Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар 11 моҳи соли ҷорӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баҳри иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят бармеоянд, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуд.
Дар раванди таъмини самтҳои афзалиятноки ҳуҷҷатҳои стратегӣ, аз қабили “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дав-раи то соли 2030” чораҳои таъхирнопазир андешида, иҷрои ҳадафи олии рушди дарозмуҳлати Тоҷикистон – баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишварро бар пояи таъмини рушди устувори иқтисодӣ маҳаки асосӣ қарор дода, ҷиҳати иҷрои чор ҳадафи стратегӣ - таъмини истиқлоли энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ, саноатикунонии босуръати кишвар, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил ба кишвари транзитӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, инчунин вусъат додани шуғли пурмаҳсул ҳамаи захираву имкониятҳо ҷалб карда шуданд.
Бо мақсади таъмини рушди устувори иқтисодиёт, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таъсиси коргоҳҳои нави саноатӣ, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, тавсеаи раванди рушди соҳаҳои савдою хизматрасонӣ, дастгирии соҳибкорӣ, рушди сохтмон ва шаҳрсозӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва боғу токзор, афзоиши саршумори чорво, ривоҷи соҳаи тухмипарварӣ ва зотпарварӣ, беҳтар намудани сатҳи обрасонӣ, барқарор намудани пойгоҳҳои обкашӣ, азхудкунии заминҳои нав, баланд бардоштани боздеҳи замин, рушди ҳунарҳои мардумӣ, баланд бардоштани маърифати хуқуқии шаҳрвандонро аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ қарор дод. Таҳлилҳо собит менамоянд, ки аксарияти нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодии вилоят нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мусбат арзёбӣ гардида, рушди устувори иҷтимоию иқтисодии вилоят таъмин шудааст.
Вазъи иҷрои буҷет
Нақшаи даромадҳои буҷети давлатӣ беназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар 11 моҳи соли 2024-ум ба андозаи 104,2 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 4508,7 миллион сомонӣ ворид шудааст, ки аз нақша 182,1 миллион сомонӣ зиёд аст.
Нақшаи воридоти андоз аз даромади шахсони воқеӣ 107,7 фоиз ё 85,6 миллион сомонӣ барзиёд, андоз аз арзиши иловашуда 109,1 фоиз ё 55,0 миллион сомонӣ, аксизҳо 104,9 фоиз ё 3,7 миллион сомонӣ, андоз аз истифодаи захираҳои табиӣ 125,8 фоиз ё 160,3 миллион сомонӣ, андоз аз молу мулки ғайриманқул 105,1 фоиз ё 16,2 миллион сомонӣ, низомҳои соддакардашудаи андозбандӣ 103,0 фоиз ё 9,5 миллион сомонӣ, боҷи давлатӣ 100 фоиз ва пардохтҳои дигари маҳаллӣ 100,5 фоиз ё 129,3 ҳазор сомонӣ барзиёд таъмин гардидааст.
Дар 11 моҳи соли 2024 нақшаи воридоти маблағ ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 1073,5 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷрои нақша 1158,8 миллион сомонӣ таъмин карда шуд, ки баробари 107,9 фоизи нақша мебошад. Иҷрои нақшаи воридоти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 105,7 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 683,9 миллион сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбати нақшаи ёздаҳмоҳа 36,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар 11 моҳи соли 2024-ум ба буҷети маҳаллии вилоят 3094,3 миллион сомонӣ маблағ ворид гардида, барзиёдиҷрошавӣ 191,2 миллион сомониро ташкил дод, ки баробари 106,6 фоизи нақша мебошад. Нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ 3040,3 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷрои он ба маблағи 3034,9 миллион сомонӣ таъмин карда шуд, ки баробари 99,8 фоизи нақша мебошад. Таваҷҷуҳ ба соҳаҳои иҷтимоӣ бештар гардида, ба соҳаҳои маориф 1550,5 миллион сомонӣ, тандурустӣ 744,9 миллион сомонӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 21,9 миллион сомонӣ, фарҳангу варзиш 272,5 миллион сомонӣ, дар маҷмўъ, 2589,8 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ равона гардид, ки 85,3 фоизи хароҷоти умумии буҷети маҳаллии вилоятро ташкил медиҳад.
Маълумот оид ба таъмини беҳбуди фазои сармоягузорӣ, рушди бахши хусусӣ ва мусоидат ба рушди соҳибкорӣ
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат ҷиҳати дастгирии давлатии ҳама намуди фаъолияти соҳибкорӣ, бахусус соҳибкории хурду миёна, дар ҳалли масъалаҳои иттилоотӣ, ташкилию ҳуқуқӣ ва молиявию қарздиҳӣ корҳои муайянро амалӣ намуд.
Дар вилоят шумораи субъектҳои хоҷагидорӣ ба санаи 1-уми декабри соли 2024 аз аввали бақайдгирӣ 126779 адад, аз ҷумла шумораи субъектҳои соҳибкории инфиродӣ 117206 адад буда, аз рўи патент 19758 нафар, шаҳодатнома 10767 нафар ва шаҳодатнома бо шартҳои махсус 18768 нафар фаъолият мебаранд. Шахсони ҳуқуқӣ 9524 адад, филиал ва намояндагиҳо 49 адад, хоҷагиҳои деҳқонӣ 67913 адад ба қайд гирифта шудаанд.
Бо назардошти бо суръати баланд ворид шудани унсурҳои иқтисоди рақамӣ ба соҳаҳои иқтисодиёт, таъмини рушди босубот ва пешгирикунандаи соҳаи калидӣ дар самти таъмини шуғли пурмаҳсул, яъне соҳибкории хурду миёна, бахусус соҳибкории истеҳсолӣ афзалияти асосиро касб намудааст. Вобаста ба ин, таъмини рушди бонизоми ниҳодҳои молиявӣ, аз ҷумла соҳаи хизматрасониҳои бонкӣ, ҳамчунин, нақлиёт ва коммуникатсия, ки барои рушди соҳибкорӣ заминаи асосиро фароҳам меоварад, зери таваҷҷуҳи пайваста ва дастгирии доимии давлату Ҳукумат қарор дорад. Дар қаламрави вилоят фаъолияти 11 ташкилоту муассисаи қарздиҳию хизматрасонии бонкӣ, аз ҷумла, 2 бонки мустақил, 3 ташкилоти амонатию қарздиҳӣ, 6 фонди қарздиҳии хурд ва 618 воҳиди сохтории ин муассисаҳо, аз ҷумла 103 филиали ташкилотҳои қарздиҳӣ, 509 маркази хизматрасонии бонкӣ, 5 нуқтаи хизматрасонӣ ва 1 воҳиди сайёр ба роҳ монда шудааст.
Дар моҳҳои январ-ноябри соли 2024 ба соҳаҳои иқтисодиёти вилоят дар ҳаҷми 6087,6 миллион сомонӣ маблағҳои қарзӣ равона шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 1506,9 миллион сомонӣ ё 32,9 фоиз зиёд аст. Аз ҷумла, баҳри таъмини рушди соҳаҳои кишоварзӣ 1172,1 миллион сомонӣ, саноат 1137,6 миллион сомонӣ, савдои хориҷӣ 773,0 миллион сомонӣ, хизматрасонӣ 343,2 миллион сомонӣ ва сохтмон 102,3 миллион сомонӣ маблағ сафарбар гардида, барои тақвият бахшидани қобилияти харидории аҳолӣ ва дар ин замина, таъмини ҳолати мутавозини бозори истеъмолӣ ба маблағи 2457,6 миллион сомонӣ қарзҳои истеъмолӣ дода шудааст. Бақияи умумии пасандозҳо ба санаи 1-уми декабри соли 2024 дар ҳаҷми 4249,1 миллион сомонӣ ба ҳисоб гирифта, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 36,9 фоиз афзудааст.
Фоизи миёнавазни қарзҳои додашуда бо пули миллӣ 26,08 ва бо асъори хориҷӣ 12,27 фоиз, фоизи миёнавазни ҷалби пасандоз бо пули миллӣ 14,97 ва бо асъори хориҷӣ 4,33 фоиз аст.
Баҳри фароҳам овардани муҳити мусоиди инвеститсионӣ дар доираи ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ корҳои муайян ба сомон расонида, дар моҳҳои январ-сентябри соли 2024 ба иқтисодиёти вилоят ба маблағи 320,8 миллион доллари ИМА сармоягузории ватанию хориҷӣ ҷалб гардидааст, ки баробари 119,1 фоизи ҳаҷми сармоягузориҳои ҷалбшуда дар ҳамин давраи соли 2023 мебошад. Аз ҷумла, ба маблағи 248,3 миллион доллар сармояи хориҷӣ ва ба маблағи 72,5 миллион доллар сармояи ватанӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти вилоят равона шудааст.
Дар моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ воридоти сармояи мустақим ба маблағи 141,1 миллион доллар ва ҳар гуна сармоягузориҳо ба маблағи 64,2 миллион доллар ба ҳисоб гирифта шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ мутаносибан 133,8 ва 151,6 фоиз мебошад.
Мувофиқи маълумоти Маркази татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар вилоят 18 лоиҳаи сармоягузорӣ амалӣ гардида истодааст. Дар ин давра ба амалисозии лоиҳаҳо 25,3 миллион доллар равона гардида, аз аввали татбиқи лоиҳаҳо 261,4 миллион доллар сармоягузориҳо аз худ карда шудааст. Бо мақсади муаррифии маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва мусоидат ба рушди содирот, инчунин, баҳри ҷалби бештари сармоягузориҳои хориҷӣ, бо ҷалби бахши молиявию қарзӣ, ташкилотҳои сайёҳӣ, шарикони рушди Тоҷикистон, бизнес-ассотсиатсияҳо, намояндагони корпуси дипломатӣ, созмонҳои байналхалқӣ ва доираҳои соҳибкории ватанию хориҷӣ ҳамкориҳои судманд роҳандозӣ гардида истодаанд.
Дар вилоят баргузор намудани ярмаркаю намоишгоҳҳои сатҳи баланд ба ҳукми анъана даромада, санаҳои 17-19 июни соли 2024 дар шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи Х байналмилалии савдо «Суғд-2024» ва Форуми “Имкониятҳои тиҷоративу сармоягузорӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳо” гузаронида шуд. Дар ярмарка ва форум беш аз 500 нафар меҳмони хориҷӣ, аз ҷумла намояндагони корпусҳои дипломатӣ ва доираҳои соҳибкорӣ аз Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Покистон, Ҷопон, Полша, Словакия, Туркия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон, Озарбойҷон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ширкат варзида, 104 меморандум ва созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд. Ҳамзамон, беш аз 250 ширкати ватанию хориҷӣ намунаи молу маҳсулоташонро ба намоиш гузоштанд. Дар ҳамкорӣ бо Палатаи савдо ва саноати вилоят давоми 11 моҳи соли 2024, дар маҷмуъ, 162 вохӯриву мулоқот, аз ҷумла 8 форуми доираҳои соҳибкорӣ, 23 суҳбати атрофи мизи мудаввар, 19 конфронсу семинар ва дигар чорабиниҳои сатҳи минтақавию байналмилалӣ бо иштироки доираҳои соҳибкории ватанию хориҷӣ, шарикони рушд, инчунин намояндагони корпусҳои дипломатӣ баргузор шуданд.
Ҳамзамон, дар ин давра дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ, ки дар давлатҳои хориҷи дуру наздик, аз ҷумла дар ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Белорус, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Туркия, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва пойтахти кишварамон – шаҳри Душанбе баргузор гардид, 293 нафар намояндаи корхонаҳои истеҳсолии вилоят якҷоя бо намояндагони доираҳои тиҷоратӣ, ширкатҳои сайёҳӣ ва ҳунармандон иштирок намуда, маҳсулоти саноатию кишоварзии истеҳсоли ватанӣ ва маҳсули дастони ҳунармандони вилоятро муаррифӣ намуданд.
Савдои яклухту чакана ва хизматрасониҳои пулакӣ
Дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати беҳтар намудани таъминоти аҳолии вилоят бо молҳои аввалиндараҷа ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти корхонаҳои соҳаи савдо ва хизматрасонӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд.
Ҳаҷми умумии гардиши савдо дар 11 моҳи соли 2024 ба 17563,5 миллион сомонӣ ва суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 108,1 фоизро ташкил намудааст. Дар ҳаҷми умумии гардиши савдо ҳиссаи савдои яклухт 1789,2 миллион сомонӣ ё 10,2 фоиз ва ҳиссаи савдои чакана якҷоя бо таъмири автомобилҳо 15774,3 миллион сомонӣ ё 89,8 фоиз аст. Ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба 4553,1 миллион сомонӣ баробар шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 107,6 фоиз мебошад. Аз ҷумла, ҳаҷми хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ 3840,5 миллион сомонӣ ё 84,3 фоизи ҳаҷми умумии хизматрасонии пулакиро ташкил медиҳад.
Гардиши савдои хориҷӣ
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят дар моҳҳои январ-ноябри соли 2024 ба 2910,8 миллион доллари ИМА расонида шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 116,3 фоиз таъмин гардид.
Ҳаҷми воридот 2045,0 миллион доллар буда, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 206 миллион доллар ё 11,2 фоиз афзудааст. Содироти маҳсулот аз вилоят дар ин давра ба 865,8 миллион доллар расонида шуда, суръати афзоиш 130,5 фоиз таъмин гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 202,4 миллион доллар зиёд мебошад. Новобаста аз кам шудани ҳаҷми содироти намудҳои анъанавии маҳсулоти содиротӣ, аз қабили нахи пахта, либосворӣ ва семент, афзоиши ҳаҷми содирот аз ҳисоби афзоиш ёфтани содироти маъдану консентрат ва роҳандозӣ гардидани содироти намудҳои нави маҳсулот, аз қабили сурма ва маҳсулоти он, мис ва маҳсулоти он, инчунин маҳсулоти химиявӣ таъмин шудааст. Дар 11 моҳи соли 2024 ҳамагӣ 216673 тонна маъдан ва консентрат ба маблағи 362,8 миллион доллар содирот шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 1018 тонна ва ба маблағи 48,3 миллион доллар зиёд аст. Дар ин давра 31671 тонна нахи пахта ба маблағи 51,7 миллион доллар, 1118 тонна либосворӣ ба маблағи 17,6 миллион доллар ва 246488 тонна семент ба маблағи 6,3 миллион доллар содирот шудааст.
