15 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Дарвозро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншоот дар масоҳати 310 метри мураббаъ бунëд шуда, аз 2 ошëна иборат мебошад. Корҳои сохтмониро сокинони маҳаллӣ дар асоси талабот ва бо сифати баланд анҷом додаанд. Намои берунаи бино бо нақшу нигори миллӣ оро ëфта, ба талаботи меъмории замони муосир ҷавобгӯ мебошад.
Иншооти наву замонавии муҷаҳҳаз бо лавозимоту таҷҳизоти зарурӣ ба кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Дарвоз имкон медиҳад, ки баҳри татбиқи сиëсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалинамоии нақшаву барномаҳои ободонию бунёдкорӣ ва тарғибу ташвиқи ғояҳои миллӣ фаъолияти назаррас намоянд.