9 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди боздид аз корхонаи сангу шағали ширкати “Вибилд” ба майдони назоратии иншооти обқабулкунакҳои доимии Неругоҳи барқи обии “Роғун”, ки дар сатҳи 1300 метр аз сатҳи баҳр бунёд мешавад, ташриф оварданд.
Дар ин мавзеъ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раванди корҳои сохтмонию васлгарӣ ва бетонхобонию насби лангарҳо дар шахтаҳои амудии дарвозаҳои обқабулкунакҳои доимии агрегатҳои №1,2,3,4,5 ва 6-и Неругоҳи барқи обии “Роғун” шинос шуданд.
Бояд гуфт, ки пас аз анҷоми корҳои сохтмонӣ тариқи ҳамин иншоот агрегатҳои неругоҳ бо об таъмин гардида, барқ истеҳсол менамоянд. Обқабулкунакҳои доимӣ аз нигоҳи муҳандисӣ аз қисматҳои мураккаби сохтмони неругоҳ ба шумор мераванд. Қутри обқабулкунакҳо 13,4 метрро ташкил медиҳад.



9 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи барқи обии “Роғун” бо корхонаи сангу шағалбарории ширкати “Вибилд” шинос шуданд.
9 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи барқи обии “Роғун” бо ҷараёни корҳои васлу насби марҳилаи 3-юми хати конвеерӣ дар дохили нақби КТ-9 шинос шуданд.
9 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар қисмати ядрои сарбанди асосии Неругоҳи барқи обии “Роғун” шинос шуданд.
Дар идомаи боздид аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти азими аср — Неругоҳи барқи обии “Роғун” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нақби сементатсионӣ ва заҳкашии G1L бо раванди корҳои бунёдӣ шинос шуданд.
9 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» ошхонаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷикгидроэлектромантаж»-ро ба истифода супориданд.
Дар идомаи боздид аз Неругоҳи барқи обии “Роғун” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳо дар кони №17 шинос шуданд.