Содироти маҳсулоти нави сурма ва маҳсулоти он 12492 тонна ба маблағи 218,9 миллион доллар, мис ва маҳсулоти он 6590 тонна ба маблағи 50,3 миллион доллар ва маҳсулоти химиявӣ 57 тонна ба маблағи 27,42 миллион доллар ба ҳисоб гирифта шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ содироти сурма ва маҳсулоти он 2325 тонна ва ба маблағи 116,6 миллион доллар, мис ва маҳсулоти он 4749 тонна ва ба маблағи 39,3 миллион доллар, маҳсулоти химиявӣ 13 тонна ва ба маблағи 27,4 миллион доллар афзудааст. Содироти обҳои ташнашикан нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ ба миқдори 7,9 миллион литр ва ба маблағи 3,4 миллион доллар афзуда, 31,4 миллион литр обҳои гуногуни ташнашикан ба маблағи 11,8 миллион доллар содирот шудааст. Бояд зикр кард, ки маҳсулоти асосии содиротӣ маъдану консентрат ва нахи пахта боқӣ монда, ҳиссаи онҳо дар сохтори содирот назаррас мебошад. Бо дарки ин ҳолат, баҳри таъмин намудани диверсификатсияи содирот тавассути роҳандозии истеҳсолоти намудҳои маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда фаъолият зина ба зина тақвият ёфта истодааст.
Дар 11 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ ба миқдори 34370 тонна коҳиш ёфта бошад ҳам, аз ҳисоби болоравии нархҳо маблағи аз ин ҳисоб воридшуда 509,8 ҳазор доллар афзуда, ҳамагӣ 114854 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 37,6 миллион доллар содирот шудааст. Нархи миёнаи маҳсулоти кишоварзии содиротшуда нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 79 доллар боло рафта, 327 доллар барои 1 тонна ба ҳисоб гирифта шудааст, ки аз зиёд шудани ҳиссаи маҳсулоти дорои арзиши баланди иловагӣ дар сохтори содироти маҳсулоти кишоварзӣ дарак медиҳад.
Дар ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии содиротшуда ҳиссаи хушкмева 80,3 фоиз буда, дар ин давра 84733 тонна хушкмева ба маблағи 30,2 миллион доллар содирот шудааст. Бо мақсади таъмини сатҳи мутавозини бозори истеъмолӣ, фаъолияти мунтазами корхонаҳои истеҳсолӣ ва техникаҳои кишоварзию истеҳсолӣ ба масъалаи воридоти маводи озуқа, ашёи хоми саноатӣ ва маҳсулоти нафтӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир гардида, афзоиши воридоти намудҳои асосии маҳсулот таъмин карда шуд.
Дар ин давра, дар маҷмуъ, 289068 тонна маҳсулоти нафтӣ ба маблағи 219,3 миллион доллар ва 168482 тонна гази моеъ ба маблағи 117 миллион доллар ворид карда шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ воридоти маҳсулоти нафтӣ 63009 тонна афзуда, воридоти гази моеъ 55618 тонна коҳиш ёфтааст. Ҳамзамон, ба маблағи 233,8 миллион доллар 892297 тонна гандум ворид карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 24892 тонна зиёд аст. Новобаста аз таъмин гардидани рушди бомароми истеҳсоли ватании маводи ғизоии аввалиндараҷа, аз қабили равғани растанӣ, бо мақсади таъмини сатҳи мутавозини бозори истеъмолӣ ва захираи миқдори зарурии он, бо назардошти меъёрҳои истеъмолӣ, инчунин бо истифода аз омили пастравии нархҳои ҷаҳонӣ, афзоиши ҳаҷми воридоти ин намудҳои маҳсулот таъмин гардида, дар моҳҳои январ-ноябри соли ҷорӣ ба миқдори 53697 тонна равғани растанӣ ба маблағи 51,65 миллион доллар ворид карда шудааст. Нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ воридоти равғани растанӣ 10556 тонна афзудааст.
Нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм афзоиши воридоти таҷҳизоти саноатӣ ба маблағи 9,3 миллион доллар ва дастгоҳҳои электрикӣ ба маблағи 3,7 миллион доллар ба ҳисоб гирифта шуда, дар моҳҳои январ-ноябри соли 2024, дар маҷмӯъ, ба маблағи 113,0 миллион доллар таҷҳизоти саноатӣ ва ба маблағи 42 миллион доллар дастгоҳҳои электрикӣ ба қаламрави вилоят ворид карда шудааст. Зиёд шудани воридоти таҷҳизоту технологияҳо ва дастгоҳҳои электрикӣ бозгӯи тавсеа ёфтани истеҳсолоти саноатӣ ва рушди бонизоми бахши воқеии иқтисодиёт, ҳамчунин далели зиёд шудани сатҳи даромаднокии хонаводаҳо ва баланд шудани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ мебошад.
Маълумот оид ба рушди соҳаи саноат
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар оид ба таҳкими нуфузи вилоят, ҳамчун минтақаи саноатии мамлакат, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти нави рақобатноку ивазкунандаи воридот, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, густариши иқтидори содиротии вилоят ва дар ин замина, таъмини иҷрои ҳадафи саноатикунонии босуръати мамлакат як силсила тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намуда истодааст.
Давоми 11 моҳи соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят ба маблағи 26517,4 миллион сомонӣ расонида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 115,5 фоиз таъмин гардид. Дар давраи ҳисоботӣ таваҷҷуҳи асосӣ ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда равона карда шуд. Дар моҳҳои январ-ноябри соли 2024 ба миқдори 384,4 ҳазор тонна орд, 4621 тонна равғани растанӣ, 6470,5 тонна маҳсулоти макаронӣ, 46791,2 тонна нон ва маҳсулоти нонӣ, 47250,6 ҳазор қуттии шартӣ консерваҳои гуногун, 17145,2 ҳазор декалитр нӯшокиҳои беспирт истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ суръати афзоиши истеҳсоли орд 142 фоиз, равғани растанӣ 101,1 фоиз, маҳсулоти макаронӣ 100,7 фоиз, нон ва маҳсулоти нонӣ 110,1 фоиз, консерваҳо 131,8 фоиз ва нӯшокиҳои беспирт 127,2 фоиз аст. Дар ин давра ба миқдори 1847,1 ҳазор тонна ангишт истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ суръати афзоиш 133,8 фоиз мебошад.
Ҳаҷми истеҳсоли маводи асосии сохтмонӣ, аз қабили сендвич панел ба андозаи 29,8 ҳазор метри мураббаъ ва суръати афзоиш 45,3 баробар, қубурҳои асбестӣ 133,2 ҳазор метр ё 4,3 баробар, тахтасанг 40,5 ҳазор метри мураббаъ ё 123,5 фоиз, оҳаки бинокорӣ 81,5 ҳазор тонна ё 1,5 баробар, хишти роҳрав 45,8 ҳазор метри мураббаъ ё 123,5 фоиз, хишти бинокорӣ 54,6 миллион дона ё 111,2 фоиз, сангҳои ороишӣ барои намои биноҳо 47,3 ҳазор метри мураббаъ ё 7,0 баробар, бетони сохтмонӣ 50,9 ҳазор метри мукааб ё 128,5 фоиз, плитаҳои оҳану бетон 97,5 ҳазор метри мураббаъ ё 123,6 фоиз, дару тирезаҳои алюминӣ 21,8 ҳазор метри мураббаъ ё 1,7 баробар, профилҳои металлӣ 20,2 ҳазор метри мураббаъ ё 101,3 фоиз, профилҳои алюминӣ барои дару тиреза 7576,1 тонна ё 117,9 фоиз, профилҳои пластикӣ 3947,7 тонна ё 138,3 фоиз, қубурҳои пластикӣ 1480,4 ҳазор метр ё 131,9 фоиз, халтаҳои полиэтиленӣ 1826,9 тонна ё 2 баробар, шишаи сохтмонӣ 16022,2 метри мураббаъ ё 127,3 фоиз ва андоваи минералӣ 1674,5 тонна ё 109,7 фоиз таъмин шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ 1210 корхонаи саноатӣ, аз ҷумла 38 корхонаи хизматрасонии саноатӣ ва 1172 корхонаи истеҳсолӣ ба қайд гирифта шудааст. Намуди маҳсулоти истеҳсолшаванда дар корхонаю коргоҳҳои саноатии вилоят зиёда аз 257 номгӯй мебошад.
Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят бунёди зиёда аз 700 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ, бо зиёда аз 14 ҳазор ҷойи нави корӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, тибқи нақша дар соли 2024 ба истифода додани 140 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо 2800 ҷойи нави корӣ пешбинӣ гардида, дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда давоми 11 моҳи соли 2024 дар миқёси вилоят 148 корхонаву коргоҳи нав бо 1996 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шуруъ намуданд.
Корхонаҳои навтаъсис асосан соҳаҳои саноати истеҳсоли масолеҳи сохтмон, хўрокворӣ ва сабукро дарбар гирифта, барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва воридотивазкунанда мусоидат намуданд. Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои дахлдор ва соҳибкорону ҷомеаҳои меҳнатӣ ҷиҳати бунёди корхонаҳои дӯзандагии либоси миллию мактабӣ ва пойафзолдӯзӣ тадбирҳои судманд андешида шуда истодаанд. Дар моҳҳои январ-ноябри соли 2024 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 14 корхонаю коргоҳи дӯзандагӣ бо 804 ҷойи нави корӣ, 4 корхонаю коргоҳи истеҳсоли пойафзол бо 67 ҷойи нави корӣ ва 2 корхонаи истеҳсоли доруворӣ бо 18 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд. Дар корхонаю коргоҳҳои дӯзандагии вилоят дар ин давра ба маблағи 229,4 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст. Илова бар ин, ба маблағи 6,7 миллион сомонӣ либоси бачагона дӯхта шудааст. Ҳамзамон, дар ин давра 996107 адад либоси мактабӣ ба маблағи 36,7 миллион сомонӣ дӯхта шудааст.
Дар вилоят 16 корхонаи пойафзолдӯзӣ фаъолиятро ба роҳ монда, дар моҳҳои январ-ноябри соли ҷорӣ истеҳсоли пойафзол ба 1854,7 ҳазор ҷуфт баробар шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 1373,6 ҳазор ҷуфт ё 3,9 баробар зиёд аст. Шумораи корхонаҳои истеҳсоли доруворӣ ба 6 адад расида, дар шаҳрҳои Хуҷанд 2 корхона, Гулистон 2 корхона, Истаравшан 1 корхона ва Бӯстон 1 корхона бо истеҳсоли доруворӣ, гиёҳҳои шифобахш ва маводи антисептикӣ машғул ҳастанд. Дар моҳҳои январ-ноябри соли 2024 дар ин корхонаҳо ба маблағи 1898,4 ҳазор сомонӣ 2413,4 ҳазор дона маҳсулоти доруворӣ истеҳсол карда шудааст.
Дар 11 моҳи соли ҷорӣ корхонаҳои калони пахтатозакунӣ бо назардошти захираи ашёи хом, 25708,2 тонна нахи пахта ва 37230,1 тонна чигит истеҳсол намудаанд. Дар вилояти Суғд 8 корхонаи коркарди нахи пахта, аз ҷумла, ҶДММ “Арвис Зелал Текстайл”, ҶДММ “Текстил Тоҷикистон” (собиқ ҶДММ «Спитамен - текстайл»), ҶДММ «Нику Хуҷанд», ҶДММ «Ҷавонӣ», ҶСП «Сатн», ҶДММ «Нассоҷи Хуҷанд», ҶДММ «Органик Ян» ва ҶДММ «Сомон гурӯҳ» бо иқтидори солонаи коркарди 43,5 ҳазор тонна нахи пахта фаъолият доранд. Қайд кардан бамаврид аст, ки фаъолияти ҶДММ «Ҷавонӣ», ҶДММ «Нассоҷи Хуҷанд», ҶСП «Сатн» ва қисман ҶДММ «Органик Ян» силсилаи пурраи коркарди нахи пахтаро дар бар мегирад. Дар моҳҳои январ-ноябри соли 2024 дар корхонаҳо 4509,4 тонна, аз ҷумла барои эҳтиёҷоти худӣ 1420,5 тонна ришта истеҳсол карда шудааст. Илова бар ин, ба миқдори 6191,3 ҳазор метри мураббаъ, аз ҷумла барои эҳтиёҷоти худӣ 5829,5 ҳазор метри мураббаъ газворҳои пахтагини тайёр истеҳсол шудааст. Ҳамзамон, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба бештар коркард намудани нахи пахта дар дохили кишвар то маҳсулоти ниҳоӣ аз тарафи корхонаҳои соҳа ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ барои бунёди сиклҳои нави истеҳсолот то маҳсулоти ниҳоӣ корбарӣ идома дорад.
Маълумот оид ба рушди соҳаи энергетика
Вобаста ба таъмини бонизоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят бо қувваи барқ масъалаи пардохти саривақтии маблағи барқи истифодашуда аҳамияти аввалиндараҷа дорад.
Мувофиқи маълумоти фаврӣ дар моҳҳои январ-ноябри соли 2024 дар вилоят 4416,7 миллион кВт/соат неруи барқ ба маблағи 1613,5 миллион сомонӣ истифода шуда, 1535,2 миллион сомонӣ пардохт шудааст, ки 95,1 фоизро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, аз ҷониби аҳолӣ ба маблағи 472,6 миллион сомонӣ барқ истифода шуда, пардохт 467,3 миллион сомонӣ ё 98,9 фоизро ташкил намудааст. Бақияи қарзи истифодаи қувваи барқ ба ҳолати 1-уми декабри соли 2024 ба 543,3 миллион сомонӣ, аз ҷумла қарзи аҳолӣ 188,1 миллион сомонӣ аст. Бо амалигардонии “Лоиҳаи кам кардани талафоти неруи барқ” ҷамъоварии маблағи қувваи барқи истифодашуда дар шаҳри Хуҷанд тавассути системаи биллингӣ пурра ба роҳ монда шудааст. Таҳлили пешакии натиҷаҳои корҳои баанҷомрасида аз он шаҳодат медиҳад, ки талафоти неруи барқ дар шаҳри Хуҷанд кам шуда, лоиҳаи мазкур ба ҳадафҳои худ расида истодааст.
Давоми 11 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби муштариёни шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд 649,7 миллион кВт/соат неруи барқ ба маблағи 288,6 миллион сомонӣ истифода шуда, 286,9 миллион сомонӣ пардохт шудааст, ки 99,4 фоизро дар бар мегирад. Аз ҷониби аҳолӣ бошад, ба маблағи 120,2 миллион сомонӣ неруи барқ истифода шуда, 122,4 миллион сомонӣ пардохт шудааст, ки 101,8 фоиз мебошад.
