Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз лаҳзаҳои аввалини пас аз рух додани заминҷунбии рӯзи 13 апрел комиссияи ҳукуматӣ таҳти роҳбарии Муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ба ноҳияҳои водии Рашт сафарбар гардид.
Комиссияи ҳукуматии иборат аз намояндагони роҳбарии вазорату идораҳои вобаста ба ҳолатҳои фавқулода, захираҳои давлатӣ, сохтмон, геология, заминсозию геодезия ва мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба омӯзиши ҳамаҷонибаи оқибатҳои заминҷунбӣ ва муайян намудани ҳаҷм ва намудҳои кумаки фаврӣ ба мардуми зарадида машғуланд.
Тибқи супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаҷм ва роҳу воситаҳои расондани кумак ба мардум ва бартараф намудани пасомадҳои ин офати табиӣ бояд ҳарчи зудтар муайян карда шуда, ба корҳо барои бартараф намудани мушкилиҳои пешомада суръат бахшида шавад.



13 апрел дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори идорӣ оид ба фаъолияти амалиётии Бонки Ҷаҳонӣ хонум Анна Бйерде ва Ноиби Президенти ҳамин бонк хонум Антонелла Бассаниро ба ҳузур пазируфтанд.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
11 апрел иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид, ки дар кори он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар иртибот ба фарорасии Ҷашни байналмилалии Наврӯз аз номи як қатор сарони давлатҳо ва роҳбарони Ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии Ҷашни байналмилалии Наврӯз паём ва барқияҳои шодбошӣ ворид мегарданд. Дар онҳо, аз ҷумла омадааст:
Дар асоси принсипҳои башардӯстӣ, ғамхорӣ ба оила ва кӯдакону наврасон бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бахшиши ҷазои шахсоне, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд», дар арафаи Иди байналмилалии Наврӯз ҷазои 897 нафар маҳкумшудагон бахшида шуда, онҳо аз адои минбаъдаи ҷазо озод карда мешаванд.
