Дар идомаи сафар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба майдончаи назоратии болои “Бинои технологӣ”-и Неругоҳи барқи обии “Роғун” ташриф оварда, бо ҷараёни корҳо дар қисми поёнии сарбанд шинос гардиданд.
Ҳоло барои бунёди қисмҳои болоӣ ва поёнии сарбанд мошину механизмҳои муосиру замонавӣ, аз қабили техника ва мошинҳои калонҳаҷми борбардор барои кашонидани сангу шағал, дастгоҳҳои муқтадир барои тозакунии паҳлуҳои кӯҳҳо ҷалб гардида, корҳо мувофиқи нақшаи тасдиқгардида идома доранд.
Аз ҷумла, то ба имрӯз хобонидани маводи сангу шағал дар қисми болоии сарбанд то сатҳи 1140 метр иҷро гардида, дар ҳаҷми 13 миллион метри мукааб мавод хобонида шудааст.