Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин доир гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ҷараёни суҳбат сарони ду давлат ҷараёни рушди ташвишовари вазъият дар Афғонистон ва дар ин зимн вазъи марзи Тоҷикистону Афғонистонро мавриди баррасӣ карор доданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эммануэл Макрон барқияи табрикӣ ирсол намуданд

25 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Жан-Мишел Фредерик Макрон барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Бо камоли фараҳмандӣ Шуморо ба муносибати муҷаддадан интихоб гардиданатон ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Фаронса табрику муборакбод мегӯям.

Мубодилаи барқияҳои табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух

Имрӯз миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.

Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух омадааст:

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин баргузор гардид.

Дар оғоз сарони ду кишвар ба муносибати 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Русия ҳамдигарро табрик гуфтанд.

Мубодилаи барқияҳои табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин

Имрӯз миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.

Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин омадааст:

«Муҳтарам Владимир Владимирович,

Лутфан, табрикоти гарм ва таманниёти неки маро ба муносибати 30-солагии барқарор намудани робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия бипазиред.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд дар тантанаҳои идона бахшида ба ҷашни Сада иштирок карданд

10 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои идона бахшида ба ҷашни Сада дар  шаҳри Хуҷанд иштирок карда, аз намоиш ва фурӯши ниҳоли дарахтони мевадиҳанда, сояафкан, гулу буттаҳо ва тухмиҳои босифат боздид ба амал оварданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ҷашнгоҳ сокинони вилоят бо самимияти хоса истиқбол гирифтанд. Гӯшаи аслии намоишгоҳро ба муносибати ҷашни Сада дар шаҳри Хуҷанд ташкили намоиши калони маҳсулоти ҳунармандии хос ба кишту кор ва деҳқониву чорводорӣ, монанди маҳсулоти оҳангарӣ, маҳсулоти деҳқонӣ, бахусус тухмии зироатҳо, меваҳову полезиҳо ва хушкмеваҳои хоси Тоҷикистон ташкил дод.

Дар намоишгоҳ ҳамчунин асал ва маҳсулоти аз асал омодашуда, маҳсулоти нониву қаннодӣ, таомҳои хос ба халқи тоҷик ҷойгир карда шуд. Дар як қисмати ҷашнгоҳ намоиши бошукӯҳи либосу газворҳо ва матоъҳои миллии тоҷикон, аз қабили алоча, бекасаб, атлас, адрас, чит, сатин ва навъҳои дигари ҳунармандӣ, аз қабили зардӯзӣ, гулдӯзӣ, қолинбофӣ, заргарӣ, бурёбофӣ, сабадбофӣ, армуғонсозӣ ва дигар намуди ҳунарҳо ташкил карда шуд. Умуман саҳнаи чорабинии идона ба муносибати ҷашни Сада мувофиқи суннатҳои аҷдодӣ оро дода шуда, дар ду гӯшаи он ба таври сунъӣ оташи баланд, ки хос ба ин ҷашни бостонист, афрӯхта шуд. Ҳамаи инро сокинони 18 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд ҳамчун рамзи иттиҳоду сарҷамъии миллат ташкил намуданд.

Дар тантанаҳои идона ба муносибати таҷлили ҷашни Сада ҷомеаҳои меҳнатии вилояти Суғд иштирок карда, дастовардҳои меҳнатӣ ва маҳсули дастранҷи худро ба намоиш гузоштанд. Иштироки васеи сокинон дар ҷашни Сада гувоҳӣ аз арҷгузории мардум нисбат ба ин иди бостонӣ мебошад. Ин ид, ки дар аҳди қадим, махсусан замони Сомониён бо шукӯҳу шаҳомати хос истиқбол гирифта мешуд, дар даврони соҳибистиқлолӣ рукну оинҳои он аз нав эҳё гардид ва халқи тоҷик онро бо ифтихору сарфарозӣ таҷлил менамоянд.