Вазъи соҳаҳои сохтмон ва меъморӣ
Дар моҳҳои январ-ноябри соли 2024 баҳри сохтмони иншооти соҳаҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва истеҳсолӣ тадбирҳо андешида шуда, аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ба маблағи 1818,4 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 2,4 баробар зиёд аст. Маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ дар ҳаҷми 2524,4 миллион сомонӣ азхуд карда шуда, суръати афзоиш 100,2 фоиз таъмин гардидааст.
Дар ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 465024 метри мураббаъ манзил ба истифода дода шуда, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 2112 ҷойи талаба ва дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ барои 1040 ҷой иқтидорҳои иловагӣ бунёд ёфтанд.
Тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида бунёд ва азнавбарқароркунии қасрҳои фарҳанг ва боғҳои фарҳангӣ, коргоҳу корхонаҳои дўзандагӣ ва коркарди шир, толору майдончаҳои варзишӣ дар ҳар як деҳа, маҳалла ва биноҳои баландошёна идома дорад.
Дар 11 моҳи соли 2024 ҷиҳати таҳкими корҳои ободониву созандагӣ аз тарафи Идораи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин бо ҷалби сармояи хориҷию ватанӣ якчанд иншооти ҷашнӣ бунёд гардида, дар доираи таҷлили ҷашнҳои Наврӯзи байналмилалӣ, 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии қабули Конститутсия бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуданд. Аз ҷумла, корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти гармидиҳӣ ва чароғакҳои равшанидиҳандаи ҶДММ “Титан 8888” бо 100 ҷойи корӣ, коргоҳи истеҳсоли зарфҳои яккаратаи ҶДММ “Муосир-пласт” бо 50 ҷойи корӣ, бинои нави муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 120 кӯдак бо 20 ҷойи корӣ дар деҳаи Мусаффо, коргоҳи ҶДММ “Технологияи полимерӣ”, корхонаи истеҳсоли хӯроки паранда ва фермаи парандапарварии ҶДММ “Ф.П. Назар”, коргоҳи пойафзолбарории ҶДММ “Фароғатбону Ҷӯраева” ва мактаби навтаъсиси футбол дар заминаи варзишгоҳи таъмиру азнавсозишуда бо 7000 ҷойи нишаст дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Маркази логистикӣ бо 100 ҷойи корӣ ва хати нави технологии истеҳсоли ванадий бо 60 ҷойи корӣ дар заминаи иқтидорҳои КВД “Фулузоти нодири Тоҷикистон”, коргоҳи пойафзолбарорӣ дар заминаи КФ зардӯзию заргарӣ ва касбомӯзии “Зари Суғд” ва Маркази ташхисию табобатии “Луқмони Ҳаким” бо 90 кат дар шаҳри Бӯстон, коргоҳи равғанбарорӣ дар заминаи ҶДММ “Сирдарё” бо 60 ҷойи корӣ, коргоҳи забҳи парандаи ҶДММ “Файзи ҷаҳон” бо 20 ҷойи корӣ, бинои нави муассисаи таҳсилоти томактабии № 9 барои 480 кӯдак бо 63 ҷойи корӣ, Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, Корхонаи муштараки дӯзандагии “Ситораи тоҷ” бо 300 ҷойи корӣ, Корхонаи муштараки дӯзандагии “Ориён Ҷей Текстайл” бо 350 ҷойи корӣ (бо имконияти расонидани шумораи ҷойҳои корӣ то 1000 ҷой), корхонаи коркарди гӯшти мурғи ҶДММ “Насиби ширин” бо 40 ҷойи корӣ, коргоҳи инноватсионии истеҳсоли таҷҳизоти чароғонкунӣ дар заминаи ҶДММ “Само” бо 60 ҷойи нави корӣ, бинои шуъбаи тиббии Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, бинои истиқоматии 9-ошёна бо маркази савдою хизматрасонии “Истиқлол Авеню” ва маркази савдою хизматрасонии “Амид” бо 40 ҷойи нави корӣ, коргоҳи истеҳсоли бозичаҳои бачагона ва мотороллерҳои барқии ҶДММ “Сайри Суғд” ва Маркази нейрокардиоҷарроҳии “Луқмони Ҳаким” бо 60 кат дар шаҳри Хуҷанд, бинои маъмурии деҳоти Гули Сурх, Қасри фарҳанг барои 1000 ҷойи нишаст, боғи фарҳангию фароғатӣ ва муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ дар хиёбони Исмоили Сомонӣ, корхонаи истеҳсоли маводи тиббии ҶДММ “Синомедикал”, корхонаи истеҳсоли сутунпояи барқӣ ва таъмири трансформатори ҶДММ “Истэнерго”, коргоҳи истеҳсоли антифризи ҶДММ “Кӯли Сарез”, коргоҳи истеҳсоли мебели бачагонаи ҶДММ “Адл+”, коргоҳи итстеҳсоли дучарха ва мошинҳои барқии кӯдаконаи ҶДММ “Адл-2” ва бинои нави мактаб – интернат барои 300 нафар кӯдаки нимятиму бепарастор дар шаҳри Истаравшан, бинои нави кӯдакистони №1 барои 150 кӯдак бо маблағгузории соҳибкори маҳаллӣ Даврон Ҷӯраев, бинои нави кӯдакистони №2 барои 300 кӯдак бо маблағгузории буҷети маҳаллӣ ва саҳмгузории соҳибкорони маҳаллӣ, бинои нави МТМУ №48 барои 480 хонанда дар ду баст бо толори варзишӣ, бо маблағгузории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом, корхонаи бастубанди меваи хушки ҶДММ “Неруи Канд” бо 50 ҷойи нави корӣ, коргоҳи пойафзолдӯзии “Фароғат” бо 20 ҷойи корӣ ва маркази хизматрасонӣ, мағоза ва тарабхонаи замонавии “Хосият” бо 20 ҷойи корӣ дар шаҳри Конибодом, коргоҳи коркарди моҳӣ дар заминаи ҶДММ “Таъминоти моҳӣ” бо 15 ҷойи корӣ, корхонаи металлургии ҶДММ “Маҳмуди Ко” бо 100 ҷойи корӣ, коргоҳи истеҳсоли ноқили барқӣ, шланг ва гофраи соҳибкори инфиродӣ Саидҷон Абдуллоев бо 10 ҷойи корӣ, коргоҳи истеҳсоли маводи дорувории ҶДММ “Доруи Суғд” бо 10 ҷойи корӣ ва маркази саломатии шаҳраки Сирдарё бо 10 ҷойи корӣ дар шаҳри Гулистон, коргоҳҳои ресандагӣ, дӯзандагӣ ва истеҳсоли пойафзол дар заминаи ҶДММ “Саноати Ашт” бо 435 ҷойи корӣ дар ноҳияи Ашт бо иштироки Сарвари давлат ифтитоҳ ёфтанд.
Бо мақсади таъмини марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳо бо инфрасохтор ва иншооти муҳандисӣ аз ҷониби шӯрои шаҳрсозӣ корбарӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳангоми ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони иншооти тайиноти гуногун риояи талабот тибқи нақшаи генералии маҳалҳо зери назорати қатъӣ гирифта шуда, ҳангоми сохтмони биноҳои баландошёна дар қади роҳҳои марказӣ дар ошёнаҳои якум ва дуюм ҷойгир намудани марказҳои савдою хизматрасонӣ ва дар таҳхонаи биноҳо ҷойгир намудани таваққуфгоҳи нақлиётӣ тавсия дода мешавад.
Вазъи соҳаҳои нақлиёт ва коммуникатсия
Дар натиҷаи татбиқи саривақтии вазифаҳои муайянгардида, густариши ислоҳоти иқтисодӣ ва истифодаи самараноки захираву имкониятҳои мавҷуда муяссар гардид, ки рушди бонизоми соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия ҳамчун қисми таркибии иқтисодиёти вилоят таъмин гардад.
Дар доираи иҷрои барномаҳои давлатӣ вобаста ба рушди соҳаи иттилоот ва рақамикунонии иқтисодиёт номгӯи хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ сол аз сол тавсеа меёбанд. Аз ҷумла, дар соҳаи андоз системаҳои пешниҳоди ҳисоботи электронӣ пурра ҷорӣ шуда истодааст. Тавассути системаи бонкдорӣ номгӯи зиёди хизматрасониҳо дар сатҳи стандартҳои байналмилалӣ ба тариқи электронӣ ба роҳ монда шудааст. Аз ҷониби Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис-тон дар сатҳи шаҳраку деҳот системаи ҷамъоварӣ ва коркарди ҳисобот ба тариқи электронӣ татбиқ гардида истодааст.
Дар самти рушди инфрасохтори нақлиёт низ густариши иқтисоди рақамӣ босуръат амалӣ гардида, дар нақлиёти ҷамъиятӣ ва хизматрасонии “такси” истифодаи унсурҳои иқтисоди рақамӣ, аз қабили GPS-навигатор ва терминалҳои пардохти электронӣ ба роҳ монда шудаанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо супориши Раиси вилоят ҷиҳати харидорӣ намудани 10 нақлиёти мусофиркашони барқӣ (электробус) корбарӣ намуда истодааст. Инчунин, аз ҷониби ширкатҳои хизматрасонии “такси” корбарӣ ҷиҳати ворид намудани электромобилҳо идома дорад. Мавриди зикр аст, ки дар моҳҳои январ-ноябри соли 2024 ба қаламрави вилоят 2290 электромобил ворид шуд, ки қисми зиёди онҳо бо хизматрасонии “такси” машғул ҳастанд. Раванди густариши иқтисоди рақамӣ дар соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти вилоят дар доираи амалисозии “Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” таҳким бахшида мешавад.
Давоми моҳҳои январ-ноябри соли 2024 тавассути маҷмӯи нақлиёт 38 миллион тонна борҳои гуногун ва 267,1 миллион нафар мусофир кашонида шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 мутаносибан 113 ва 114,4 фоиз аст. Дарозии умумии роҳҳои вилоят 8184,7 километр буда, аз он 3292,17 километр дар мувозинаи Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди вилоят, 278,8 километр дар мувозинаи ширкати “IRS”, 594,1 километр дар мувозинаи хоҷагии манзилию рифоҳӣ қарор дошта, 4019,63 километр роҳҳои байнихоҷагӣ мебошад. Дар соли 2024 таъмиру тармими 2077 километр роҳ, аз ҷумла аз таъмири асосӣ баровардани 211,1 километр роҳ, гузаронидани таъмири ҷории 1085,1 километр ва шағалпӯш намудани 780,8 километр роҳ ба нақша гирифта шудааст,
Барои иҷрои нақшаи пешбинишуда аз ҳамаи сарчашмаҳо 129055,7 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 400 ҳазор сомонӣ, Вазорати нақлиёт 5245,2 ҳазор сомонӣ, буҷети вилоят 45186,0 ҳазор сомонӣ, буҷети шаҳру ноҳияҳо 12324,6 ҳазор сомонӣ, ташкилоту корхонаҳо 6663,4 ҳазор сомонӣ, соҳибкорон 17977,7 ҳазор сомонӣ ва аҳолӣ 41258,8 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар 11 моҳи соли ҷорӣ 2445,9 километр роҳ аз таъмир бароварда шуд, ки аз он 602,5 километр таъмири асосӣ, 1023,3 километр таъмири ҷорӣ ва 820,1 километр шағалпӯш мебошад. Аз ҳисоби буҷети вилоят 26224,3 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуда, 26 километр роҳ аз таъмири асосӣ бароварда шуд. Барои иҷрои корҳо аз ҳисоби Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис-тон 912 ҳазор сомонӣ, Вазорати нақлиёт 3931,7 ҳазор сомонӣ, буҷети маҳаллӣ 5110,5 ҳазор сомонӣ, маблағҳои ташкилоту идораҳо 6443,1 ҳазор сомонӣ, соҳибкорон 56158,6 ҳазор сомонӣ, аҳолӣ 153808,6 ҳазор сомонӣ, дар маҷмӯъ, 252588,8 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо шудааст.
Маълумот оид ба рушди соҳаи алоқа ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
Бо мақсади татбиқи “Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар вилоят лоиҳаи “Автоматизатсиякунонии ҳуҷҷатгузорӣ дар сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд” амалӣ шуда истодааст, ки дар доираи он барномаи махсус ва системаи дохилӣ иборат аз 22 нуқта бо ду сервер насб гардидааст. Ҳамаи нуқтаҳо бо интернети баландсуръат пайваст мебошанд. Байни аксари раёсату шуъбаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тавассути шабакаи “Ҳукумати электронӣ” табодули иттилоот зина ба зина ба роҳ монда шуда истодааст.
Сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят (www.sugd.tj) ва сомонаи расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд – www.khujand.tj, Гулистон – www.guliston.tj, Бӯстон – www.buston.tj, Спитамен–www.spitamen.tj, Исфара- www.isfara.tj, Конибодом–www.konibodom.tj, Ҷаббор Расулов – www.jabborrasulov.tj, Бобоҷон Ғафуров – www.gafurov.tj, Мастчоҳ– www.mastchoh.tj, Кӯҳистони Мастчоҳ - www.kuhistoni-mastchoh.tj, Ашт–www.mihdasht.tj, Панҷакент – www.panjakent.tj, Истаравшан –www.mihdistaravshan.tj, Шаҳристон – www.shahriston.tj, Истиқлол - www.mihd-istiqlol.tj, Айнӣ - ayni.tj, Зафаробод - zafarobod.tj ва Деваштич - devashtich.tj бо истифода аз домени “tj” мавриди истифодаи васеъ қарор дошта, робитаи мустақимро бо шаҳрвандон ба роҳ мондаанд. Ҳамасола барои нигоҳдории сомонаи расмӣ дар буҷети шаҳру ноҳияҳо дар ҳаҷми 50 ҳазор сомонӣ маблағҳои мақсаднок пешбинӣ ва масраф мешаванд. Дар асоси дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 феврали соли 2024, № 16/10-34 саҳифаи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук таъсис дода шуда, раванди фаъолият ҳамарӯза интишор гардида истодааст. Ҳамзамон, дар вилоят 50 рӯзнома ва 6 маҷалла ба нашр мерасад, ки аз он 21 рӯзнома ва 1 маҷалла давлатӣ аст. Соҳаи алоқа дар замони муосир ба раванди рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва таъмини бехатарӣ таъсири назаррас дорад. Вобаста ба ин, ба таъмини рушди соҳа пайваста таваҷҷуҳ зоҳир мегардад.
