Бахшида ба ҷашни 25-солагии Ваҳдати миллӣ ва 30 — солагии Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди саноат эълон гардидани солҳои 2022-2026 дар шаҳри Хуҷанд як қатор корхонаҳои саноатӣ бунёд ва ба истифода дода мешаванд.
Имрўз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо рафти бунёди як зумра корхонаҳои нави истеҳсолӣ дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд шинос гардид. Нахуст роҳбари вилоят сохтмони корхонаи бузурги саноатии истеҳсоли халтаҳои ҳаҷман калонро, ки дар минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” ҷойгир аст, мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.