Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Беморхонаи клиникии рақами 1 ва ба таври фосилавӣ ду маркази саломатиро дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ифтитоҳ намуданд

18 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бо бардоштани парда аз рўи лавҳаи рамзӣ бинои нави Беморхонаи клиникии рақами 1 ба номи “Султон Урунов”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Бинои беморхона аз 7 ошёна иборат буда, дар масоҳати 600 метри мураббаъ бо сифати баланд ва шароити муосири хизматрасонии тиббӣ бунёд гардидааст.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бинои беморхонаи нав дорои 7 шуъба ва 200 кати хоб мебошад.

Ба истифодадиҳии бинои нав шуъбаҳои беморхонаи клиникии рақами 1-шаҳри Хуҷанд ба 18 ва катҳои хоб ба 660 расид, ки имконияти фарогирии беморонро бо ташхису табобат васеъ гардонид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази клиникавии эндокринологии вилояти Суғдро ифтитоҳ намуданд

18 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази клиникавии эндокринологии вилояти Суғд ба номи Ҷаҳон Набиевро ифтитоҳ намуданд.

Иншооти нав аз 5 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он фаъолияти 5 шуъба ва дармонгоҳ ба роҳ монда шудааст. Баъди мавриди истифода қарор гирифтани бинои нав бори аввал дар Маркази клиникавии эндокринологии вилояти Суғд фаъолияти ҷарроҳихона, ҳуҷраи эҳё, наҷот ва беҳискунӣ ба роҳ монда шуд.

Ворид намудани зиёда аз 40 номгӯйи дастгоҳу таҷҳизоти нав барои ташхису табобат имкониятҳоро барои хизматрасонӣ ба нафарони гирифтори диабети қанд, бемориҳои ҷоғар, ғадуди зери меъда, бенаслӣ, норасоии ғизо, фарбеҳӣ, диабети ғайриқандӣ ва дигар намуди бемориҳо ба талабот мутобиқ гардонид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави Маркази саратоншиносии вилояти Суғдро мавриди истифода қарор доданд

18 ноябр сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бо ифтитоҳи бинои нави Маркази саратоншиносии вилояти Суғд, ки дар доираи омодагиҳо ба таҷлили ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо сатҳу сифати баланд бунёд шудааст, оғоз гардид.

Бинои нави Маркази саратоншиносӣ, ки аз 6 ошёна иборат аст, дар асоси дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои 200 кати табобатӣ сохта шуда, аз лиҳози тарҳ ва имконияти фароҳамгардида дар самти ташхису табобат, камназир аст.

Бунёди бинои нави Маркази саратоншиносии вилояти Суғд моҳи августи соли 2022 оғоз гардида, иҷрои корҳоро бештар аз 200 бинокор ба ӯҳда дошт.

Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд

18 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ифтитоҳи иншооти таъйиноти гуногун, шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва раванди корҳои ободониву созандагӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Сарвари давлатро раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва дигар шахсони расмӣ самимона истиқбол гирифтанд.

Маврид ба таъкид аст, ки бо ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ баъди бунёд, таъмир ва навсозӣ  бештар аз 12 ҳазор иншооти гуногун  ба истифода дода шуда, то моҳи сентябри соли 2026 боз 2 ҳазор иншооти дигар бунёд карда мешавад.

Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд

Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола санаи 16 ноябр ҷашн гирифта мешавад, дар Қасри таърихии Арбоб чорабинии тантанавӣ баргузор шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни суханронӣ сокинони вилояти Суғдро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, иброз дошт, ки ин сана рамзи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба заҳматҳо ва ҷоннисориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Маҳз дар ҳамин сана Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ноябри соли 1992) доир шуда, чун рӯйдоди тақдирсоз ва нуқтаи ибтидои эҳёи давлатдории навини тоҷикон дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Дар иҷлосияи таърихӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси роҳбари давлат интихоб шуда, бо шиори “Ман ба шумо сулҳ меоварам!” роҳи наҷоти миллат ва давлатро муайян намуданд.