Филиали суғдии ҶСК “Тоҷиктелеком” танзимкунандаи фаъолияти соҳаи алоқа маҳсуб ёфта, шумораи муштариёнаш ба санаи 1 –уми декабри соли 2024-ум 88637 нафар аст. Ҳамзамон, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 2501 нуқтаи радио мавҷуд буда, 701 баландгӯяк дар ҷойҳои серодам насб шудааст. Дар қаламрави вилоят 1824405 нафар аз хизматрасонии алоқаи мобилӣ истифода мебаранд, ки аз онҳо муштариёни ҶСП “Индиго Тоҷикистон”(Tcell) 1203618 нафар, “Вавилон Мобайл” 264233 нафар, “ТТ Мобайл” (Мегафон) 283067 нафар ва ҶСК “Таком” (Билайн) 73487 нафар мебошанд. Аз шумораи умумии 1168450 нафар истифодабарандаи фаъоли интернет ҳиссаи ҶСП “Индиго Тоҷикистон” 677220 нафар ё 58 фоиз, “Вавилон Мобайл” 206126 нафар ё 17,6 фоиз, “ТТ Мобайл” 238529 нафар ё 20,4 фоиз ва ҶСК “Таком” 46575 нафар ё 4 фоизи муштариёнро дар бар мегирад. Дар қаламрави вилоят 1 телевизиони давлатӣ, 1 радиои давлатӣ, 13 шабакаи телевизион ва 14 шабакаи радиои хусусӣ фаъолият доранд. Фарогирии пахши барномаҳои телевизиони “Тоҷикистон” 99,83 фоиз, “Сафина” -93,78, “Баҳористон” – 87,44, “Ҷаҳоннамо” – 83,79, “ТВ Суғд” – 72,27, “рақамӣ” – 83,26, барномаҳои радиои “1 ҶТ” – 86,47, “2 ҶТ” (Овози тоҷик) – 45,75, “3 ҶТ” (Садои Душанбе) –73,97, “Фар-ҳанг” – 43,81 ва “Суғд” 37,63 фоиз мебошад.
Таъмини аҳолӣ бо оби тоза, беҳдошт ва дастрасӣ ба хизматрасонии коммуналӣ
Боиси ифтихори миллати тоҷик аст, ки бо ибтикор ва пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” қабул гардид.
Вобаста ба ин, масъалаҳои таъминоти аҳолӣ бо оби ошомиданию полезӣ, бахусус амалишавии лоиҳаҳои гуногун дар ин самт, таҳти таваҷҷуҳи доимии давлату Ҳукумат қарор дорад. Дар моҳҳои январ-ноябри соли 2024 кашидани хати оби нӯшокӣ ва таъмиру тармими 100,1 км қубури оби нӯшокӣ, аз ҷумла кашидани 45,8 км хати оби нӯшокӣ, 23 км таъмири асосӣ ва 31,3 км таъмири ҷорӣ амалӣ гардидааст. Илова бар ин, 16 чоҳи амудӣ кофта шуда, 18 чоҳи амудӣ аз таъмир бароварда, 3 ҳавзи захиравӣ таъмир карда шуд. Барои корҳои иҷрошуда аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 8436,1 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби буҷети мутамарказ 274,0 ҳазор сомонӣ, буҷети маҳаллӣ 1043,5 ҳазор сомонӣ, сармоягузории хориҷӣ 3860,7 ҳазор сомонӣ, маблағҳои ташкилоту корхонаҳо 797,1 ҳазор сомонӣ, соҳибкорон ва аҳолӣ 2460,8 ҳазор сомонӣ равона гардидааст. Ба аҳолии шаҳри Хуҷанд аз ҷониби корхонаи “Хуҷандобуканал” тавассути ду манбаи обтаъминкунӣ: рӯизаминӣ ва зеризаминӣ об расонида мешавад. Манбаи рӯизаминӣ аз оби сойи Хоҷабоқирғон бо канали КДФ “Хоҷабоқирғон” ва чоҳҳои амудии захиравӣ бо об таъмин шуда, тавассути лӯлаи об ба шаҳри Хуҷанд интиқол дода мешавад. Инчунин, 2 ҳавзи захиравии ғунҷоишаш 1000 метри мукааб ва 2 ҳавзи ғунҷоишаш 6000 метри мукааб барои таҳшинкунӣ ва интиқоли об хизмат мерасонанд. Иқтидори лоиҳавии истеҳсоли об дар як шабонарӯз 85000 метри мукааб мебошад.
Аз шумораи умумии аҳолии вилоят, бо назардошти манбаъҳои табиии оби нӯшокӣ, аз қабили чашмаю кӯлҳо ва дарёчаҳои кӯҳӣ, зиёда аз 70 фоиз ба оби тозаи нӯшокӣ дастрасӣ доранд. Корхонаҳои тобеи КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” дар шаҳру ноҳияҳо якҷоя бо корхонаи “Хуҷандобуканал”-и шаҳри Хуҷанд ба зиёда аз 550 ҳазор нафар аҳолии шаҳру ноҳияҳои вилоят оби ошомиданиро дастрас менамоянд, ки наздик 20 фоизи шумораи умумии аҳолии вилоятро дар бар мегирад. Аз ҷумла, корхонаи “Хуҷандобуканал” ба 199371 нафар аҳолии шаҳр ва 27192 нафар аҳолии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оби нӯшокиро дастрас менамояд. Дастрасии аҳолии шаҳри Хуҷанд ба оби тозаи ошомиданӣ ба 98,1 фоиз расонида шуда, бо амалӣ гардидани марҳилаҳои 2 ва 3 Лоиҳаи “Хатти обрасонӣ аз чашмаи Деҳмойи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба шаҳри Хуҷанд” таъминоти пурраи аҳолии шаҳр бо оби нӯшокӣ амалӣ мегар-дад. Барои ба итмом расонидани лоиҳаи мазкур аз буҷети мутамарказ 7700 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида, ба ҳолати 1 декабри соли ҷорӣ пурра азхуд шудааст. Дар марҳилаи минбаъда дар ҳошияи иқдоми сатҳи ҷаҳонии Сарвари давлат оид ба эълон шудани “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” тавсеаи фаъолият дар самти таъмини аҳолии вилоят бо оби сифатноки ошомиданӣ назардоштшуда, инчунин, дар доираи татбиқи марҳилаи дуюми “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, яъне “Барномаи миёнамуҳлати рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд барои солҳои 2021-2025” ва барномаҳои шаҳрию ноҳиявӣ лоиҳаҳои гуногунҳаҷм татбиқ шуда истодаанд.
Маълумот оид ба ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат
Кишоварзӣ дар вилоят соҳаи афзалиятнок боқӣ мемонад, зеро бо рушди ин соҳа пешрафти соҳаи саноати вилоят алоқаманд буда, дар масъалаи таъмини амнияти озуқаворӣ ва ба шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ нақши аввалиндараҷа мебозад.
Дар давраи ҳисоботӣ кишоварзони вилоят ҷиҳати рушди соҳа тадбирҳои судманд андешиданд. Дар натиҷа, ба ҳолати 1-уми декабри соли 2024 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба маблағи 20527,6 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 113 фоиз таъмин гардид. Соли ҷорӣ тибқи структураи кишти тасдиқгардида дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят дар майдони 282832 гектар замин кишти зироатҳо гузаронида шудааст. Аз ҷумла, масоҳати кишти ғалладонагиҳо бе ҷуворимаккаи дон 119824 гектар, аз ҷумла гандум 54271 гектар, ҷав 48625 гектар, шолӣ 9619 гектар, лӯбиёгиҳо 4828 гектар ва ҷуворимаккаи дон 6862 гектар, картошка 29005 гектар, сабзавот 18550 гектар, аз ҷумла пиёз 4919 гектар, полезиҳо 5545 гектар ва зироатҳои хӯроки чорво 45126 гектар мебошад.
Кишти зироати асосӣ, яъне пахта дар масоҳати 52361 гектар гузаронида шуда, нисбат ба масоҳати кишти соли қаблӣ 7298 гектар афзудааст. Мавриди зикр аст, ки масоҳати кишти гузаронидашудаи аксари зироатҳо нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ зиёд аст. Аз ҷумла, масоҳати кишти шолӣ 1014 гектар, картошка 3668 гектар, сабзавот 94 гектар, аз он пиёз 52 гектар нисбат ба масоҳати кишти гузаронидашуда дар ҳамин давраи соли 2023 зиёд буда, масоҳати умумии кишти зироатҳо нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 2515 гектар зиёд шудааст.
Дар соли 2024 кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ дар хоҷагиҳои ҷамоавию деҳқонӣ дар масоҳати 20000 гектар пешбинӣ шудааст. Тибқи маълумоти фаврӣ дар 11 моҳи соли ҷорӣ майдони умумии кишти такрорӣ дар хоҷагиҳои ҷамоавию деҳқонӣ 24463 гектар ё 122 фоизи дурнаморо ташкил намудааст, ки нисбат ба дурнамои пешбинишуда 4463 гектар ва нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли қаблӣ 1076 гектар зиёд мебошад. Нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ истеҳсоли ғалладонагиҳо 26580,3 тонна, аз ҷумла гандум 12621,3 тонна афзуда, дар давраи ҳисоботӣ 425286,4 тонна ғалладонагӣ бо ҷуворимаккаи дон, аз ҷумла 187025,9 тонна гандум истеҳсол шудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ дар вилоят истеҳсоли сабзавот 667699,4 тонна, аз ҷумла пиёз 205602,3 тонна, картошка 655405,4 тонна, полезӣ 232896,7 тонна, мевагиҳо 230334,7 тонна, аз ҷумла зардолу 151937,8 тонна, ангур 61803,6 тонна, зироатҳои хӯроки чорво 505380,7 воҳиди хӯрока ба ҳисоб гирифта шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 суръати афзоиши истеҳсоли сабзавот 105,2 фоиз, аз ҷумла пиёз 109,3 фоиз, картошка 110,9 фоиз, полезӣ 105,5 фоиз, мевагиҳо 104,8 фоиз, ангур 121 фоиз, зироатҳои хӯроки чорво 1,8 баробар таъмин гардидааст.
Истеҳсоли гўшти чорвою паранда бо вазни зинда 72784,3 тонна, аз ҷумла гӯшти паранда 18335,3 тонна, моҳӣ 824,9 тонна, шир 278232,2 тонна, тухм 705,2 миллион дона, асал 1586,2 тонна ва пашм 1698,7 тонна буда, суръати афзоиши гӯшти чорвою паранда 110,5 фоиз, аз ҷумла гӯшти паранда 100,2 фоиз, моҳӣ 101,3 фоиз, шир 106,2 фоиз, тухм 100,2 фоиз, асал 101,9 фоиз ва пашм 102,9 фоиз таъмин шудааст.
Тибқи ҳисоботи фаврӣ ба ҳолати 1-уми декабри соли 2024 дар хоҷагиҳои кишоварзии вилоят 166 гектар боғу токзори нав бунёд шудааст, ки аз он 23 гектар боғи интенсивӣ мебошад. Ҳамзамон, барқароркунии боғу токзор дар масоҳати 903 гектар гузаронида шудааст. Боғҳои нав аз ҳисоби заминҳои корами лалмӣ, чарогоҳ ва боир бунёд гардида, асосан ба воситаи таҷҳизоти каммасрафи қатрагӣ обёрӣ мешаванд.
Ба масъалаи азхудкунии заминҳои нав ва ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои боир, лалмӣ ва аз гардиш берунмонда таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир гардида, 573,93 гектар, аз ҷумла 375,07 гектар чарогоҳ, 160,44 гектар замини ғайрикишоварзӣ, 20,82 гектар буттазор ва 17,6 гектар замини зери об азхуд карда шудааст.
Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят саршумори чорвои калони шохдор 781589 сар, аз ҷумла модагов 424373 сар, гўсфанду буз 1900235 сар, паранда 6309025 сар, асп 9286 сар ва занбӯри асал 80629 оила буда, нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ саршумори чорвои калони шохдор 25361 сар, аз ҷумла модагов 15573 сар, гўсфанду буз 90185 сар, паранда 698157 сар, асп 119 сар ва занбӯри асал 682 оила зиёд шудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ маҳсулнокии чорво, аз ҷумла ширдўшӣ аз 1 сар модагов ба ҳисоби миёна 1816 килограммӣ буда, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта аз ҳар сар модагов 60 килограммӣ зиёд шудааст.
Наслгирӣ аз 100 сар модагов 68 сарӣ ва аз 100 сар гўсфанду буз 95 сарӣ буда, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ гирифтани гӯсола 2 сарӣ ва барраву бузғола 2 сарӣ зиёд шудааст.
Ҷиҳати истифодаи самараноки гармхонаҳои мавҷуда ва бунёди гармхонаҳои нав бо истифода аз усулҳои муосир корбарӣ карда шуда, дар бахши корхонаҳои кишоварзию хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолияти 524 гармхона ба роҳ монда шудааст. Аз ин миқдор, дар 304 гармхона парвариши сабзавот дар 220 гармхона парвариши лимӯ ва гулҳо роҳандозӣ гардидааст. Аз шумораи умумии гармхонаҳои парвариши сабзавот 264 гармхона навъи хитоӣ ва 5 гармхона навъи инноватсионӣ мебошад. Майдони умумии кишти сабзавот дар гармхонаҳои хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии вилоят ба 19,98 гектар расонида шуд, ки аз он 7,79 гектар помидор, 2,42 гектар бодиринг ва 9,77 гектар дигар зироатҳоянд. Илова бар ин, дар майдони 14,44 гектар дарахтони лимӯ ва 6,16 гектар кӯчати гулҳо парвариш ёфта истодаанд.
Дар миқёси вилоят 44 сардхона бо ғунҷоиши аз 30 то 3000 тонна фаъолият дошта, дорои иқтидори умумии 15655 тонна мебошанд. Аз ҷониби хоҷагиҳои деҳқонию корхонаҳои кишоварзӣ ва соҳибкорон ҷиҳати захира намудани миқдори зарурии маҳсулот барои таъмини бозори истеъмолии вилоят бо сабзавоту меваҷоти хушсифат дар давраи тирамоҳу аввали баҳори солҳои 2024-2025 корбарӣ оғоз гардида, то ин давра ба миқдори 1421 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла 1041 тонна себ, 518 тонна ангур, 76 тонна сабзӣ, 36 тонна биҳӣ, 23 тонна картошка ва 20 тонна хурмо захира карда шудааст.
