Владимир Путин Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро бо ордени «Барои хизмат дар назди Ватан» қадрдонӣ кард

Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо ордени «Барои хизмат дар назди Ватан» дараҷаи III мукофотонид. Фармони дахлдори Президенти Федератсияи Россия рӯзи сешанбеи 4 октябр дар портали расмии иттилооти ҳуқуқӣ нашр шуд, хабар медиҳад ТАСС.

«Барои саҳми бузурги шахсӣ дар таҳкими муносибатҳои шарикӣ ва иттифоқии стратегӣ байни Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин таъмини суботу амнияти минтақавӣ Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ордени «Барои хизмат дар назди Ватан» дараҷаи III мукофотонида шавад», — гуфта шудааст дар матни фармон.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев доир гардид.

Дар ҷараёни суҳбат сарони ду давлат натиҷаҳои нишасти сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро дар Самарқанд баррасӣ намуданд. Дар ин замина Пешвои миллат ба ҷанбаҳои ташкилӣ ва мундариҷавии ин рӯйдоди муҳими минтақавӣ баҳои баланд доданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин доир гардид.

Дар ҷараёни суҳбат сарони ду давлат дар идомаи муколамаи мунтазами худ ҷанбаҳои алоҳидаи мубрами муносибатҳои дуҷонибаи шарикии стратегиро мавриди муҳокима қарор доданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Подшоҳи Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Карли III барқияи табрикӣ ирсол намуданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Подшоҳи Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ муҳтарам Карли III барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Аълоҳазрат,

Бо камоли сарфарозӣ ба Шумо табрикоти самимона ва таманниёти неки ин ҷонибро ба муносибати ба даст гирифтани зимоми умури Подшоҳи Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ иброз менамоям.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид муҳтарам Антониу Гутерриш доир гардид.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо атрофи ҳолати кунунӣ ва ояндаи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид мубодилаи афкор анҷом доданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин доир гардид.

Дар ҷараёни суҳбати дӯстона сарони ду давлат дар идомаи муколамаи мунтазами худ ҷанбаҳои алоҳидаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории байнидавлатии Тоҷикистон ва Русия, ҳамчунин дурнамои рушди минбаъдаи онҳоро дар чорчӯби шарикии стратегӣ баррасӣ намуданд.

Мубодилаи барқияҳои табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам Нгуен Суан Фук

Имрӯз миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам муҳтарам Нгуен Суан Фук ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.

Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам муҳтарам Нгуен Суан Фук омадааст: