26 апрел дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолони ноҳия баргузор гардид.
Раиси вилоят зимни таҳлили вазъи соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия таъкид кард, ки сокинони меҳнатдўсти ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ имрўзҳо чун кулли мардуми вилоят дар партави ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатӣ, Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳангоми сафарҳои кориашон ба вилоят иброз доштанд, меҳнат намуда, баҳри бо дастовардҳои шоиста истиқбол намудани ҷашни таърихии 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саъйу талоши комил доранд.