Бо афзудани талабот ба сардхонаҳо аз ҷониби соҳибкорони соҳа бо ҷалби сармоягузориҳои дохилию хориҷӣ технологияҳои ҳозиразамон ворид ва насб карда шуда, фаъолияти пурра ва мунтазами иқтидорҳои мавҷуда ва бунёди иқтидорҳои нави сардхонаҳо таъмин мегардад.
Дар моҳҳои январ-ноябри соли 2024 бо мақсади таъмини аҳолии вилоят бо маводи озуқа ва танзими нархҳои бозори истеъмолӣ 49 маротиба ярмарка гузаронида, дар маҷмӯъ, ба миқдори 8128,1 тонна маҳсулот, аз ҷумла 1076,7 тонна орд, 382,9 тонна равғани растанӣ, 265,3 тонна гӯшти чорвою паранда, 167,4 тонна шакар, 168,8 тонна биринҷ, 1592,9 тонна картошка, 936,8 тонна сабзӣ, 1255,7 тонна бехпиёз, 823,1 тонна сабзавоти гуногун, 674,6 тонна меваҳои гуногун, 126,5 тонна консерв ва обҳои ташнагишикан, 2442,3 ҳазор дона тухм ва дигар маҳсулоти хӯрокворӣ бо нархҳои дастрас ба фурӯш бароварда шуданд.
Баробари афзудани теъдоди хоҷагиҳои инфиродӣ масъалаҳои таъминот бо техникаи кишоварзӣ, оби полезӣ ва ҳифзи бехатарии зироатҳо аҳамияти аввалиндараҷа пайдо менамоянд. Бо мақсади омӯзонидани риояи қоидаҳои агротехникӣ ва таъмини амнияти зироатҳои кишоварзӣ аз таъсири ҳашароти зараррасон ва ҳар гуна касалиҳо ба масъалаи таъсиси марказҳои хизматрасонӣ ва нуқтаҳои маслиҳатдиҳӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуда, дар ин давра фаъолияти 649 марказ ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла, 168 маркази хизматрасонии техникӣ, 13 маркази хизматрасонии техникии КВДҶ “Тоҷикагролизинг”, 94 нуқтаи маслиҳатдиҳӣ, 101 мағозаи фурӯши қисмҳои эҳтиётӣ, 77 мағозаи фурӯши тухмӣ, 46 нуқтаи фурӯши ниҳолҳо, 72 мағозаи фурӯши нуриҳои минералӣ ва 78 мағозаи фурӯши заҳрхимикатҳо ба кишоварзони вилоят хизмат расонида истодаанд. Дар самти ислоҳоти соҳаи обрасонӣ тадбирҳо андешида шуда, дар вилоят 180 ассотсиатсияи истифодабарандагони об фаъолият мебарад, ки дар танзими системаи обрасонӣ ва таъминоти бонизоми замин-ҳои кишоварзӣ бо об нақши муҳим дорад.
Дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади роҳандозӣ намудани таъминоти мунтазами оби полезӣ ва беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, ки омили муҳими баланд бардоштани боздеҳи замин арзёбӣ мешавад, аз ҳисоби буҷети вилоят барои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии 5778,0 гектар замин дар соли 2024 ба миқдори 4793 ҳазор сомонӣ маблағ пешбинӣ гардидааст. Дар 11 моҳи соли ҷорӣ бо сарфи 3624 ҳазор сомонӣ ҳолати мелиоративии 4544 гектар замин беҳтар карда шуд, ки 79 фоизи нақшаи солонаро дар бар мегирад. Ҳамзамон, бо мақсади беҳтар намудани вазъи обрасонӣ, кам кардани исрофи оби полезӣ, барои харидории дастгоҳҳои обкашии ҳозиразамон, таъмиру тармими пойгоҳҳои обкашӣ, тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо дар шаҳру ноҳияҳои кишоварзӣ ва омода намудани инфрасохтори соҳа ба фаъолияти мунтазам дар соли ҷорӣ аз ҳисоби буҷети вилоят 12,5 миллион сомонӣ, аз ҷумла ба шаҳру ноҳияҳои Спитамен 3,5 миллион сомонӣ, Мастчоҳ 3,0 миллион сомонӣ, Зафаробод 3,0 миллион сомонӣ, Конибодом 2,5 миллион сомонӣ ва Ашт 500 ҳазор сомонӣ маблағ равона шуд. Илова бар ин, барои харидорӣ ва насб намудани як дастгоҳи обкашӣ бо муҳаррики барқӣ барои пойгоҳи обкашии Мирзочӯл-2 бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағи талафи истеҳсолоти кишоварзӣ 10 миллион сомонӣ ва аз ҳисоби буҷети вилоят 5 миллион сомонӣ маблағ ҷудо карда шудааст. Дар асоси нақшаҳои тарҳрезишуда, ҷиҳати таҷдиди пурраи пойгоҳҳои обкашӣ ва инфрасохтори обрасонӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об татбиқи лоиҳаҳои мақсаднок амалӣ карда мешаванд.
Таъмини устувории экологӣ ва рушди устувор
Ҳифзи муҳити зист дар замони муосир хусусияти глобалиро касб намудааст. Хурсандибахш аст, ки пешниҳоди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати ҳалли проблемаҳои ҳифзи муҳити зист ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамаҷониба дастгирӣ ёфта, қарорҳои дахлдор қабул карда шудаанд.
Боиси сарфарозист, ки ташаббуси панҷуми Тоҷикистон бо ибтикори Сарвари давлат бобати “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон доштани соли 2025 аз ҷониби Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид якдилона пазируфта шуда, қарори дахлдор бобати эълон намудани “Соли 2025 –Соли байналмилалии ҳифзи паряхҳо” қабул гардид.
Дар қаламрави вилоят вобаста ба таъминот бо оби полезӣ, бахусус тавассути ҷамъкунии оби борон ва мутобиқ намудани фаъолияти кишоварзӣ дар минтақаҳои осебпазири наздикӯҳӣ ва баландкӯҳ, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд корҳои назаррас анҷом дода шуданд.
Аз ҷумла, дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Панҷакент, Исфара, Конибодом, Айнӣ, Ҷаббор Расулов, Зафаробод ва Бобоҷон Ғафуров дар самти таъминот бо оби полезию нӯшокӣ, ҳимояи аҳолӣ ва зироатҳо аз фаромадани сел, бунёди боғҳо, кишти картошкаю дигар зироатҳо ва ҳимояи зироатҳо аз ҳашароти зараррасон лоиҳаҳои гуногун татбиқ гардида истодаанд.
Вобаста ба пешгирии ҳолатҳои фавқулода ва рафъи оқибатҳои ҳодисаҳои фавқулода Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодаи вилоят мунтазам корбарӣ намуда, тавассути воситаҳои ахбори омма шаҳрвандонро аз эҳтимолияти сар задани ҳолатҳои фавқулода хабардор менамояд.
Дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят 35 партовгоҳи партовҳои сахти маишӣ, 16 партовгоҳи истеҳсолӣ, 1 партовгоҳи заҳрдору ва 10 партовгоҳи радиоактивӣ мавҷуданд. Илова бар ин, дар миқёси вилоят 779 нуқтаи ҷамъоварии муваққатии партов бо 2271 қуттии махсуси партовҷамъкунӣ ташкил карда шуда, тавассути 187 техникаи махсус партовҳои ҷамъшуда ба партовгоҳҳо кашонида, рӯйпӯш карда мешавад.
Партовгоҳи партовҳои сахти маишии шаҳри Хуҷанд тавассути Лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хуҷанд» бо дастгирии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд азнавсозӣ шуда истодааст.
Дар марҳилаи якуми барномаи мазкур 18 нақлиёти махсуси партовкашонӣ ва 1584 қуттии партов дастрас гардидааст. Дар марҳилаи дуюм харидории 19 нақлиёти махсус пешбинӣ шуда, то ин давра 19 нақлиёт ворид карда шуд. Инчунин, дар ин марҳила сохта, ба истифода додани зиёда аз 100 нуқтаи партовҷамъкунӣ бо 750 қуттии партов дар назар дошта шуда, лоиҳа дар ин самт пурра амалӣ гардид.
Дар доираи амалисозии марҳилаи дуюми лоиҳа корҳои таҷдиду ободонии ҳудуди қароргоҳ ва васеъкунии майдони партовгоҳ ба итмом расида, 1 адад таҷҳизоти муосири коркарди партов харидорӣ ва насб карда шуд, ки пас аз гузаштани санҷиши давлатӣ ба фаъолият оғоз мекунад.
Дар ҳудуди вилоят 64 иншооти партовобтозакунӣ мавҷуд буда, аз он 30 иншоот дар ҳолати корӣ қарор дорад. Қисми асосии иншоотҳои партовобтозакунии шаҳру ноҳияҳо дар мувозинаи корхонаҳои алоҳида қарор дошта, аксарияти онҳо ба таъмиру азнавсозӣ ниёз доранд. Бо ҷалби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ, аз ҷумла маблағҳои шарикони рушд ва буҷети маҳаллӣ фаъолияти иншоотҳои аз фаъолият бозмонда зина ба зина барқарор мегардад. Бо мақсади иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024 баён намудаанд, ҷиҳати беҳсозии муҳити зист маъракаи ниҳолшинонию кабудизоркунӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба таври муташаккилона роҳандозӣ гардидааст. Дар моҳҳои январ-ноябри соли 2024 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 14225 бех ниҳоли дарахтони сояафкану ороишӣ, 5896456 дона кӯчати гулҳои гуногун, аз ҷумла 274067 дона садбарг, 200076 дона канна, 766915 дона петуняи голландӣ, 778550 дона пиёзаки гули лола ва 3807800 дона гулҳои ҳархелаи мавсимӣ, аз қабили карнайгул, катарантус, тагетс, тоҷихурӯс ва марҷонгул шинонида шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ баҳри иҷрои талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилооти экологӣ» ва «Дар бораи маърифати экологӣ», ҳамчунин, дар доираи амалисозии “Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташвиқоту тарғибот ба роҳ монда, дар матбуоти даврӣ 217 мавод ба чоп расида, ба воситаи телевизион 350 гузоришу барномаҳо намоиш дода шуданд, инчунин, тавассути радио 152 гузориши мустақим таҳия ва шунавонида шуданд. Баҳри таъмини устувории экологӣ, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, бартараф намудани партовгоҳҳои ғайриқонунӣ корбарӣ ба таври мунтазам ба роҳ монда шуда, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати экологии шаҳрвандон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 43 семинару сӯҳбати атрофи мизи мудаввар, 16 озмун, 33 намоишгоҳ, 862 вохӯриву сӯҳбат бо аҳолӣ, 254 вохӯрӣ дар мактаб ва 133 вохӯрӣ дар боғча гузаронида, савияи дониши экологии аҳолӣ баланд бардошта шуд.
Вазъи соҳаи сайёҳӣ
Дар доираи татбиқи “Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030” ҷиҳати таъмини рушди соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ дар вилоят дар ин давра корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд.
Айни ҳол дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 46 ширкати сайёҳӣ ва 2 ташкилоти ҷамъиятӣ – Шӯрои рушди сайёҳӣ ва Ассотсиатсияи рушди сайёҳии Зарафшон фаъолият мебаранд.
Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 95 субъекти хизматрасонии сайёҳӣ, аз ҷумла 62 меҳмонхона, 18 осоишгоҳ, 2 маркази муолиҷавӣ, 4 дармонгоҳи табобатӣ-истеҳсолӣ, 4 лагер, 2 хонаи истироҳатӣ, 1 базаи истироҳатӣ ва 1 базаи сайёҳӣ бо ғунҷоиши 7441 ҷой, 24 осорхона ва 1190 ёдгории таърихию фарҳангӣ, 97 зиёратгоҳ, 23 боғи фарҳангию фароғатӣ, 30 ҳавзи моҳипарварӣ ва зиёда аз 1200 нуқтаи хӯроки умумӣ, аз қабили қаҳвахона, ошхона ва чойхона дар шаҳру ноҳияҳои вилоят фаъолият мебаранд. Натиҷаҳои омӯзиши иқтидори сайёҳӣ нишон медиҳад, ки вилоят вобаста ба хусусиятҳои ҷуғрофии худ дорои имкониятҳои зиёд барои рушди саёҳати экологӣ буда, асоси онро табиати нодир, манзара, обҳои мусаффо, кӯл ва сарчашмаҳои обҳои шифобахш, боғ, наботот ва ҳайвоноти нодир ташкил медиҳанд.
Иқтидори иқтисодии саёҳати экологӣ бемаҳдуд аст, вале барои ташаккул ва рушди он маблағгузории муайян ва хароҷоти бомақсад зарур аст. Таъсиси инфрасохтори зарурӣ барои саёҳати экологӣ имкон медиҳад, ки дастрасии гӯшаҳои нодири табиӣ барои сайёҳон таъмин карда шавад. Дар давраи ҳисоботӣ аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ва боғу гулгаштҳои вилоят зиёда аз 174,7 ҳазор нафар, аз ҷумла 19,7 ҳазор нафар сайёҳони хориҷӣ дидан намуданд. Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2024 дар осоишгоҳу истироҳатгоҳ ва меҳмонхонаҳои вилоят 101,1 ҳазор нафар табобату истироҳат намуданд, ки аз онҳо 20,3 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд.
Дар ду муассисаи таълимии вилоят - Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент ва факултаи геоэкология ва туризми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо ихтисоси менеҷменти сайёҳӣ кадрҳои соҳаи сайёҳӣ омода менамоянд.
Ширкатҳои сайёҳӣ дар самти сайёҳии экологӣ, фарҳангӣ, тиҷоратӣ, таърихӣ – этнографӣ, табобатӣ, экскурсионӣ, мусоидат барои гирифтани раводид, шиносномаи хориҷӣ ва дастрас намудани чиптаҳои ҳавопаймоӣ хизмат мерасонанд. Баҳри рушди сайёҳии воридотӣ низ ширкатҳои сайёҳӣ барои ташвиқу тарғиб, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва ташкил намудани хатсайрҳои наву ҷолиби диққат фаъолияти худро равона менамоянд.
