26 август дар шаҳри Остона Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев аз Намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва хӯрокҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон ва Намоишгоҳ-ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақшаву мувофиқаҳои Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Қосим-Жомарт Токаев баргузор мегиранд.
Мавриди ба таъкид, ки Намоишгоҳ-ярмаркаи молу маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон дар шаҳрҳои калони ин кишвар — Остона, Алмаато ва Шимкент аз 26 то 28 август баргузор мегардад.