25 август дар шаҳри Остона мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардиданд.
Баррасии масоили муносибати дӯстӣ ва шарикии ду мамлакат дар вохӯрии хосаи сарони давлатҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев оғоз гардида, дар сиғаи васеъ, бо иштироки ҳайатҳои ду давлат идома ёфт.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба ҷониби Қазоқистон барои истиқболи самимӣ, таваҷҷуҳ ва дастгирӣ ҷиҳати баргузор кардани Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қазоқистон ва Намоишгоҳ-ярмаркаи маҳсулоти кишоварзию саноатии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Остона, Алмаато ва Шимкент, изҳори сипос намуданд.



25 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади анҷоми сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон ба шаҳри Остона — пойтахти ин кишвар ворид шуданд.
25 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷом додани сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон сафар намуданд.
18 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони мардуми шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқоти самимӣ доир намуданд.
Ҳамватанони азиз!
17 август дар шаҳри Хоруғ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 100 нафар кӯдакону наврасони ятиму дорои имконияти маҳдуди ҷисмонӣ аз шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот ва ба онҳо туҳфаҳо тақдим намуданд.
17 август дар доираи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ Корхонаи истеҳсоли конструксияҳои металлиро ифтитоҳ намуданд.