Бо мақсади муаррифии имкониятҳои сайёҳии минтақа ва беҳтар намудани дастрасӣ ба иттилооти соҳа, сомонаи сайёҳии вилоят www.welcomesugd.tj фаъол гардида, бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ маводи зарурӣ ҷой дода шудааст. Барои манзур кардан ба сайёҳони дохиливу хориҷӣ харитаи сайёҳӣ, китоби роҳнамои сайёҳии вилоят “Туризм и ремесло” (Северный Таджикистан) бо забонҳои хориҷӣ таҳия ва нашр гардид. Инчунин, маҷаллаи “Tajikistan`s guide” дар таҳрири нав нашр шуд.
Маълумот оид ба вусъати шуғли пурмаҳсул
Таъмини шуғли пурмаҳсули аҳолӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат буда, сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат аз татбиқи босамар ва оқилонаи он вобаста аст.
Даромадҳои пулии аҳолӣ ва музди меҳнат бозгӯйи сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ мебошад. Музди миёнаи меҳнат дар ин давра мувофиқи вилоят 2092,91 сомонӣ буда, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 249,40 сомонӣ зиёд мебошад. Музди миёнаи меҳнати нисбатан баланд дар шаҳру ноҳияҳои Айнӣ 3579,71 сомонӣ, Гулистон 3012,23 сомонӣ, Панҷакент 2633,22 сомонӣ ва Хуҷанд 2378,54 сомонӣ ба ҳисоб гирифта шудааст.
Давоми 11 моҳи соли 2024 ба раёсат, шуъбаю бахшҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 43188 нафар шаҳрванд муроҷиат намуданд, ки 23054 нафарашон зан мебошанд. Дар ин давра аз ҳисоби муроҷиаткунандагон 29184 нафар ҳамчун корҷӯй дар сохторҳои мақомоти шуғли аҳолӣ ба қайд гирифта шуда, ба 6972 нафар мақоми бекорӣ дода шудааст. Аз ҷумлаи бекорони қайдшуда занон 3551 нафар ё 50,9 фоиз ва ҷавонони синни 15-29-сола 4252 нафар ё 61 фоизро ташкил медиҳанд. Мувофиқи “Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон” давоми соли 2024 дар вилоят бо ҷойи корӣ таъмин намудани 20040 нафар шаҳрванди корҷӯй ва бекор ба нақша гирифта, ба ҳолати 28 ноябри соли 2024 аз ҷониби мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ ба 19483 нафар барои бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудан мусоидат карда шуд, ки ин нишондод 97,2 фоизи нақша мебошад.
Ҳамасола бо мақсади бо ҷойи корӣ таъмин намудани шаҳрвандоне, ки дар бозори меҳнат рақобат карда наметавонанд ва дар ҷустуҷӯи кор душворӣ мекашанд, ҷойҳои кории холии пешакӣ, яъне квота муқаррар мегардад. Тибқи нақшаи соли ҷорӣ миқдори квотаҳо 2208 адад муайян шуда, дар давраи ҳисоботӣ 2064 нафар шаҳрванд тавассути квота бо кор таъмин гардид, ки 93,5 фоизи нақшаи барномавиро дар бар мегирад. Аз ҷумла, 30 нафар маъюб, 422 нафар шахсони аз хизмати ҳарбӣ рухсатшуда, 326 нафар волидоне, ки беш аз 5 кӯдаки ноболиғ доранд, 468 нафар волидоне, ки дар тарбияашон кӯдаки ноболиғ ва фарзанди маъюб доранд, 417 нафар ҷавони то синни 18-сола ва шаҳрвандон баъди хатми муассисаҳои таълимӣ тариқи квота бо ҷойи корӣ таъмин шуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади бо кор таъмин намудани корҷӯён, бекорон ва муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта 281 ярмаркаи ҷойи кории холӣ гузаронида шуд. Тавассути ин ярмаркаҳо 3348 нафар кор-ҷӯёну бекорон бо ҷойҳои кории доимӣ таъмин гашта, 2274 нафар ба касбомӯзӣ ва 417 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар шуданд. Ҷамъи шаҳрвандони бекори ба воситаи ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ба шуғл ҷалбшуда 6039 нафар ҳастанд. Бо мақсади саросар соҳибкасб намудани шаҳрвандони аз 18-сола боло дар давраи ҳисоботӣ ба 4907 нафар барои касбомӯзӣ роҳхат дода шуд, ки 97,7 фоизи нақшаи солонаро дар бар мегирад. Ҳамзамон, 9267 нафар тариқи худмаблағгузорӣ ба касбомӯзӣ ҷалб гардиданд, ки баробари 97 фоизи нақшаи пешбинишуда барои соли 2024 мебошад.
Давоми моҳҳои январ-ноябри соли ҷорӣ шаҳрвандони ба хориҷа сафарнамуда 243973 нафар, аз ҷумла занон 86367 нафар буда, шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ 208090 нафар, аз ҷумла занон 74258 нафар ба қайд гирифта шудааст. Дар ин давра 217126 нафар муҳоҷир ба Ватан баргаштанд, ки аз онҳо 81667 нафар занон мебошанд. Дар ин давра шумораи муҳоҷирони ба Ватан баргашта нисбат ба шаҳрвандони ба муҳоҷират рафта 9036 нафар, аз ҷумла занон 7409 нафар афзудааст.
Дар миқёси вилоят фаъолияти 285 маркази таълимӣ-истеҳсолӣ, аз ҷумла 108 маркази атласу адрасбофӣ ва 177 маркази дигар намудҳои ҳунарҳои мардумӣ ба роҳ монда шуд. Дар вилоят тибқи таҳқиқоти омории фаъолияти ҳунармандӣ ва истеҳсоли маҳсулоти дастӣ, бо назардошти ҳунармандоне, ки дар хона фаъолият доранд, зиёда аз 30,8 ҳазор нафар ҳунарманд, бахусус занону духтарон, ба шуғл фаро гирифта шудаанд. Дар моҳҳои январ-ноябри соли 2024 ҳунармандони вилоят ба миқдори 83,3 ҳазор метри мураббаъ матои адрас истеҳсол намудаанд. Илова бар ин, аз ҷониби мақомоти омор истеҳсоли 1106 қолини дастибоф, 2732 кӯрпа, 7711 кӯрпачаи қуроқӣ, 4267 матрас, 8769 болишти гулдӯзӣ, 8320 тоқии миллӣ, 3914 сӯзанӣ, 10275 миёнбанд, 16351 ҷомаи миллӣ, 3082 корд, 9062 сабад, 4353 гаҳвора, 5891 танӯр, 5730 сандуқ ба ҳисобот ворид шудааст. Бо мақсади тиҷоратикунонии соҳаи ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 142 нуқтаи фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ таъсис ёфта, илова бар ин, маҳсули дастони ҳунармандони вилоят тавассути сомонаҳои интернетӣ ба мизоҷони дохилию хориҷӣ пешниҳод ва дастрас мешаванд.
Дар 11 моҳи соли 2024 мақомоти давлатии меҳнат ва шуғли аҳолӣ 3698 нафар шаҳрвандро ба омӯзиши касбу ҳунар фаро гирифтааст, ки қисми зиёди онҳо бевосита ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла ба омӯзиши ҳунарҳои дӯзандагӣ 1675 нафар, қаннодӣ 616, ошпазӣ 376, қуроқдӯзӣ 185, адрасбофӣ 157, қолинбофӣ 156, гулдӯзӣ 108, сабадбофӣ 72, бофандагӣ 65, мӯҳрабофӣ 80, нонпазӣ 31, ҷомадӯзӣ 30, сӯзанидӯзӣ 20, кулолгарӣ 20 ва пардадӯзӣ 15 нафар шаҳрванд ҷалб гардидаанд.
Баъд аз хатм ва соҳиби шаҳодатнома гардидан онҳо метавонанд аз ҳисоби даромади фаъолияташон сатҳи зиндагии худро беҳтар намоянд.
Дар моҳҳои январ-октябри соли 2024 дар вилоят шумораи рӯйхати кормандон 448,2 ҳазор нафар ба ҳисоб гирифта шудааст, ки аз он шумораи кормандони маошгиранда 185,4 ҳазор нафар мебошад. Шумораи кормандони маошгиранда нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 6,23 ҳазор нафар афзудааст. Фарқият байни кормандони рӯйхатӣ ва маошгиранда асосан аз ҳисоби кормандони хоҷагиҳои деҳқонӣ ба миён омадааст, ки шумораи онҳо дар ин давра 187,1 ҳазор нафар буда, ба онҳо музди маош ҳисоб карда намешавад.
Вазъи соҳаҳои илм ва маориф
Соҳаи маориф яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб рафта, ин соҳа ҳамчун захираи стратегии инкишофи зеҳнӣ ва омили муҳимтарини таҳкими давлатдорӣ таҳти таваҷҷуҳи доимии давлату Ҳукумат қарор дорад.
Дар давраи ҳисоботӣ мувофиқи маълумоти оморӣ дар вилоят 284 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, аз ҷумла 215 муассисаи таҳсилоти томактабии тобеи шуъбаи маорифи шаҳру ноҳияҳо, 12 муассисаи таҳсилоти томактабии тобеи ташкилоту корхонаҳо ва 57 муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ фаъолият намуда, 47074 кӯдакро ба тарбия фаро гирифтаанд. Марказҳои инкишофи кӯдакони синни томактабӣ дар назди 682 муассисаи таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят иборат аз 1132 гурӯҳ фаъолият дошта, дар онҳо 23240 кӯдак таълиму тарбия мегирад. Фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ якҷоя бо Маркази инкишофи кӯдакони синни томактабӣ 29,2 фоиз аст.
Соли таҳсили 2024-2025 дар вилоят 959 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 4 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 42 муассисаи таҳсилоти асосӣ, 839 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 34 гимназия, 28 литсей, 1 мактаби Президентӣ, 3 мактаб-кӯдакистон, 1 интернати санаторӣ, 4 мактаб-интернати махсус барои кӯдакони нуқсондор, 3 интернат барои кӯдакони ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат бо фарогирии 578310 нафар, аз ҷумла, 283763 нафар духтарон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Нисбат ба соли таҳсили 2023-2024 шумораи муассисаҳои таълимӣ 7 адад ва шумораи хонандагон 7714 нафар зиёд шудааст.
Дар моҳҳои январ-ноябри соли 2024 дар вилоят 73 иншоот бо 10745 ҷойи нишаст дар як баст, аз ҷумла дар назди 65 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ 331 синфхонаи иловагӣ бо 9365 ҷойи нишаст, 7 толори варзишӣ, 13 майдончаи варзишӣ ва 8 бинои муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо 1380 ҷойи нишаст ба истифода дода шуданд.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон ва Бобоҷон Ғафуров санаҳои 14-15 ноябри соли 2023 баён намуданд, бобати муайян намудани муассисаҳои таълимии садамавӣ, таъмирталаб ва дар се баст фаъолиятдошта аз ҳисоби кормандони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, ҳолати муассисаҳои таълимӣ аз назар гузаронида шуд. Муайян карда шуд, ки дар вилоят 59 муассисаи таҳсилоти умумӣ дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, 55 муассиса таъмирталаб мебошад, ки корҳои бунёду таъмир дар ин самт идома дорад. Бо таваҷҷуҳ ба иқдоми дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати эълон намудани солҳои 2020-2040-ум “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ҷиҳати таъмини муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиатшиносӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва забонҳои хориҷӣ тадбирҳои саривақтӣ андешида шуданд. Шумораи омӯзгорони вилоят 37610 нафар, аз ҷумла занон 26632 нафар буда, аз онҳо 32156 нафар бо таҳсилоти олӣ, 1560 нафар бо таҳсилоти олии нопурра ва 3894 нафар бо таҳсилоти миёнаи махсус фаъолият мебаранд. Шумораи омӯзгорони дорои маълумоти олӣ дар оғози соли нави хониш ба 85,4 фоизи шумораи умумии омӯзгорон баробар шудааст.
Дар соли хониши 2024-2025 ҳамагӣ 915 нафар хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ки аз ҳисоби буҷет таҳсил намудаанд, бо роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят сафарбар шуда, 655 нафар ба ҷойи кор ҳозир шуданд. Аз ин шумора, 174 нафар мутахассиси ҷавон муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбиро бо равияи омӯзгорӣ тибқи квотаи Президентӣ хатм намуда, 113 нафар ба ҷойи кор ҳозир шуданд. Дар доираи иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми апрели соли 2021, № 114 «Дар бораи Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025» дар соли 2024 таъмин намудани муассисаҳои таълимии вилоят бо 634 кабинети фаннӣ, аз ҷумла кабинети фанни физика 53, химия 73, биология 77, география 126, математика 126, технологияи информатсионӣ 61, суруд ва мусиқӣ 118 адад пешбинӣ шуда, бо беҳтар гардидани таъминоти техникии муассисаҳои таълимӣ барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим заминаи мусоид фароҳам оварда мешавад.
Дар амал дар моҳҳои январ-ноябри соли ҷорӣ 667 кабинети фаннӣ, аз ҷумла аз фанҳои физика 71 кабинет, химия 80, биология 84, география 141, математика 146, технологияҳои информатсионӣ 56, суруд ва мусиқӣ 89 кабинети фаннӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Бо мақсади татбиқи босифату ҳамаҷонибаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2020, № 47 оид ба тадбирҳои амалигардонии «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» нақшаи чорабиниҳо таҳия гардида, рафти амалишавии он дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят таҳти назорати доимӣ қарор дорад.
Дар соли таҳсили 2024-2025 дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят 4246 нафар омӯзгори фанни забони давлатӣ, аз ҷумла 3244 нафар зан фаъолият доранд. Дар давраи ҳисоботӣ баҳри иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми августи соли 2019, № 438 “Дар бораи Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷиҳати тақвияту густариши омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус забонҳои русӣ ва англисӣ чораҳои дахлдор андешида шуданд. Дар соли таҳсили 2024-2025 дар 959 муассисаи таълимии вилоят 3273 омӯзгори фанни забони русӣ ва 2747 нафар омӯзгори фанни забони англисӣ фаъолият доранд.
Баҳри беҳтар намудани фаъолияти марказҳои рушди истеъдодҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, ташкили майдончаҳои солимгардонӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ ва таҳкими заминаи моддию техникии истироҳатгоҳҳои мактаббачагон фаъолияти онҳо таҳти таваҷҷуҳи пайвастаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қарор дода шудааст.
