19 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими гузоштани санги асос барои бунёди Қасри фарҳанг дар маркази ноҳияи Фархор иштирок намуданд.
Тавре гуфта шуд, бинои Қасри фарҳанг 3-ошёна буда, барои 700 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст.
Фармоишгари иншооти мазкур Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумуҳурии Тоҷикистон буда, ба маблағи 35 миллион сомонӣ дар доираи тадбирҳои ободониву созандагӣ дар масоҳати 0,65 гектар бунёд мегардад.
Корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмони он аз ҷониби мутахассисони ҶСК «САНИИОСП» анҷом дода мешаванд.



Субҳи 19 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи иншооти таъйиноти гуногун ва шиносоӣ бо вазъи зиндагии сокинон ба ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ташриф оварданд.
19 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳ, генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар ноҳияи Фархор Дидбонгоҳи сарҳадии “Кокул”-ро ба истифода доданд.
18 октябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири дифоъ ва пуштибонии Неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ризо Оштиёниро ба ҳузур пазируфтанд.



