғд — шаҳри Хуҷанд татбиқи лоиҳаи «Шаҳри бехатар» пешбинӣ шуда, ҳадафи асосии он назорати ҳаракати нақлиёт, пешгирии садамаҳои роҳу нақлиёт, қонунвайронкуниҳо ва дигар ҳодисаҳои нохуш мебошад.

Ҷонибҳо вобаста ба марҳилаҳои амалисозии лоиҳа, истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ ва дурнамои ҳамкорӣ мубодилаи афкор намуда, масъалаҳои марбут ба татбиқи босифати он­ро муҳокима карданд.

Мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷон Сонг Шик

18 декабр Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷон Сонг Шикро ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни мулоқот Раиси вилоят меҳмононро ба Суғди бостонӣ хайрамақдам гуфта, таъкид намуд, ки дар заминаи сиёсати оқилона ва дурбинонаи роҳбарони давлатҳо муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея дар ҳоли рушд қарор дорад. Зикр гардид, ки вилояти Суғд дорои имкониятҳои васеи иқтисодӣ буда, барои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла дар соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ, заминаи мусоид фароҳам аст.

Раиси вилоят ба масъалаи ҷалби сармоя таваҷҷуҳ зоҳир намуда, бунёди корхонаҳои муштарак, аз ҷумла корхонаҳои коркарди пахта, гармхонаҳои инноватсионӣ ва таъсиси боғҳои интенсивиро аз самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ арзёбӣ кард. Ҳамзамон пешниҳод гардид, ки бо мақсади таҳкими равобити доираҳои соҳибкории ду кишвар дар шаҳри Хуҷанд бизнес-форуми муштарак баргузор карда шавад, то соҳибкорони Кореяи Ҷанубӣ аз наздик бо имкониятҳои мавҷуда шинос гарданд. 

Мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо намояндагони Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо намояндагони Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ мулоқот намуд. 

Дар мулоқот ҷонибҳо аз сатҳу сифати робитаҳои дӯстона ва ҳамкориҳои гуногунҷанба изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро барои таҳкими ҳамкориҳои минбаъда ва татбиқи ҳадафҳои созанда баён доштанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода таъкид намуд, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд рушди самтҳои муҳимми иқтисодиву иҷтимоӣ, аз ҷумла соҳаҳои маориф, тандурустӣ, энергетика ва ҳифзи муҳити зист таъмин гардида истодааст. Ӯ афзуд, ки ҳамкорӣ бо шарикони рушд, аз ҷумла Иттиҳоди Аврупо, яке аз самтҳои муҳими фаъолият ба ҳисоб меравад.

Мулоқоти Раиси вилояти Суғд бо роҳбарони Федератсияи камонварии Осиё

Имрӯз Раиси вилояти Суғд, раиси Федератсияи камонварии Тоҷикистон Раҷаб Аҳмадзода бо ноиби якуми Президенти Федератсияи камонварии Осиё, раиси Кумитаи рушди варзиши камонварии Осиё Қозӣ Разибуддин Аҳмад Чапал ва директори иҷроияи Федератсияи камонварии Осиё, Президенти Федератсияи камонварии Ироқ Саад Ал-Машҳадонӣ мулоқот намуд.

Меҳмонон бо мақсади иштирок, назорату ҳакамии мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Суғд ташриф овардаанд.

Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода меҳмононро хайрамақдам гуфта, таъкид намуд, ки бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷалби ҷавонон ба варзиш ва рушди намудҳои гуногуни он, аз ҷумла камонварӣ, тадбирҳои судманд андешида мешаванд.

Мулоқоти Раиси вилояти Суғд бо операсароён аз Ҷумҳурии Италия

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо операсароёни маъруфи сатҳи ҷаҳонӣ Стефания Мурино ва Фабио Каррери, ки аз Ҷумҳурии Италия ба вилояти Суғд ташриф овардаанд, мулоқот намуд

Раиси вилоят меҳмононро хайрамақдам гуфта, доир ба дастовардҳои соҳаҳои гуногун, аз ҷумла фарҳанг маълумот дод. Таъкид гардид, ки дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят бо дастгирии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қасрҳо ва марказҳои фарҳангӣ бунёд ёфта, дар онҳо ансамблҳои рақсию овозӣ ва маҳфилҳои фарҳангӣ фаъолият доранд. Мардуми фарҳангдӯст ва ҳунармандони тоҷик ҳамеша ба ҳунари асил арҷ мегузоранд ва ҳунарро ҷузъи муҳими зиндагии маънавии худ медонанд.

Операсароёни итолиёвӣ Стефания Мурино ва Фабио Каррери изҳор доштанд, ки бори аввал ба Тоҷикистон омада, аз меҳмоннавозии мардум, зебоии табиат, маконҳои таърихӣ ва махсусан аз шукӯҳи дарёи Сир таассуроти амиқ гирифтанд. Онҳо афзуданд, ки шиносоӣ бо таърих ва фарҳанги миллати тоҷик барояшон сурур бахшид ва дар оянда барои густариши робитаҳои фарҳангӣ ва рушди сайёҳӣ саҳмгузорӣ хоҳанд кард.

Мулоқоти Раҷаб Аҳмадзода бо Каха Имнадзе

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо намояндаи махсуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар Осиёи Марказӣ Каха Имнадзе мулоқот намуд. 

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни суҳбат доир ба вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии вилоят маълумот дода, изҳор дошт, ки бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон бо кишварҳои гуногуни олам ҳамкории судманд дорад. 

Илова карда шуд, ки чунин ҳамкорӣ бо ниҳодҳои гуногуни Созмони Милали Муттаҳид низ ба роҳ монда шудааст ва саҳми ин ниҳоди байналмилалӣ дар татбиқи лоиҳаҳои гуногун назаррас аст.

Ҷонибҳо ҳавасмандии хешро ба таҳкиму тавсеаи ҳамкорӣ ҷиҳати таъмини рушди устувор баён намуданд.

Мулоқоти Раиси вилояти Суғд бо Сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода Сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Го Жиҷунро ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот ҷонибҳо аз таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Чин изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид карданд, ки бо сиёсати хирадмандонаи роҳбарони ду кишвар — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин робитаҳои дуҷониба сол ба сол рушд мекунанд.

Раҷаб Аҳмадзода иттилоъ дод, ки дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми мубодилаи молу маҳсулот миёни вилояти Суғд ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ба 600 миллион доллари ИМА расидааст.