Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Оқ-Орда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон

4 май дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон маросими истиқболи расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Оқ-Орда» баргузор гардид.

Ба хотири истиқболи меҳмони олимақом — Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон макони истиқболи расмӣ бо парчамҳои давлатии ду кишвар идона оро ёфта, горд ва оркестри фахрӣ саф кашида буд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев самимона пешвоз гирифтанд.

Пеш аз оғози маросими расмии истиқболи меҳмони олимақом — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев нахуст бо ҳайатҳои расмии ҳар ду кишвар шинос шуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди Муҷассамаи ҳимоятгари Ватан дар Ҷумҳурии Қазоқистон гулчанбар гузоштанд

4 май дар доираи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтиром ба таъриху фарҳанг, маданият ва фарзандони баруманди халқи қазоқ дар назди Муҷассамаи ҳимоятгари Ватан гулчанбар гузоштанд.

Бо гузоштани гулчанбар ва гиромидошти қаҳрамонони халқи Ҷумҳурии Қазоқистон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон руҳи шаҳидони роҳи озодиро шод намуданд.

Дар маросими гулчанбаргузорӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон ҳамроҳӣ карданд.

Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рӯйи мулоқоту музокирот бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев

Ташаккур, муҳтарам Қосим-Жомарт Кемелевич.

Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,

Хонумҳо ва ҷанобон,

Нахуст, мехостам ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Кемелевич Токаев барои даъваташон ҷиҳати анҷом додани сафари давлатӣ ба Қазоқистони дӯст сидқан изҳори сипос намоям.

Ҳамчунин, ба Шумо муҳтарам Қосим-Жомарт Кемелевич барои сарфароз гардонидани ман бо ордени «Алтин Қирон» миннатдории амиқи худро иброз медорам.

Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Қазоқистон ва нишасти матбуотии Сарони давлатҳо

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон дар ҳузур ва бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.

Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Қосим-Жомарт Токаев ба Эъломия дар бораи ҳамкории ҳампаймонӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон имзо гузоштанд.

Дар ҳузури сарони давлатҳо 8 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:

— Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон;

Маросими супоридани мукофоти давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон — ордени «Алтин Қирон» ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Имрӯз дар шаҳри Остона дар қароргоҳи Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Акорда маросими бо ордени Ҷумҳурии Қазоқистон «Алтин Қирон» сарфароз гардонидани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо сафари давлатӣ дар пойтахти ин кишвари дӯст қарор доранд, баргузор гардид.

Дар оғози маросим фармони Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон дар хусуси мукофотонидани Сарвари давлати мо бо ин нишони олии Қазоқистон ироа гардид.

Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев зимни супоридани мукофот саҳм ва хизматҳои шоёни Пешвои миллатро дар таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Қазоқистон, ки имрӯзҳо дар чорчӯби шарикии стратегӣ муваффақона рушд меёбанд, таъкид карданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим — Жомарт Токаев мулоқот намуданд

Худи ҳамин рӯз дар шаҳри Остона мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев баргузор гардид.

Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба кишварашон самимона хайрамақдам гуфтанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвари давлати мизбон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари давлатӣ ва пазироии самимӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Оғози сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон

Нимаи дуюми рӯзи 3 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд.

Ба хотири истиқболи меҳмони олимақом Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатӣ, аксҳои сарони давлатҳои Тоҷикистону Қазоқистон ва шиорҳои тараннумкунандаи дӯстию бародарии халқҳои ду давлат идона ороста шуда буд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи байналмилалии Нурсултон Назарбоев бо нишони эҳтироми баланд Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.