Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Роштқалъа

16 август дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ошноӣ бо вазъи зиндагии мардум, ҷараёни иҷрои барномаҳои давлатӣ, корҳои ободониву созандагӣ, ифтитоҳи якчанд иншооти нав ва суҳбату мулоқот бо сокинон ба ноҳияи Роштқалъа ташриф оварданд.

Дар ноҳияи Роштқалъа нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зеристгоҳи барқии Неругоҳи барқи обии “Себзор”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар зеристгоҳи барқии неругоҳи “Себзор” аз тарафи пудратчии лоиҳа- Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мадад” моҳи феврали соли 2022 оғоз гардида, то имрӯз корҳо пурра ба анҷом расонида шуданд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Ванҷ мулоқот намуданд

16 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Ванҷ бо роҳбарону фаъолони ноҳия мулоқоти самимӣ доир намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба сокинони меҳмоннавози ноҳияи Ванҷ барои пазироии самимӣ ва ба соҳибкорону шахсони саховатпеша ҷиҳати идомаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ арзи сипос намуданд.

Таъкид гардид, ки дар ноҳия барои истиқболи арзандаи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд ва таъмиру таҷдиди 117 иншоот ба маблағи 191 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, аз ин ҳисоб то имрӯз 41 иншоот ба истифода супорида шудааст.

Cуханронии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Ванҷ

Ҳамватанони азиз!

Имрӯзҳо мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони заҳматдӯсти ноҳияи Ванҷ дар давраи омодагӣ ба таҷлили ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ – 32-солагии истиқлоли давлатӣ қарор доранд.

Бо истифода аз фурсат, мардуми шарафманди ноҳия ва ҳамаи шумо – ҳозирини гиромиро ба ифтихори ин ҷашни таърихиву тақдирсози халқи тоҷик самимона табрик мегӯям.

Чун анъана мо дар ҷараёни сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои кишвар иншооти навбунёди таъиноти иҷтимоиву иқтисодиро мавриди истифода қарор медиҳем, ки онҳо, бешубҳа, шароити зиндагии мардумро беҳтар ва симои шаҳру деҳоти кишвари азизамонро боз ҳам зеботар мегардонанд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Ванҷ дидан намуданд

16 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз намоиши дастовардҳои кишоварзони ноҳия дидан намуда, бо деҳқонону кишоварзон суҳбати самимӣ анҷом доданд.

Дар намоиши маҳсулоти кишоварзӣ мева, хушкмева, сабзавот, ғалладонагиҳо, асал ва номгӯи дигари дастранҷи деҳқонони ноҳия ба маъраз гузошта шуд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки феълан дар ноҳияи Ванҷ 14 ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолият дорад, ки дар он 120 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ бо 3217 саҳмдор дар 1458 гектар замини обӣ кишти маҳсулоти гуногуни кишоварзиро ба роҳ мондаанд.  Дар маҷмуъ заминҳои корами ноҳияи Ванҷ бештар аз 2 ҳазору 600 гектарро ташкил медиҳанд. Аз ҷумла, бештар аз 1000 гектари онро боғу себзор дар бар мегирад.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи маорифи ноҳияи Ванҷро мавриди истифода қарор доданд

16 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бинои шуъбаи маорифи ноҳияро мавриди истифода қарор доданд.

Бинои нави шуъбаи маориф сеошёна буда, бо мақсади таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати мамлакат бунёд гардид.

Корҳои сохтмонӣ соли 2020 оғоз гардида, бино дар муҳлати муайянгардида бо тарҳи муосир ва унсурҳои миллии шаҳрсозӣ сохта шудааст. Зимни корҳои сохтмонӣ 50 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷ бинои Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасонро ифтитоҳ намуданд

16 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бинои Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасонро ифтитоҳ намуданд.

Бинои Марказ дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст.

Иншоот аз 2 ошёна иборат буда, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалисозии Лоиҳаи таҳкими устувории иҷтимоию иқтисодӣ аз ҷониби Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон дар масоҳати 816 метри мураббаъ сохта шудааст.

Корҳои сохтмониро кормандону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Истиқлол” дар муҳлати муайянгардида ва бо сифати баланд анҷом додаанд.

Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷ, ифтитоҳи кӯдакистон ва муаррифии бинои Маркази хизматрасонии нав

16 август дар рӯзи дуюми сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маркази ноҳияи Ванҷ ташриф оварданд.

Дар ноҳияи Ванҷ нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои навбунёди хуштарҳу замонавии Кӯдакистони рақами 1-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои муосири муассисаи томактабӣ аз 3 ошёна иборат буда, барои 200 кӯдак пешбинӣ гардидааст.

Дар муассисаи томактабӣ кӯдакон дар 8 гурӯҳ ба таълим фаро гирифта мешаванд.