Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Алихан Смаилов мулоқот намуданд

4 май дар шаҳри Остона Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ бо Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Алихан Смаилов мулоқот намуданд.

Дар рафти мулоқот маҷмуи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон баррасӣ гардид.

Дар оғози вохӯрӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки «Мо шарикии стратегиро бо Қазоқистони бародар баланд арзёбӣ мекунем».

Таъкид гардид, ки барои инкишофи муносибатҳои ду давлат имрӯз ҳамаи шароити мусоид мавҷуд аст ва баҳри густариши онҳо таҷрибаи бойи ҳамкории созанда дар ҳамаи соҳаҳои асосӣ андухта ва роҳандозӣ шудааст.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Ерлан Кошанов мулоқот намуданд

4 май дар шаҳри Остона Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ бо Раиси Маҷлиси Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Ерлан Кошанов мулоқот намуданд.

Дар рафти мулоқот маҷмуи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон, аз ҷумла заминаи ҳуқуқии байни давлатҳо ва робитаҳои байнипарлумонии ду давлат баррасӣ гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки Қазоқистон шарики боэътимоди стратегии Тоҷикистон аст ва дар сиёсати хориҷии давлати мо мақоми хосса дорад.

Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни Тоҷикистон ва Қазоқистон

Баррасии масоили муҳими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Қазоқистон дар чорчӯби шарикии стратегӣ дар мулоқоти хоссаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев оғоз гардида, дар музокироти ҳайатҳои васеи ҳар ду ҷониб идома ёфт.

Дар оғози мулоқот Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев меҳмони олимақом — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба кишварашон хайрамақдам гуфтанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари давлатӣ аз пазироии самимии роҳбарият ва мардуми Қазоқистон ба Қосим-Жомарт Токаев изҳори сипос намуда, бо итминон иброз доштанд, ки ин сафар ва натиҷаҳои он баҳри таъмиқу тавсеаи равобити дуҷонибаи барои мардумони ду давлат судманд заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.

Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Оқ-Орда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон

4 май дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон маросими истиқболи расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Оқ-Орда» баргузор гардид.

Ба хотири истиқболи меҳмони олимақом — Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон макони истиқболи расмӣ бо парчамҳои давлатии ду кишвар идона оро ёфта, горд ва оркестри фахрӣ саф кашида буд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев самимона пешвоз гирифтанд.

Пеш аз оғози маросими расмии истиқболи меҳмони олимақом — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев нахуст бо ҳайатҳои расмии ҳар ду кишвар шинос шуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди Муҷассамаи ҳимоятгари Ватан дар Ҷумҳурии Қазоқистон гулчанбар гузоштанд

4 май дар доираи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтиром ба таъриху фарҳанг, маданият ва фарзандони баруманди халқи қазоқ дар назди Муҷассамаи ҳимоятгари Ватан гулчанбар гузоштанд.

Бо гузоштани гулчанбар ва гиромидошти қаҳрамонони халқи Ҷумҳурии Қазоқистон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон руҳи шаҳидони роҳи озодиро шод намуданд.

Дар маросими гулчанбаргузорӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон ҳамроҳӣ карданд.

Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рӯйи мулоқоту музокирот бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев

Ташаккур, муҳтарам Қосим-Жомарт Кемелевич.

Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,

Хонумҳо ва ҷанобон,

Нахуст, мехостам ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Кемелевич Токаев барои даъваташон ҷиҳати анҷом додани сафари давлатӣ ба Қазоқистони дӯст сидқан изҳори сипос намоям.

Ҳамчунин, ба Шумо муҳтарам Қосим-Жомарт Кемелевич барои сарфароз гардонидани ман бо ордени «Алтин Қирон» миннатдории амиқи худро иброз медорам.

Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Қазоқистон ва нишасти матбуотии Сарони давлатҳо

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон дар ҳузур ва бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.

Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Қосим-Жомарт Токаев ба Эъломия дар бораи ҳамкории ҳампаймонӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон имзо гузоштанд.

Дар ҳузури сарони давлатҳо 8 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:

— Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон;