16 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бинои истиқоматии 5-ошёнаро, ки барои хизматчиёни давлатӣ бунёд ёфтааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо имконияти маишии он шинос шуданд.
Бинои мазкур дорои хонаҳои истиқоматии 1 ва 2-ҳуҷрагӣ буда, дар маҷмуъ аз 25 ҳуҷра иборат мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон калиди хонаҳои навро ба соҳибонашон супорида, онҳоро ба ин муносибат таҳният гуфтанд.
Масоҳати умумии замини иншоот 8 садяк заминро дар бар гирифта, корҳои сохтмонӣ дар он соли 2019 оғоз ёфта буданд. Бо дарназардошти баландошёна будани бино дар он лифти замонавӣ насб шудааст.