17 март дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Федератсия Русия дар толори Қасри Кремл маросими маҷозии оғози сохтмони ду иншооти муҳими иҷтимоӣ ва гуманитарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар маросими оғози бунёди Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский ва Маркази байналмилалии таълимӣ барои омӯзиши кӯдакони болаёқат дар шаҳри Душанбе аз маҳалли сохтмони иншоот Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ оид ба омодагӣ ба баргузории маросим гузориш доданд.
Бо розигии сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин барои бунёди Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский ва Маркази байналмилалии таълимӣ барои омӯзиши кӯдакони болаёқат дар шаҳри Душанбе санги асос аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва дигар шахсони масъули ду ҷониб гузошта шуд.



Баррасии масоили ҳамкории Тоҷикистону Русия дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин оғоз гардида, дар вохӯрии васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар идома ёфт.
17 март сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия бо гузоштани гулчанбар бар пояи оромгоҳи Сарбози номаълум оғоз гардид.
Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
16 март сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия бо ворид шуданашон ба шаҳри Москва оғоз ёфт.
16-17 марти соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия сафари расмӣ анҷом медиҳанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Бегоҳии рӯзи 13 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари давлатии худро ба Ҷумҳурии Қирғизистон ба анҷом расонданд.