Ба таъкиди муаррихон, Сада мисли Наврӯзу Меҳргон аз ҷашнҳои миллии ориёитаборон ба шумор рафта, онро ҳар сол мардуми тоҷик дар баҳманмоҳи 11-уми солшумории шамсӣ, ки ба 21 январ-20 феврал рост меояд, ҷашн мегиранд. Сада - ин пирӯзии рӯшанӣ бар зулмот, гармӣ бар сардӣ, некӣ бар бадӣ буда, панҷоҳ шабонарӯзро то фарорасии Наврӯз дар бар мегирад. Сада аз наздик омадани фасли баҳор ва фарорасии Наврӯз мужда мерасонад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи шоиста баргузор сохтани ҷашнҳои миллиро, ки тайи солҳои охир дар мамлакат ба ҳукми анъана даромадааст, нишонаи иттиҳоду сарҷамъӣ ва ҷонибдории сокинони шарафманд аз сиёсати пешгирифтани роҳбарияти давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ арзёбӣ намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои тамошои намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ба натиҷаҳои фаъолияти аҳли заҳмати вилоят ва дастовардҳои бузурги меҳнатии хоҷагидорону кишоварзони соҳибтаҷрибаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баҳои баланд дода, рушди соҳаи кишоварзиро омили муҳими таъминкунандаи амнияти озуқаворӣ арзёбӣ карданд.

Барои хотирмон таҷлил кардани ҷашни Сада ҳунармандони хушсалиқаи вилоят намоиши театрикунонидашударо, таҳти унвони «Кашфи оташ» пешниҳод карданд. Саҳнаҳои ҷолибу диданӣ аз рӯзгори ниёгони мо бо мақсади таҷлили ин ҷашни нуру гармӣ дар сатҳи баланд таҳия ва пешниҳод шуд, ки далели воқеии иди қадима ва таърихӣ будани Садаро бозгӯ мекард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташкилкунандагони ин ҷашни бостонӣ ва сокинони вилоят, ки дар тарғиби анъана ва русуми миллӣ ба ифтихори таҷлили Сада саҳмгузорӣ карданд, арзи сипосу миннатдорӣ баён намуданд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ба 150 ятими кулл туҳфаҳо ва ба шаш оилаи эҳтиёҷманд калиди хонаҳои истиқоматӣ тақдим намуданд

10 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ду бинои истиқоматии 9-ошёнаро бо ҷойгиршавии маркази савдо ва тарабхона ба истифода дода, ба 150 ятими кулл туҳфа ва ба шаш оилаи эҳтиёҷманд калиди хонаҳои истиқоматиро дар вазъияти тантанавӣ тақдим намуданд.

Оилаҳое, ки соҳиби манзили замонавии истиқоматӣ гардиданд, асосан дар соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар бахшҳои иқтисоди миллӣ фаъолияти босамар дошта, барои рушди ҷомеа саҳми назаррас доранд. Ин оилаҳо қаблан иҷоранишин буданд ва акнун бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳиби манзили истиқоматии шахсӣ гардиданд. Онҳо барои таваҷҷуҳ ва дастгирии бесобиқа ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.

Сарвари давлат ҳангоми супоридани калиди хонаҳои истиқоматӣ ба оилаҳои эҳтиёҷманд иброз намуданд, ки дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии ятимону бепарасторон, маъюбон ва оилаҳои ниёзманд мавқеи меҳварӣ дошта, ин қишри ҷомеа таҳти таваҷҷуҳи пайваста қарор доранд.

Мавриди зикр аст, ки биноҳои 9-ошёнаи истиқоматӣ дар маҳаллаи 13-уми шаҳри Хуҷанд аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сармоя сохтмон” дар асоси талаботи шаҳрсозӣ бо тарҳи меъмории миллӣ зебою замонавӣ сохта шудаааст. Дар рафти сохтмон беш аз 50 мутахассиси маҳаллӣ ба кор ҷалб гардида, бо истифода аз масолеҳи баландсифати сохтмонии истеҳсолоти ватанӣ корҳои бунёдиро ба иҷро расонидаанд.

Бинои нави истиқоматӣ бо дарназардошти ҷойгиршавии маркази савдою тарабхона дар ошёнаи якум бунёд гардида, дар умум дорои 90 хонаи 1, 2 ва 3-ҳуҷрагӣ мебошад. Аз қомат афрохтани боз як бинои хуштарҳи истиқоматӣ шароити беҳтари зиндагӣ барои сокинон фароҳам оварда шуда, ба ин гӯшаи шаҳри Хуҷанд зебоии дигар зам гардид.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо ятимони кулл ба онҳо туҳфаҳои арзишманд тақдим намуда, барои ин наврасону ҷавонон, ки бо амри тақдир аз навозиши волидайн бенасиб мондаанд, дастархони идона ороста шуд.

Ятимон бо шодию нишот аз дасти Сарвари раъиятпарвару инсондӯсти мамлакат либоси мактабӣ, пойафзол, шириниҳо, кумаки молӣ ва дигар туҳфаҳои арзишманд гирифтанд.