Оғози гуфтушуниди гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон

Субҳи имрӯз дар гузаргоҳи сарҳадии "Гулистон" мулоқоти гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон оғоз ёфт.

Дар мулоқот фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, раисони шаҳру ноҳияи Исфара ва Бобоҷон Ғафуров Баҳоваддин Баҳодурзода ва Зафарбек Давлатзода, раиси вилояти Ботканд Абдикарим Алимбаев, роҳбарони навоҳии сарҳадии кишвари ҳамсоя ва сохторҳои низомии ду тараф иштирок доранд.

Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсоли орду равған

11 март Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти корхонаҳое, ки ба истеҳсоли орду равған машғул ҳастанд, шинос гардид.

Раиси вилоят аз ҷумла аз корхонаҳои калони "Фаровон", "Зерновая компания", "Зуҳал", ки дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми шоиста доранд, боздид намуд.

Боздиди Раиси вилоят аз бозорҳои "Гулистон" ва "Панҷшанбе"

11 март Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз бозорҳои "Гулистон" ва "Панҷшанбе" боздид карда, бо нархи маҳсулоти ниёзи аввал шинос гардид.

Дар бозори "Гулистон", ки маҳсулот ба таври яклухт фурӯхта мешавад, нархи орди 50 килогарммӣ 300-310 сомонӣ, шакар 10 сомонӣ, равғани растании 5 литра 110 сомонӣ арзиш дошта, маҳсулот фаровон аст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо унвони «Доктори фахрӣ»-и Донишгоҳи Қоҳира сарфароз гардиданд

10 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Арабии Миср ба Донишгоҳи Қоҳира ташриф оварда, дар назди устодону донишҷуён суханронӣ намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ректори донишгоҳ доктор Муҳаммад Усмон ал-Хошт ва дигар омӯзгорону кормандони донишгоҳ самимона истиқбол гирифтанд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Сенати Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулваҳҳоб Абдуррозиқ мулоқот карданд

10 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Арабии Миср бо Раиси Сенати ин кишвар Абдулваҳҳоб Абдуррозиқ мулоқот карданд.

Дар рафти вохӯрӣ масоили ҳамкории дуҷонибаи кишварҳо, бахусус дар доираи робитаҳои байнипарлумонӣ баррасӣ гардиданд.