Бо ин мақсад дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021, № 113 “Дар бораи Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025” қарори Раиси вилоят аз 12 майи соли 2021, №226 “Дар бораи тасдиқ намудани нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят оид ба татбиқи Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025” ба тасвиб расонида шуд. Дар ин замина, дар назди Раёсати маорифи вилоят Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо бо 11 воҳиди корӣ таъсис дода шуда, дар он маҳфилҳои фанҳои математика, физика, химия ва биология амал намуда истодааст. Ҳамчунин, дар назди Раёсат ва шуъбаи маорифи шаҳру ноҳияҳо бо 82 воҳиди корӣ маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо таъсис ёфтанд. Дар соли таҳсили 2023-2024 аз ҳисоби хонандагони синфҳои 5-11-и муассисаҳои таълимӣ 190994 нафар хонандаи болаёқат ба даври якуми олимпиадаҳои фаннӣ ҷалб гардида, дар даври дуюм (шаҳрию ноҳиявӣ) 38188 нафар иштирок намуданд. Дар соли таҳсили 2023-2024 дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ барои хонандагони синфи 11, олимпиадаи фаннӣ (синфҳои 9-10), олимпиадаҳои фаннӣ барои наврасон (синфҳои 7-8 ва 5-6), дар маҷмӯъ, 987 нафар ғолибони даври вилоятӣ иштирок варзида, сазовори 439 ҷойи ифтихорӣ гардиданд. Аз ҷумла, хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд 90 ҷойи ифтихорӣ, Исфара 72, Бобоҷон Ғафуров 66, Спитамен 55, Конибодом 28, Ашт 22, Истаравшан 18, Панҷакент 18 ва Ҷаббор Расулов 17 ҷойи ифтихориро соҳиб гардиданд.
Раванди ба қайдгирӣ ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ собит намуд, ки аз ҳисоби хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар соли хониши 2023-2024 тариқи Маркази миллии тестӣ 17620 нафар, тибқи квотаи Президентӣ 279 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дохил шуда, 2073 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва 301 нафар ба мактаб-ҳои олии хориҷи дур шомил гардиданд, ки 67,8 фоизи шумораи умумии хатмкунандагон аст. Бо рӯҳбаландӣ аз иқдомҳои маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, намояндагони ҳамаи қишрҳои ҷомеа, аз ҷумла омӯзгорону муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёна, олӣ ва миёнаи касбӣ, инчунин намояндагони касбу кори гуногун дар озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Илм – фурӯғи маърифат” иштирок намуданд.
Дар даври вилоятии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 1330 довталаб ширкат варзида, 126 нафар, аз ҷумла аз рӯи номинатсияҳои адабиёти кӯдакона 18 нафар, адабиёти классикӣ 24 нафар, адабиёти муосир 24 нафар, адабиёти ҷаҳон 24 нафар, инчунин аз рӯи номинатсияҳои эҷоди назм 18 нафар ва эҷоди наср 18 нафар ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифтанд. Дар даври ҷумҳуриявии озмун 29 нафар иштирокчӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ шуданд. Аз ҷумла, сазовори ҷойи якум 5 нафар, ҷойи дуюм 11 нафар ва ҷойи сеюм 13 нафар дониста шуданд. Илова бар ин, тибқи дастури Пешвои муаззами миллат ба 30 нафар иштирокчии фаъол, ки сазовори ҷойи чорум гардиданд, Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷоизапулӣ тақдим карда шуд.
Дар даври вилоятии озмуни “Илм - фурӯғи маърифат” 1052 довталаб аз рӯи 7 номинатсия иштирок намуда, 126 нафар ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифтанд. Дар даври ниҳоии озмун 24 нафар иштирокчӣ аз вилоят ғолиб дониста шуданд. Аз ҷумла, 3 нафар сазовори ҷойи аввал, 9 нафар сазовори ҷойи дуюм ва 12 нафар сазовори ҷойи сеюм гардида, бо туҳфаҳои пулӣ қадрдонӣ шуданд. Илова бар ин, 28 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардида, бо ифтихорнома ва туҳфаҳо сарфароз гардиданд.
Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми феврали соли 2024, №99, қарори Раиси вилоят аз 1-уми апрели соли 2024, №67 “Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2024” ба тасвиб расида, ҷиҳати ҷалби хонандагон, бахусус кӯдакони ятиму бепарастор, фарзандон аз оилаҳои камбизоат ва хонандагони фаъол ба истироҳату фароғат тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд.
Соли ҷорӣ дар вилоят фаъолияти 10 истироҳатгоҳи беруназшаҳрӣ, 695 истироҳатгоҳи рӯзонаи наздимактабӣ, 161 истироҳатгоҳи меҳнатӣ-истироҳатӣ ва 111 истироҳатгоҳи варзишӣ-беҳдоштӣ ба роҳмонда шуда, тибқи нақша 88743 нафар хонанда ба истироҳату фароғат фаро гирифта шуданд. Аз ҷумла, 70871 нафар хонандагон ба истироҳатгоҳҳои рӯзонаи наздимактабӣ ҷалб шуданд. Дар ин давра 618 нафар кӯдаки ятиму бепарастор, 4277 нафар фарзанд аз оилаҳои камбизоат ва 2357 нафар хонандаи болаёқату фаъол истироҳату фароғат намуданд.
Вазъи соҳаи тандурустӣ
Ба ҳифзи саломатии аҳолӣ пайваста таваҷҷуҳ зоҳир шуда, баҳри амалӣ намудани «Консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикис-тон», «Ҳадафҳои рушди ҳазорсола дар бахши тандурустӣ» корҳои назаррас ба иҷро расиданд.
Дар вилоят 939 муассисаи нигаҳдории тандурустии давлатӣ, аз ҷумла 136 муассисаи сохтори госпиталӣ ва 803 муассисаи сохтори КАТС фаъолият доранд. Илова бар ин, 288 муассисаи тиббии хусусӣ, аз ҷумла 145 ҶДММ, 59 намояндагӣ ва 84 соҳибкори инфиродӣ бо фаъолияти тиббӣ машғул ҳастанд. Миқдори катҳо дар муассисаҳои сохтори госпиталӣ 15589 адад, аз ҷумла дар муассисаҳои тиббии давлатӣ 13978 адад ва дар муассисаҳои тиббии хусусӣ 1611 ададро ташкил медиҳад.
Ба аҳолии вилоят 5098 табиб ва 17588 корманди миёнаи тиб хизмат расонида истодаанд. Сатҳи таъминнокӣ ба 10 ҳазор нафар аҳолӣ бо табибон 17,4 ва бо кормандони миёнаи тиб 60,2 ба ҳисоб гирифта шудааст.
Дар соли 2024 сохтмон ва таъмиру азнавсозии 132 иншооти соҳа, аз ҷумла бунёди 27 иншоот ва таъмиру азнавсозии 105 иншоот ба нақша гирифта шуда, дар ин давра сохтмони бинои иловагии Маркази саломатии шаҳри Истаравшан, Маркази хусусии урологӣ-андрологии “Микролаб” ва Маркази тиббии “Клиника 1+1” дар шаҳри Хуҷанд, сохтмони 4 бунгоҳи тиббӣ дар ноҳияи Ашт, 2 маркази саломатии деҳот дар шаҳри Истаравшан, 1 маркази саломатии деҳот ва 1 бунгоҳи тиббӣ дар ноҳияи Зафаробод, 1 маркази саломатии деҳот дар ноҳияи Шаҳристон, маркази саломатии шаҳраки Сирдарё дар шаҳри Гулистон, Маркази тиббии Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилоят дар шаҳри Хуҷанд, азнавсозии беморхонаи минтақавии “Чорбоғ” дар шаҳри Панҷакент ва маркази саломатӣ дар шаҳри Конибодом ба итмом расонида шудааст.
Инчунин, таъмири 77 иншооти соҳа, аз ҷумла 4 маркази саломатии шаҳрӣ, 6 маркази саломатии ноҳиявӣ, 14 маркази саломатии деҳот, 23 бунгоҳи саломатӣ, 27 беморхона ва шуъбаҳои онҳо, 3 муассисаи махсусгардонидашуда дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Гулистон, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Панҷакент, Ашт, Деваштич, Зафаробод ва Кӯҳистони Мастчоҳ ба анҷом расидааст. Бо мақсади беҳтар намудани таъминнокии муассисаҳои тиббӣ бо лавозимоту таҷҳизоти тиббӣ азҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 2623 таҷҳизот ба маблағи 37,7 миллион сомонӣ харидорӣ ва ба муассисаҳои тиббӣ дастрас гардидааст. Аз ҷумла, аз ҳисоби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 11,7 миллион сомонӣ таҷҳизоту лавозимоти тиббӣ харидорӣ шудааст. Ба масъалаи пешгирии афзоиши бемориҳои сирояткунанда таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир мегардад.
Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти соҳаҳои ҳифзи иҷтимоӣ дастгирии табақаҳои камбизоат ва маъюбону ятимон мебошад.
Дар вилоят 22 муассисаи иҷтимоӣ фаъолият мебарад, ки шумораи бошандагони он ба санаи 1-уми декабри соли 2024 ҳамагӣ 1778 нафар мебошанд. Шумораи умумии маъюбон санаи 1-уми декабри соли ҷорӣ 49797 нафар, аз ҷумла кӯдакони маъюби то синни 18-сола 8500 нафар ва маъюбони гурӯҳҳои 1, 2, 3 дар якҷоягӣ 41297 нафар мебошад.
Шумораи нафақагирон 259516 нафар ба қайд гирифта шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 14231 нафар афзудааст. Дар асоси Қонуни Ҷум-ҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба 108042 нафар, аз ҷумла нафақаи меҳнатӣ ба 95740 нафар ва нафақаи иҷтимоӣ ба 12302 нафар, инчунин дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ” ба 151474 нафар, аз ҷумла нафақаи суғуртавӣ ба 101502 нафар ва нафақаи давлатӣ ба 49972 нафар таъйин карда шудааст. Андозаи нафақаи миёна ба 444,51 сомонӣ баробар шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 96,48 сомонӣ ё 27,7 фоиз зиёд мебошад. Дар вилоят 55068 оилаи камбизоат ба қайд гирифта шудаанд. Баҳри тақвияти кӯмакрасонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат ҳамасола тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми августи соли 2024, №488 “Дар бораи тартиби таъин намудани кӯмакпулии унвониии иҷтимоӣ, муайян намудани андозаи он ва шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ пардохт шуда истодааст. Ба ҳолати 1-уми декабри соли 2024 ба 55068 оила ва шаҳрвандони камбизоат ба маблағи 53084106 сомонӣ кӯмакпулӣ пардохта шудааст.
Бо назардошти хизматҳои бузурги иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, маъюбони амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар, маъюбони барқароркунии сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои оилаҳои ҷанговарони шаҳиди ин ҷангҳо, шахсоне, ки дар давраи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар ақибгоҳ меҳнат кардаанд, инчунин маъюбони бартарафкунии садамаи Неругоҳи барқи атомии Чернобил кӯмакпулии ҳармоҳа пардохт мешавад.
Дар 11 моҳи соли 2024-ум тибқи қарори Раиси вилоят аз 2-юми январи соли 2024, № 1 пардохти кӯмакпулӣ пешбинӣ гардида, то ин давра 1747750 сомонӣ кӯмакпулӣ пардохта шуд. Ба истиқболи ҷашнҳои миллӣ дар ҳамаи мактаб-парваришгоҳҳои ҳудуди вилоят, хонаи пиронсолон дастурхони идона ороста, туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва сарпарастон тақдим гардиданд.
Ба муносибати ҷашнҳои Наврӯзи байналмилалӣ, Иди Рамазон, 78-солагии Рӯзи Ғалаба, Иди Қурбон, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба собиқадорони ҷангу меҳнат, бошандагон ва тарбиятгирандагони муассисаҳои иҷтимоии вилоят, сарбозони қисмҳои ҳарбӣ, оилаҳои камбизоат, ятимон ва дигар шахсони ниёзманд ба маблағи зиёда аз 35 миллион сомонӣ кӯмакҳои моддию молиявӣ расонида шуд.
Вазъи соҳаи фарҳанг
Дар замони муосир таблиғи арзишҳои миллию фарҳангӣ, бедор намудани худшиносиву худогоҳии миллӣ рисолати ҳар фарди ватандӯст маҳсуб меёбад.
Дар вилоят 362 китобхона, 133 муассисаи клубӣ, 72 хонаи фарҳанг, 6 клуби сайёр, 23 қаср ва кох, 2 осорхонаи ҷумҳуриявӣ, 1 осорхонаи таърихии вилоятӣ, 15 осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ ва 8 хона-осорхона, 3 маҷмааи фарҳангӣ, 1 маркази фарҳангӣ-фароғатӣ, 1 арт-галерея, 1 амфитеатр, 23 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, 5 театри халқӣ, 7 театри касбӣ, 2 филармонияи халқӣ, 65 ансамбл, 30 мактаби бачагонаи санъат, мусиқӣ ва рассомӣ, 4 студияи сабти овоз, 3 радио ва 1 телевизиони маҳаллӣ фаъолият доранд. Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 1190 ёдгории таърихию фарҳангӣ мавҷуд буда, 13 тои онҳо аҳамияти умумибашарӣ, 91 адад аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва 1086 адад аҳамияти маҳаллӣ доранд. Ин ёдгориҳо муаррификунандаи фарҳанги оламшумули миллати тоҷик арзёбӣ гардида, барои ҷалби сайёҳон аз хориҷи дуру наздик мусоидат менамоянд.
Дар муассисаҳои фарҳангии вилоят бахшида ба ҷашнҳои Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ, Рӯзи Модар, Рӯзи матбуоти тоҷик, Наврӯзи байналмилалӣ, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаи чорабиниҳо, вохӯриву суҳбатҳо, баромади дастаҳои ҳаваскорони санъати бадеӣ, намоиши театрикунонида, суҳбат дар атрофи мизи мудаввар, конфронсу семинарҳо, намоиши китобию матбуотӣ, асарҳои рассомон, барномаҳои консертӣ гузаронида шуданд. Бахшида ба Рӯзи Модар дар МД “Қасри Арбоб” бо иштироки роҳбарияти вилоят ва фаъолзанони шаҳру ноҳияҳо бо ҷалби ҳунармандону санъаткорон ва гурӯҳҳои рақсӣ чорабиниҳои фарҳангӣ барпо гардида, ба ин муносибат дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо низ чорабиниҳои тантанавӣ гузаронида шуданд.
