Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 22 апрели соли 2025 №233
ш. Душанбе

Дар бораи муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Вализода И.С.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Вализода Илҳомиддин Сироҷиддин муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд

22 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ таъиншавандаро барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вализода Илҳомиддин Муовини вазири корҳои дохилӣ таъин карда шуд.

Мутобиқи моддаи 9-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи милитсия” дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои роҳбарӣ дар як қатор раёсатҳои дастгоҳи марказии  Вазорати корҳои дохилӣ, раёсату шуъбаҳои он дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои гуногун кадрҳои соҳибтаҷриба ва ҷавону варзида таъин карда шуданд. Сардорони шӯъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳрҳои Турсунзода, Ҳисор, Ваҳдат, Панҷакент, Гулистон, Конибодом, Левакант, ноҳияҳои Муминобод, Данғара, Хуросон, Шаҳритус, Ёвон, Балҷувон, Спитамен, Мастчоҳ, Айнӣ, Ванҷ, Фирдавсӣ ва Шоҳмансур аз ҳисоби мутахассисони варзида таъин гардиданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Декани Коллегияи кардиналҳои Тахти Муқаддас Кардинал Ҷованни Баттиста Ре барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

21 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Декани Коллегияи кардиналҳои Тахти Муқаддас муҳтарам Кардинал Ҷованни Баттиста Ре барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он гуфта мешавад:

«Ҷаноби Воломақом,

Хабари даргузашти Олиҳазрат Попи Рим Франсиск боиси андӯҳи амиқи инҷониб гардид.

Марҳум бо фаъолияти доманадори худ  ба ҳайси Понтифики бузург дар умури ҷаҳонӣ саҳми босазо гузошта, бо ибтикороту амалҳои созандааш дар саросари олам маъруфият пайдо карда буд. Мо хизматҳои шоёни ӯро дар таҳкими муколама миёни тамаддунҳо ва татбиқи фарогири усулҳои сулҳу субот, таҳаммулпазирӣ ва ризояти умум аз ҳар ҷиҳат назаррас медонем ва қадр мекунем.

Маҷлиси ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд

17 апрел таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷлиси ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар маҷлис, ки бо иштироки аъзои Ҳукумат, роҳбарони мақомоти дахлдор ва раисони ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод ҷараён гирифт, масъалаи дақиқ муайян намудани оқибатҳои заминҷунбӣ дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод ва бартарафсозии онҳо баррасӣ гардид.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки ҳадаф аз баргузор кардани маҷлиси ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҳарчи зудтар бартараф намудани оқибатҳои заминҷунбӣ, дастгирӣ ва расонидани кумаки ҳаматарафа ба аҳолии осебдида мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Малайзия Анвар Иброҳим барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

15 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Малайзия муҳтарам Анвар Иброҳим барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он гуфта мешавад:

«Ҷаноби Олӣ,

Хабари даргузашти собиқ Сарвазири Малайзия ҷаноби Абдулло Аҳмад Бадавӣ боиси ғояти андӯҳи мо гардид.

Марҳум бо фаъолияти доманадори худ ҳамчун ходими  сиёсиву давлатӣ дар дохили кишвар ва берун аз он маъруфият пайдо карда, соҳиби обрӯву иззат ва эътибори шоиста гардида буд.

Мо саҳми ҷаноби Абдулло Аҳмад Бадавиро дар таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Малайзия қадр мекунем ва ба шахсияти ӯ эҳтиром мегузорем.

Ба зарардидагони заминҷунбӣ дар ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод кумакҳои Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фиристода шуд

15 апрел дар асоси дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зарардидагони заминларзаи ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод кумакҳои иборат аз хӯрокворӣ, ашёи хоҷагидорӣ ва масолеҳи сохтмонӣ фиристода шуд.

Хотиррасон менамоем, ки 13 апрели соли 2025, соати 09:24 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба амал омад. Қувваи ларзиши замин дар марказаш, ки дар масофаи 160 км самти шимолу шарқ аз шаҳри Душанбе ва 21 км самти шарқ аз маркази ноҳияи Рашт қарор дошт, 5-6 балл ва дар шаҳри Душанбе 3 баллро ташкил дод.

Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди рух додани заминларза 13 апрел комиссияи ҳукуматӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ба ноҳияҳои водии Рашт сафарбар гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба як қатор қонунҳо имзо гузоштанд

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қонунҳое, ки Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва ҷонибдорӣ намудаанд, имзо гузоштанд.

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» ва «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои дахолат кардан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ ё бе пайваст шудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ истифода бурдани қувваи барқ ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар шудааст. Барои содир намудани ин ҷиноят ба маблағи калон ё махсусан калон, бо истифода аз вазифаи хизматӣ, аз ҷониби гурӯҳи шахсон, гурӯҳи муташаккил ё ташкилоти ҷиноятӣ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз се то даҳ сол пешбинӣ шудааст.