Таҷлили ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис-тон дар варзишгоҳи 20-солагии Истиқлолияти шаҳри Хуҷанд, бо иштироки меҳмонони олиқадр, дар сатҳи баланд баргузор гардида, аз ҷониби Пешвои муаззами миллат баҳои баланд дода шуд. Санаи таърихии 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар МД “Қасри Арбоб” бо иштироки фаъолони вилоят ботантана таҷлил карда шуд.
Дар вилоят тибқи нақшаи чорабиниҳои барномаҳои соҳавӣ муассисаҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳо марҳила ба марҳила таъмиру тармим гардида, бо таҷҳизоти техникӣ, сарулибоси саҳнавӣ, асбобҳои мусиқӣ, мизу курсӣ муҷаҳҳаз шуда истодаанд. Инчунин, ҷиҳати ҳифз ва барқароркунии ёдгориҳои таърихӣ бо дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва соҳибкорон корбарӣ ба роҳ монда шудааст.
Вазъи соҳаи кор бо занон ва оила
Дар ин давра ҷиҳати баланд бардоштани мақом ва нақши зан дар ҷомеа, татбиқи барномаҳои давлатӣ чораҳои зарурӣ андешида шуданд. Бо мақсади бештар ҷалб намудани занон ба ҳаёти ҷамъиятӣ, ба омӯзиши касбу ҳунар ва бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон корҳои муайян ба иҷро расиданд.
Имрӯз занон дар ҳамаи соҳаҳо фаъол буда, дар таҳкими раванди рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят саҳмгузоранд. Аз шумораи 1,46 миллион нафар занону духтарони вилоят 22889 нафарашон занони роҳбарикунанда ва 1267 нафарашон хизматчии давлатӣ мебошанд. Алҳол аз ҳисоби занони вилоят 3 нафар узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис-тон, 5 нафар вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 22 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, 186 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо ва 650 нафар вакилони халқи ҷамоат интихоб гардидаанд. Дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят 21 доктори илм ва 390 номзади илм аз ҳисоби занон фаъолият доранд. Дар муассисаҳои соҳаи маорифи вилоят 49226 нафар занон фаъолият дошта, аз онҳо 3204 нафар кадрҳои роҳбарикунанда мебошанд. Дар соҳаи тандурустӣ 25128 нафар зан фаъолият дошта, аз онҳо 431 нафар роҳбар мебошанд. Дар вилоят 581 нафар гирандагони стипендияи Президентӣ ва 71 нафар гирандагони стипендияи Раиси вилоят аз ҳисоби занону духтарони болаёқату фаъол ҳастанд.
Боиси хушнудист, ки ҷавондухтарони деҳоти дурдаст, бахусус аз оилаҳои камбизоат таҳти ғамхориву сарпарастии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дода шуда, ҳамасола барои таҳсили онҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ квота ҷудо карда мешавад. Айни ҳол аз шумораи умумии 37759 нафар донишҷӯдухтар 417 нафар тибқи квота таҳсилро идома дода истодаанд. Ҳамзамон, ҷиҳати ҷалби занону духтарон ба ҳунаромӯзӣ ва ба ин васила, паст кардани сатҳи муҳоҷирати занон барои дастгирии занону духтарони ҳунарманд гранти Раиси вилоят пешбинӣ гардида, дар соли ҷорӣ ба 60 нафар занону духтарони ҳунарманд ба маблағи 420,0 ҳазор сомонӣ маблағи грантӣ дастрас шуд. Илова бар ин, 24 нафар бонуи ҳунарманди вилоят бо гранти Президентӣ сарфароз гардиданд.
Вазъи соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш
Дар доираи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, “Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026”, “Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2026” ва ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат ба рушди соҳаи ҷавонон таваҷҷуҳи пайваста зоҳир мегардад.
Мувофиқи маълумоти оморӣ дар вилоят 2926 иншооти варзишӣ, новобаста аз шакли моликияташон ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин 49 варзишгоҳ, 2025 майдончаи варзишӣ, 644 толори варзишӣ, 40 ҳавзи шиноварӣ ва 8 маҷмааи варзишӣ, 161 иншооти махсуси варзишӣ аз қабили тир, боулинг, фитнес ва клубҳоиихтиёрӣ фаъолият доранд.
Ҳамзамон, дар 11 моҳи соли 2024 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар маҷмуъ, 58 иншооти варзишӣ, аз ин 14 толори варзишӣ, 2 ҳавзи шиноварӣ, 1 корти теннис ва 40 майдончаи варзишӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ба маблағи 1550 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби соҳибкорон ба маблағи 20954 ҳазор сомонӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Илова бар ин, бо мақсади ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш дар вилоят фаъолияти 43 мактаби варзишӣ, аз ҷумла 1 мактаби маҳорати олии варзишии вилоят, 1 мактаби варзишии вилоят, 10 мактаби махсуси варзишӣ, 1 мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпӣ, 29 мактаби варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва 1 мактаби варзишӣ дар тобеияти кумитаҳои иттифоқҳои касабаи мустақил ва ташкилоти ҷамъиятии “Ҳосилот” ба роҳ монда шудааст. Дар мактабҳои варзишӣ 1106 гурӯҳ бо фарогирии 15110 машқварзони наврасу ҷавон аз намудҳои олимпӣ ва 260 гурӯҳ аз намуди миллӣ бо фарогирии 4779 машқварзони наврасу ҷавон амал намуда, дар маҷмӯъ, 19899 нафар наврасу ҷавон, аз ҷумла 2486 нафар бону ҳамарӯза бо машқу тамрин фарогиранд. Аз ҳисоби ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳо, дастаи мунтахаби вилоят дар ҳайати 4273 варзишгар, аз ҷумла 1004 нафар бону, дар 109 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ва чемпионатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва ба гирифтани 525 медали тилло, 556 медали нуқра ва 687 медали биринҷӣ мушарраф гардиданд. Ҳамзамон, варзишгарони вилоят дар ҳайати 921 нафар, аз ҷумла 187 бону дар ҳайати дастаи мунтахаб дар 57 мусобиқоти байналмилалӣ сафарбар гардида, ба хазинаи варзишии вилоят 429 медал, аз ҷумла 178 медали тилло, 117 нуқра ва 134 медали биринҷӣ оварданд.
Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, тарбияи ахлоқӣ ва маънавии ҷавонон, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш ва ҷалби наврасону ҷавонон, алалхусус сарбозону аскарон ба варзиш чорабиниҳои мақсадноки тарғиботиву ташвиқотӣ, ба монанди мулоқоту вохӯрӣ, фестивал, озмун, мусобиқаҳои ҳарбӣ – варзишӣ ташкил ва баргузор шуданд. Маврид ба зикр аст, ки тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстӣ яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон дар соли 2024 қарор гирифта, давоми 11 моҳи соли 2024, дар маҷмуъ, 710 чорабинӣ ба монанди мулоқоту вохӯриҳо, фестивалҳо, озмунҳо, мусобиқаҳои ҳарбӣ – варзишӣ доир гардидааст, ки дар онҳо 59870 нафар ҷавони синни то даъватӣ ва афсарону сарбозон иштирок доштанд. Аз ҷумла, дар ин давра 41 мусобиқаи ҳарбӣ-варзишӣ таҳти унвони “Сипар”, “Ҳомии Ватан”, “Ватанпарвар”, “Сарбози оянда” бо ҷалби 7860 нафар ҷавони синни тодаъватӣ баргузор карда шуд. Дар самти ташаккули тафаккури миллӣ бо роҳи тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва дар онҳо бедор намудани ҳисси оштинопазир ба терроризму экстремизм, коррупсия, нашъаҷаллобӣ ва дигар намудҳои ҷинояткорӣ наврасону ҷавонон беш аз 980 аксияву ҳамоиш, семинар-машваратҳо, вохӯрию мулоқотҳо, конф-ронсу суҳбати атрофи мизҳои мудаввар, аксияҳои тарғиботӣ бо фарогирии 78452 нафар наврасону ҷавонон доир гардид.
Дар самти таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои ҷавонон 1070 чорабинӣ бо фарогирии 53981 нафар наврасону ҷавонон баргузор карда шуд. Дар ҳамин радиф аз ҷониби ҷавонон ва масъулини соҳа мақола ва вокунишҳо интишор шуда, тавассути сомонаҳо васеъ паҳн карда шуданд.
Дар маҷмӯъ, дар 1 1 моҳи соли 2024 дар самти кор бо ҷавонон 7763 чорабинӣ бо фарогирии 518899 нафар ҷавон баргузор шудааст. Дар самти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш 10251 чорабинии гуногуни варзишӣ бо иштироки 559354 нафар сокинон, бахусус наврасону ҷавонон, аз ҷумла 174468 нафар бонувон гузаронида шуданд.
Танзими ҷашну маросим
Роҷеъ ба татбиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ" корҳои амалию ташкилӣ, тарғиботию ташвиқотӣ ва назоратию санҷишӣ ба иҷро расиданд.
Дар 11 моҳи соли 2024 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 20198 маъракаю маросим, аз ҷумла 16328 тӯйи домодию арӯсӣ, 2528 маъракаи “чил” ва 1568 маъракаи “сол” баргузор гардидааст. Баҳри пешгирии ҳолатҳои қонуншиканӣ аз ҷониби комиссияҳои муштарак давоми 11 моҳи соли ҷорӣ рейдҳо гузаронида шуда, 410 ҳолати вайрон намудани қонунгузории танзим ошкор шуда, нисбати шахсони қонунро вайроннамуда ҷазои маъмурӣ татбиқ карда шуд. Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 134 комиссияи доимӣ ва 1579 комиссияи ҷамъиятӣ оид ба танзими ҷашну маросим фаъолият доранд. Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби ин комиссияҳо бо шаҳрвандон ва ҷомеаҳои меҳнатии ташкилоту идораҳо 2932 мулоқот ва вохӯрию суҳбат, инчунин 323 семинару машварат ва сӯҳбати атрофи мизи мудаввар баргузор шудааст. Ҳамзамон, ташвиқу тарғиби риояиқонуни танзим тавассути радиою телевизион 112 маротиба ва бо дарҷи мақолаҳо дар рӯзномаҳои маҳаллию ҷумҳуриявӣ 104 маротиба сурат гирифтааст. Дар ин давра 569 маротиба санҷиши фаъолияти комиссияҳо гузаронида шуд, ки барои беҳтару шаффоф намудани фаъолияти онҳо ва пешгирии қонуншиканиҳо мусоидат намудааст. Айни ҳол, дар қаламрави вилоят дар асоси талаботи қонунгузории соҳа 926 иттиҳодияи динӣ фаъолият дорад. Аз ҷумла, теъдоди масҷидҳои ҷомеи марказӣ 13 адад, масҷиди ҷомеъ 91, панҷвақта 805 ва иттиҳодияҳои динии ғайриисломӣ 17 адад мебошад.
Муроҷиати шахсони воқеию ҳуқуқӣ
Дар давраи ҳисоботӣ ба масъалаи қабули шаҳрвандон ва баррасии дархосту муроҷиати онҳо таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардида, давоми 11 моҳи соли ҷорӣ ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 2419 муроҷиат ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 574 адад кам мебошад. Аз теъдоди умумии муроҷиатҳо 373 адад шифоҳӣ, 2019 адад хаттӣ, 27 адад аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ворид шудааст.
Аз муроҷиатҳои воридгардида 613 адад ба масъалаҳои гирифтани қитъаи замин, баҳси замин, ҷудо намудани саҳм ва таъмин бо сертификати ҳуқуқи истифодабарӣ вобаста буда, муроҷиатҳои марбут ба гирифтани кӯмаки моддию молиявӣ 200 адад, сохтмон 53, вобаста ба манзили зист, таъмири манзил ва таъмин шудан бо масолеҳи сохтмонӣ 510, муаммои соҳаи маориф 105, нафақа 21, масъалаҳои тандурустӣ ва кӯмаки тиббию таъминоти доруворӣ 80, ҳимояи ҳуқуқ 172, таъминот бо оби нӯшокию полезӣ 44, таъмир ва кофтани чоҳи амудӣ 4 ва бо дигар масъалаҳо 617 адад ба қайд гирифта шудаанд.Ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳоиАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Раиси вилоят ҳар ҳафта рӯзи шанбе қабули шаҳрвандон гузаронида шуда, масъалаҳои шаҳрвандон ҳал карда мешаванд.
Дастурҳои мақомоти болоӣ
Дар давраи ҳисоботӣ ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 12 фармон ва 10 амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 90 қарор ва 3 фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 27 қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 42 қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардида, таҳти корбарӣ ва назорати махсус қарор дода шуданд ва мувофиқи муҳлатҳои муқарраршуда оид ба рафти иҷрои ин санадҳо ахбор пешниҳод мешавад.
Дар моҳҳои январ-ноябри соли 2024 ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 1447 супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардид. Дар натиҷаи ташкили назорати иҷро ва корбарӣ бо супоришҳои мазкур ба унвони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи муҳлати муқарраршуда маълумот ирсол мегардад.
Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо мақсади таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми июли соли 2022, №305 “Дар бораи ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қарори Раиси вилоят аз 14-уми декабри соли 2022, № 458 “Дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тасвиб расида, корбарӣ ба роҳ монда шудааст. Тибқи нақшаи пешбинигардида дар вилоят то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12000 иншооти таъиноти истеҳсолию иҷтимоӣ бунёд ва таъмиру азнавсозӣ хоҳанд шуд.
Дар моҳҳои январ-ноябри соли 2024 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 3547 иншоот ва аз оғози маъракаи омодагӣ ба ҷашн 8399 иншооти таъиноти истеҳсолию иҷтимоӣ бунёд ва мавриди таҷдиду тармим қарор гирифта, нақшаи пешбинишуда 70 фоиз иҷро шудааст. Мардуми сарбаланду меҳнатқарини вилоят бо ифтихори бузурги ватандорӣ, бо муҳаббат ва садоқату боварӣ сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Роҳбари давлатро пуштибонӣ намуда, бо меҳнати софдилона ва азму иродаи қавӣ дар таҳкими соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, боз ҳам ободу сарсабз гардидани диёри азизамон, пешгирии ҳама гуна зуҳуроту падидаҳои номатлуб, тарбияи ҷавонон ва насли наврас дар рӯҳияи ифтихор аз Ватани соҳибистиқлол ва худшиносии миллӣ саъю талоши комил менамоянд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят минбаъд низ ҷиҳати таҳким ва вусъати дастоварду комёбиҳо дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят тамоми тадбирҳоро меандешад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд